Шаклгирии давлати муосири тоҷикон дар охири садаи ХХ, ки бо касби Истиқлолияти давлатӣ ба воқеият пайваст, яке аз саҳифаҳои рангину пурифтихори таърихи миллат ба шумор меравад. Ҳарчанд роҳи ба воқеият пайвастани он сароғоз хеле ноҳамвору мураккаб буд, вале дар фурсати аз нигоҳи замони таърихӣ кӯтоҳ ниҳодҳои мақомоти марказии идоракунии давлатӣ барқарор ва зарфияти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ барои таъмини рушди ҷомеа сафарбар карда шуд.
Агар ба таҳлили ин равандҳо аз мавқеи мунсифона назар андозем, пас бидуни шакку тардид фаъолияти созандаю фидокоронаи Сарвари давлат аз ҳамон рӯзҳои ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон пеши назар меояд. Маҳз дар меҳвари ҳамин фаъолияти созандаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи парламенти мамлакат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ намоёнтару миёни сокинони кишвар маҳбубтар гардид. Зеро парламент дар симои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар ҳошияи воқеияти фурӯпошии низоми шӯравӣ 24 августи соли 1990 Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва 9 сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти давлатиро қабул кард, вале бо сабаби ба арсаи рақобатҳои минтақавӣ, бархӯрди шадиди дидгоҳҳои дунявию ухратгаройӣ табдил ёфтанаш минбаъд натавонист вазифаи идоракунии равандҳои сиёсии ҷомеаро ба манфиати эъмори давлати миллӣ пурра иҷро намояд.
Чунин ҳолат боис ба авҷи муборизаҳои шадиду мусаллаҳонаи шаҳрвандӣ, афзоиши қурбониҳои ҷонӣ ва молӣ, фалаҷшавии низоми идоракунии сиёсии ҷомеа, коҳиши нуфузу эътибори кишвар дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ гардид. Бар асари муноқишаву ихтилофоти баъзе аз гурӯҳҳо, баргузор шудани гирдиҳамоиҳои пай дар пай, амиқрафти буҳрони сиёсӣ ва аланга задани ҷанги шаҳрвандӣ дар фосилаи кӯтоҳ ду Президенти қонунан интихобшуда, чор Раиси Шӯрои Олӣ ва дигар роҳбарони баландрутбаи Ҳукумати вақт иваз шуданд.
Барои пешгирию наҷоти идоракунии сиёсии ҷомеа аз тамоюли ба вартаи нестӣ наздик шуданаш бо ибтикори як гурӯҳ вакилони Шӯрои Олӣ зарурати даъвати Иҷлосияи ғайринавбатӣ ба миён гузошта шуд. Бояд гуфт, дар он айёми мудҳиш, ки ба сари миллату давлат омада буд, мардум ба вакилони интихобкардаи худ, яъне, ба Шӯрои Олӣ эътимод доштанд, роҳҳои ҷустуҷӯи барқарор кардани сулҳу субот ва ором намудани вазъи сиёсии Тоҷикистонро маҳз ба онҳо бовар карданд.
Азбаски вазъи сиёсӣ дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе хатарзо буда, онро баъзе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ идора мекарданд ва ба таъмини амнияти намояндагони мардумӣ кафолат набуд, салоҳ дониста шуд, ки иҷлосия дар ҷои амнтар баргузор шавад. Бинобар ин, вакилони мардумӣ барои барқарор кардани вазъи муътадили сиёсӣ ба баргузории иҷлосияи навбатӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба мувофиқа расиданд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз бо интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Дар баробари ин, барқарор сохтани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волояти қонун ва рушди иҷтимоии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии иҷлосия буданд. Дар ҷараёни он самтҳои усулии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ муайян шуданд. Аз ин рӯ, метавон бо ҷуръат гуфт, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ сароғози таърихи навини давлатдории мустақили тоҷикон дар охири асри XX ба шумор меравад.
