Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба 16000 нафар татбиқ мешавад

№111 (4373) 07.09.2021

СЕССИЯШашуми сентябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Иҷло­сияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Раис: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар иҷлосия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 134 — и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зарур аст, ки котиботи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем. Пешниҳод аст, ки он иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

Раиси котибот:

Вакил аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ, рақами 8 Юсуфӣ Муҳаммадраҳим;

Аъзои котибот:

Вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, рақами 26 Маҷидзода Сарвиноз Комил;

Вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, рақами 16 Қосимӣ Файзулло.

Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарор дар хусуси котиботи иҷлосия ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 134 — и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зарур аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб намоем. Пешниҳод аст, ки он иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Ба ҳайси раиси комиссия:

Номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Файзулло Машраб Қурбоналӣ;

Ба ҳайати аъзои комиссия:

Номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ашт, рақами 17 Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Икромов Фазлидин пешниҳод карда мешаванд.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи бандҳои 246 ва 247-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:

Ба ҳайси роҳбари гурӯҳ:

Номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, рақами 37 Ҳакимзода Шариф;

Ба ҳайати аъзои гурӯҳ:

Номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 Гиёзода Азиз Қодир ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, рақами 21 Шодизода Парвиз Шодибой пешниҳод карда мешаванд.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар бораи Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шуданд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Зимнан, лозим аст, ки тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат.

 

Фаттоҳзода Саидмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба тариқи зайл пешниҳод мегардад:

Мутобиқи банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Садои мардум» муфассал нашр карда шавад.

3. Маводи кори Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикис­тон «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», инчунин, дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИС: — Доир ба ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

Раис: — Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» пешниҳод мегардад.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф».

РАИС: — Акнун ба баррасии ­масъалаи рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид дода мешавад. Марҳамат.

ТАЛБАКЗОДА Дилшод Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдоми инсондӯстонаашон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 59-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ шудааст ва тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбати зиёда аз 16000 нафар гунаҳкор татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун аз 23 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 5-и он ба танзими ҳуқуқии масъалаҳо оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудаанд.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои мазкур тақрибан 10700 нафар, аз ҷумла 1150 нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, 3000 нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ва 1900 нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Инчунин, зиёда аз 4650 нафар маҳкумшудае, ки нисбаташон ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда татбиқ шудаанд (корҳои ислоҳӣ, шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм), низ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ғамхории хосса зоҳир менамоянд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бештар баҳраманд гардидани занон ва ноболиғон дар моддаҳои 1, 5 ва 8 лоиҳаи қонун нисбат ба ин ашхос бартариҳо дар назар дошта шудааст.

Бо дарназардошти меъёрҳои дар моддаи 1-и лоиҳаи қонун пешбинигардида мардони аз 55 — сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда мешаванд.

Шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноятсодирнамуда, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти дар қисмҳои 3, 4 ва 5-и моддаи 212 ва қисми 3-и моддаи 389 (вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 7 ва 8 қонун пешбинишударо содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Тибқи моддаи 4 лоиҳа маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Тартиби аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд дар моддаи 5-и лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаи 6-и лоиҳаи қонун тартиби аз рӯи категорияҳои ҷиноятҳо кам кардани муҳлати боқимондаи ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 9-и қонун муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин қонун пешбинишуда, ба муҳлатҳои яксолӣ, сесолӣ ва чорсолӣ кам кардан пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои зикрнамуда, муҳлати ҷазои адонагардидаи зиёда аз 5300 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.

Дар баробари ин, лоиҳаи қонун маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо асосан нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки бо баҳраманд гардидани чунин санадҳои башардӯстона боз ба содир кардани ҷинояти қасдона даст задаанд, дахл доранд. Аз ҷумла, моддаи 7- и лоиҳаи қонун маҳдудиятҳоро нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили одамкушӣ, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлат ва ба муқобили сулҳу амнияти инсонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра маҳкум шудаанд ё нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва маҳкумшудагоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷинояти қасдона содир кардаанд, қонун татбиқ карда намешавад.

Бо мақсади пешгирии шиканҷа, ки муборизаи беамон бурдан дар ин самт яке аз талаботи ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, нисбат ба шахсоне, ки ин ҷиноятҳоро содир намудаанд, маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 10-и лоиҳаи қонун бошад, нисбат ба шахсоне, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, қонун татбиқ намегардад.

