31 августи соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн вохӯрд, ки зимни он перомуни ҳамкориҳои парлумонии байни кишварҳо мулоқот сурат гирифт.
- Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандро соҳиб аст, — гуфт Саидмурод Фаттоҳзода ва афзуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 100 тарҳи муштарак дар бахши иқтисод, бахусус дар заминаи энергетика ва коммуникатсия, дар ҳоли иҷро қарор дорад. То кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Хитой ва Тоҷикистон ба нафъи мардум фаъолият доранд.
Саидмурод Фаттоҳзода, ҳамчунин, алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой иброз дошта, таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Халқии Хитойро дорад. Бо боварӣ зикр гардид, ки вохӯрӣ барои таҳкими муносиботи дуҷонибаи парлумонӣ заминаи тоза фароҳам хоҳад овард.
Мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн низ аз сатҳи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз он имконот барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