Албатта, пеши роҳи ҷангро гирифтан кори осон набуд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тару хушкро баробар месӯхт. Пас аз гузашти беш аз ду даҳсола баъзе аз нафарони алоҳида дар бораи омилҳо ва сабабҳои асосии ин фоҷиаи миллӣ аз берун садо баланд намуданд, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна ба эҳсоси мардум бозӣ карданд ва онҳоро ба муқобили ҳамдигар барангехтанд. Куштору гаравгонгирӣ, дуздиву ғоратгарӣ, террору сӯиқасд ба ҷони одамон, хусусан кормандони давлатӣ аз ҷониби мухолифин ба як амали одӣ табдил ёфта буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мардум фоҷиаи миллӣ буд, ки ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳдид мекард ва мақсади ниҳоии он дар харитаи сиёсии ҷаҳон аз миён бурдани кишвари тозаистиқлоли мо буд. Ҳамин тариқ, дар саргаҳи истиқлолият давлати тозабунёди Тоҷикистон ба вартаи ҳалокатовари бархӯрдҳои хунини мусаллаҳона кашида шуда, бародар бар зидди бародар бо теғу силоҳ муносибат мекард. Фишангҳои давлат ва ҳукумати вақт фалаҷ гардида, қобилияти идораи давлатро надоштанд, тартиботи ҷамъиятӣ ва амниятии ҷомеа таъмин набуд.
Дар рӯзҳои аввали баргузории иҷлосия, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, дар назди вакилони мардумӣ савганд ёд кард, ки «… то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиямро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам».
Ин ҷавонмарди ҷасуру озодманиш бо хидматҳои пайгирона ва шабонарӯзӣ дар назди халқу Ватан мушкилоти кишвар, хусусан, пеши алангаи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро гирифт ва ҳоло дар Тоҷикистони маҳбуб сулҳу амонӣ ҳукмфармост.
Бояд гуфт, ки дар баробари масъалаҳои ҷорӣ рӯзномаи кори иҷлосияро ду масъалаи ҳаётан муҳим ташкил медод: қатъи хунрезӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар ва осони рафъи бенизомиҳо. Зеро дар он рӯзҳои пурдаҳшат ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан таҳдид мекард.
Намояндагони мардумӣ дар рӯзҳои пурэҳтирос, ки иҷлосия дар Қасри Арбоб мегузашт, бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳоротро ба тасвиб расониданд, ки нақши онҳо бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муътадил кардани вазъи буҳронии сиёсии Тоҷикистон ва таъмини сулҳу оштӣ бисёр бузург аст.
Яке аз қонунҳои бисёр муҳим ва калидии иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» буд. Ин нахустин санаде буд, ки барои авфи гуноҳи шахсони дар муқовиматҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона иштирокдошта заминаи воқеӣ фароҳам овард. Бояд гуфт, ки барои наҷоти давлату миллат дар он давраи бисёр нозуку ҳассос аз ҷониби Роҳбари давлат қадами ҷиддии роҳ кушодан ба самти ба даст овардани сулҳ буд.
Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид. Мақсади ниҳоии ин қонунҳо расидан ба ваҳдату оштии миллӣ, қатъи хунрезию муқовимати мусаллаҳона ва фароҳам овардани шароит барои барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот буд. Бояд зикр кард, ки маҳз қарору қонунҳои қабулкардаи ин иҷлосияи таърихӣ барои фаъолияти минбаъдаи ҳукумати навтаъсис заминаи мусоид ба вуҷуд оварданд.
Аз ҷумлаи масъалаҳои дигар ва асосии иҷлосия қабули рамзҳои давлатӣ — Нишон ва Парчами миллӣ буд. Ин, аз як тараф, самти минбаъдаи пешрафти кишварро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин муайян мекард, аз тарафи дигар, қабули рамзҳо барои бунёи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва асосҳои давлатдории навини миллӣ, хоса вусъат ёфтани худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ваҳдати ҷомеа ниҳоят муҳим буданд. Чунон ки дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 10 — солагии Иҷлосияи XVI изҳор дошта буданд: «Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд».
Маҳз дар ҳамон иҷлосия ду қарори муҳими дигар — «Дар бораи сохтори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.