Шахсони тибқи қонун авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод карда намешаванд. Татбиқи қонун доғи судиро намебардорад.

Лоиҳаи қонун ваколати мақомоти давлатиро оид ба тартиби татбиқи санади авф ва мухдати иҷро, ки ду моҳ пешбинӣ шудааст, муайян намудааст.

Ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани шахсони аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодшуда, таҳти назорат қарор додани ноболиғон ва ба таълим фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшуда мақомоти дахлдори давлатӣ дар лоиҳаи қонун ба таври мушаххас вазифадор карда шудааст.

Аз шумо — вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА Равшан:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

 Лоиҳаи қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:

- шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;

- шахсоне, ки нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;

- ҷазо нисбат ба онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;

- ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

- шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;

- ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд;

- барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил додан як қатор таклиф ва пешниҳод манзур намуданд.

 Баррасӣ ва омода намудани лоиҳаи қонуни мазкур ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди таклиф ва пешниҳоди вакилон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан меъёри муқаддима, моддаҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 14 ва 15 такмил, бандҳои моддаҳои 4, 7 ва 8 ба мазмун ва моҳияти қисми 1 моддаҳои зикршуда мувофиқ карда шуданд. Инчунин, ба лоиҳаи қонун моддаи нав — моддаи 10 илова гардид, ки тибқи он, шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад, мустаҳкам шудааст. Ҳамаи ин тағйи­роту иловаҳо барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонун ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.

Бояд қайд намоям, ки таклиф ва пешниҳодҳои манзургардида бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Вакилони арҷманд, аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи Кумитаи масъул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои ҳуқуқ ва тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида миннатдорӣ иброз менамоям.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Дар муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ авфро ҳамчун падидаи конститутсионӣ бояд эътироф намуд, зеро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти махсуси ташаббуси қонунгузорӣ ва тартиби баррасии қонуни авфро муқаррар менамояд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқи ҳамаҷонибаи принсипи инсондӯстӣ, тақвияти кафолати конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояву эҳтиром ва ҳифзи онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин, пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

Чун анъана қонун нисбат ба гурӯҳҳои имтиёздор ва минбаъд бо дарназардошти дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда, тартиби татбиқ ва адои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин, марҳилаҳои таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судӣ татбиқ карда мешавад.

Махсусияти лоиҳаи қонун дар он аст, ки лоиҳа бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ таҳия гардида, нисбат ба ҷиноятҳои алоҳида, аз қабили шиканҷа, терроризм ва маблағгузории он, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динию мазҳабӣ татбиқ намегардад.

Дар баробари ин, авф нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ ва манфиати хизмати давлатӣ, дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудаанд, татбиқ намегардад.

Ҳамчунин бо ин, мутобиқи моддаи 10 қонун ба шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад. Ин меъёр хусусияти пешгирикунанда ва тарбиявӣ дорад.

Хусусияти дигари лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба инобат гирифтани манфиати ҷабрдидагон мебошад, зеро мутобиқи моддаҳои 3, 5, 8, 15 ва 17 ҷуброни пурраи зарари моддии расонидашуда ба ҷабрдидагон шарти асосии татбиқи авф ба ҳисоб меравад. Татбиқи авф шахсро аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод наменамояд.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 13 лоиҳаи қонун қарор дар бораи татбиқи авф ё рад кардани татбиқи он нисбат ба ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад. Бо дарназардошти он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба беш аз 16000 (шонздаҳ ҳазор) нафар татбиқ мегардад, масъалаи ташкили кор ва татбиқи он мувофиқи қонун муҳим мебошад ва дар лоиҳа ба ин мавзӯъ диққати зарурӣ дода шудааст.

Пеш аз ҳама, дар моддаи 12 мақомот ва муассисаҳои иҷрокунандаи қонун муайян шудаанд. Дар баробари ин, мутобиқи моддаи 14 қонун мақомот ва муассисаҳои иҷрокунандаи қонун татбиқи онро бо розигии прокурори дахлдор ва татбиқи он аз ҷониби судҳо бошад, бо иштироки ҳатмии прокурор сурат мегирад. Тартиби мазкур мувофиқ ба моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, қонун Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф мегардонад, ки бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.

