Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№108 (4370) 31.08.2021

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 сентябри соли 2021 соати 1000 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

2. Ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешниҳод карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 30 августи соли 2021, №245