Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I

№110 (4372) 04.09.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

Ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993 — 1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 сентябри соли 2021, № 247 (175)