Мутобиқи моддаи 19 лоиҳаи қонун мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, мақомоти дахлдор вазифадор шудаанд, ки шахсони аз адои ҷазо тибқи қонун озодшударо бо ҷои кор таъмин намоянд, нисбат ба ноболиғони озодшуда чораҳои мушаххаси назоратию ташкилиро анҷом диҳанд, чораҳои беҳдоштиро нисбат ба беморон ва пиронсолони озодшуда андешанд. Иҷрои муносиби ин вазифаҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти тат­биқкунанда ва назоратбаранда имконпазир мебошад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани қонун дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, дар лоиҳаи қонун масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии татбиқи қонун танзим шудаанд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

ГИЁЗОДА Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Имрӯзҳо ҳазорон оилаи кишвари азизамонро рӯҳияи нишоту сурур фаро гирифтааст. Иқдоми Президенти мамлакат амали неку башардӯстона ва шоистаи таҳсин мебошад ва боз хурсандиовар он аст, ки ин падида дар соли таърихӣ зуҳур намуда, ба ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, муросо ва таҳаммулпазирӣ мувофиқат мекунад. Моҳияти қонуни нав низ ҳамин аст: эҳтирому арҷгузории Пешвои миллат ба Конститутсия, ғамхорӣ дар ҳаққи мардум ва даъват ба сӯи роҳи рост.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқик, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад, ки аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат доираи васеи шахсоне авф карда мешаванд, ки ба ҳаёти осоишта бармегарданд ва бояд онҳо дар ҷамъият мавқеъ ёбанд, ислоҳ шуда, роҳи дурусти зиндагиро пеша кунанд, ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва суботи кишвар расанд.

Барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти моддаи 18-и қонун зарур аст мақомотҳои дар маҳалҳобуда иқдом намоянд, ки шахсоне аз адои ҷазо тибқи қонун озод мешаванд ва ҳаёти озодона ба онҳо дубора тақдим мегардад, омода бошанд, онҳоро бо кор таъмин намоянд, зеро бештар ба шуғл фаро гирифтани онҳо, соҳибкасбу соҳибҳунар гаштани онҳо ба беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд.

Боварӣ дорем, ки дар ин соли таърихӣ он шахсоне, ки мувофиқи қонун авф мегарданд, аз ғамхориҳои Пешвои миллат хулосаҳои даркорӣ бароварда, ҳар яки онҳо неру ва заковатро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар менамоянд.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ яке аз мавқеъҳои сиёсию иҷтимоиашон ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, инсонмеҳвариашонро пайваста нисбат ба бечорагону барҷомондагон, аз ҷумла, маҳбусону маҳкумшудагон доимо татбиқ мекунанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қадами навбатии хирадгаро ва беназири Пешвои миллат ба шумор меравад. Дар баробари хусусияти тарбиявӣ доштан иҷрои он барои шаҳрвандоне, ки авф мешаванд, имконияти баргаштан ба зиндагии муътадилро таъмин намуда, ба ҳазорҳо оила хушнудӣ меорад.

Тибқи қонун занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд, инчунин, таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳам аз диди шариат ва ҳам диди фалсафаи инсонӣ Пешвои миллат бо пешниҳоди лоиҳаи қонун бузургтарин кори савоб ва некро амалӣ намуда, роҳгумзадагонро аз чандин гуноҳ ва мушкилии дигар халос менамоянд.

Муҳлати иҷрои қонун 2 моҳ муайян карда шудааст. Аз ин лиҳоз, амалӣ кардани он на фақат аз мақомоти дахлдор, балки аз мавқеъ ва муносибати ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти кумитаҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, созмонҳои занону ҷавонон, собиқадорон ва пиронсолон вобастагии калон дорад.

Аз ин муносибат ва мавқеъ ҳар як маҳкумшудаи озодгардида бояд ҳис кунад, ки барои аз ҳолати вазнини рӯҳӣ, маъюсию рӯҳафтодагӣ баромадан ва ба ҳаёти солим баргаштан ӯ танҳо нест.

Дар моддаи 18 лоиҳаи қонун мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, мақомоти дахлдор нисбат ба ҷойи кор таъмин намудани маҳкумшудагони озодшуда, инчунин, ғамхорӣ нисбат ба ноболиғон, маъюбону пиронсолони бесаробони ин гурӯҳ вазифадор гардидаанд. Албатта, амалӣ кардани кор андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд ва он метавонад дар ҳамкории зичи мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самаранок шавад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, ҳамчунин, фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро пурра ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ин хусус хулосаҳо пешниҳод карда шудаанд.

Иқдоми нав­батии Пешвои миллат дар арафаи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандаҳо гузашти бузург, дарси ҳушёрӣ ва имкони тавба аз кирдорҳои барои ҷомеа норавои онҳо мебошад.

Дар таърихи на он қадар тӯлонии соҳибистиқлолии давлат ин бори 17-ум ҳаст, ки амри нек ва хайр аз тарафи Сарвари давлат қабул мегардад. Тайи ин муддат зиёда аз 160 ҳазор нафар аз тарафи Пешвои миллат авф карда шудаанд.

Дар робита ба ин, ҳар як авфшуда бояд рисолати санади тақдирсозро дуруст дарк карда, аз роҳу ақида ва кирдори нодуруст баргардад, ба қадри ғамхории Пешвои миллат расад ва дар сарҷамъӣ бо мардуми шарифи кишвар барои рушду нумӯи Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Боварӣ дорам, ки вакилони гиромӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим  ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нишонаи бузурги инсондӯстӣ буда, ҳикматест, ки тавоноию ҷавонмардии Сардори давлатро баён мекунад.

Дар тӯли 30  соли соҳибис­тиқлолӣ 17 қонун дар бораи авф, инчунин, се қонун дар бораи авфи молу мулки шаҳрвандон ва қонунигардонии маблағҳояшон  қабул шудааст. Чунин иқдоми башардӯс­тона садоқати мардумро нисбат ба Пешвои миллат бештар мегардонад.

Вақте маҳкумшудае  мавриди авф қарор мегирад, ӯ имкон пайдо мекунад, ки ба назди аҳли оила ва ҷойи кораш баргашта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирад. Яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз он иборат аст, ки бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маҳкумшудагон муносибати баланди инсондӯстонаро риоя  намояд. Ҳадафи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз он иборат аст, ки гунаҳкорон ислоҳ шуда, дубора ба ягон ҷиноят даст назананд. Барои ба ин мақсад расидан ба авфшудагон ҷойи кор фароҳам овардан зарур аст.

Инчунин, пешниҳод дорам, ки нисбат ба ноболиғоне, ки мавриди авф қарор мегиранд, механизми дурусти амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия шавад. Бояд дар ин ҷода барномаҳои махсуси таълимӣ омода кунем, то ки ҷавонон минбаъд роҳи дурусти ҳаётро интихоб намуда, ба ҷомеа мушкилӣ пеш наоранд.

Бинобар, ин аз шумо – вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Имрӯз мо ҳуҷҷатеро қабул мекунем, ки онро сокинони кишвар, пеш аз ҳама, шахсоне, ки дар роҳи ҷиноят буданд, падарону модарон ва фарзандону пайвандони онҳо дер боз интизоранд. Қонунеро қабул хоҳем кард, ки гурӯҳи зиёди раҳгумзадагонро ба назди фарзандон ва ба меҳнати осоишта бармегардонад.

Қонунеро қабул хоҳем кард, ки аз инсондӯстиву меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан сарчашма мегирад ва ба ҳар як оилаи тоҷик, хонадони ӯ аз нав хандаву хурсандиро бармегардонад. Қонунеро қабул хоҳем кард, ки сокинони кишварро дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон боз ҳам пайванд мегардонад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи занон, маъюбон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ғамхории хоса зоҳир менамоянд.

Мутобиқ ба муқаррароти моддаи 1-и лоиҳаи қонун маҳкумшудагони зерин: занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо, инчунин, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» зарар дидаанд, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд.

Бовар дорем, ки озодшудагон неру ва заковатро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар намуда, дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Лоиҳаи қонун қадами навбатии хирадгаро ва бисёр беназир ба шумор меравад ва аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

 РАИС: — Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337-и Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ё ин ки яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Раиси котиботи ҷаласа Юсуфӣ Муҳаммадраҳим гуфтание доред? Марҳамат.

ЮСУФӢ Муҳаммадраҳим: — Ба котиботи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон мактубу пешниҳод ва дархост ворид нагардид.

РАИС:Ҳозирини гиромӣ!

Бо ҳамин Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