Илова ба ин, қабули як қатор санадҳои ҳуқуқӣ дар хусуси гузариш аз иқтисоди фармонфармоиву нақшавӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ аз самтҳои дигари рӯзномаи иҷлосия буд, ки асоси сиёсати иқтисодии мамлакатро муайян мекарданд. Ин сиёсате, ки бо иқдоми Роҳбари давлат пеш гирифта шуд, дар солҳои минбаъда ба сароҳат нишон дод, на танҳо буҳрони иқтисодӣ, ки мамлакатро фаро гирифта буд, бартараф шавад, балки барои тадриҷан замина гузоштан ба асосҳои мустаҳками пешрафти устувору пайгиронаи иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварданд ва Тоҷикистон зина ба зина мушкилоти мавҷударо бо сарбаландӣ паси сар кард. Албатта, расидан ба саодати инсонӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста осон набуд.
Қобили зикр аст, ки Роҳбари тозаинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин иқдом намуданд:
- ҳар чӣ зудтар гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум;
- барқарор кардани фаъолияти фалаҷшуда ҳокимият ва кори муътадили мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо;
- ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ;
- бо андешидани чораҳои фаврӣ аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо масолеҳи озуқа ва доруворӣ таъмин кардани мардум;
- барқарор кардани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ ва бо таъсиси сохтору қувваҳои сарҳадбон ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ;
- танҳо бо роҳи сиёсӣ, яъне, музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда;
- ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ;
- истифода муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёсӣ барои барқарор ва устувор кардани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ.
Қарору қонунҳое, ки дар иҷлосия қабул шуданд, бори дигар собит сохтанд, ки мақсадҳои Тоҷикистон дар хусуси таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои экремистиву террористӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо ҳамчун хатарҳои нави глобалӣ бо ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқат дошта, ҷонибдори ҳамзистии осоишта мебошанд.
Роҳбарияти Шӯрои Олӣ ҳамчун мақоми олии идоракунии давлатӣ пас аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ ва тарҳрезии шакли муносиби идоракунии давлатӣ саъю талош намуд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат барои таҳияи Қонуни асосии кишвар, ки дар он бояд мақсад, ҳадафу маромҳои сиёсии халқи Тоҷикистон барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ инъикос меёфт, иқдом гирифта шуд. Вобаста ба ин масъала Роҳбари давлат моҳи декабри соли 1993 ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман дар андешаи онам, ки бояд Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима, таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумӣ он қабул шавад».
Ҳамин тавр, бо дастури Сарвари давлат Раёсати Шӯрои Олӣ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда, пас аз ду моҳ бо таҳлилу ба назар гирифтани аксар пешниҳодҳои воридшуда 6 ноябри соли 1994 он аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид. Дар заминаи ислоҳоти зикршуда минбаъд идоракунии давлатии Тоҷикистон ба шакли президентӣ гузашта, мақомоти олии намояндагӣ дар шакли Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт.
Фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ дар шакли Маҷлиси Олӣ шакли даъватӣ дошт ва талошҳои он барои ҷонибдории иқдомоти шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани сулҳ, ба роҳ мондани музокироти сулҳ, хеле назаррас буд. Музокироти сулҳи тоҷикон, ки давраи аввалаш 5 апрели соли 1994 дар Москва оғоз гардид, ду ҳафта идома дошт. Бояд ёдовар шуд, ки дар он давра се масъалаи муҳим, яъне масъалаи паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар поёни он барои идомаи музокироти сулҳи тоҷик баёнияи муштарак қабул шуд. Дар маҷмӯъ, музокироти сулҳи тоҷикон дар нуҳ давр ва 40 гуфтушунид баргузор шуда, дар давраи ниҳоӣ, ки низ дар шаҳри Москва доир гардид, санади сарнавиштсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997, ки баъдан Рӯзи Ваҳдати миллӣ номида шуд, ба имзо расид. Ба сухани дигар, гуфтушуниди сулҳи миёни тоҷикон се солу се моҳу се рӯз ё 1171 шабонарӯз идома ёфта, бо гузаштанҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба самар расидааст.
Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ он вақт пойдор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Дар илми сиёсатшиносӣ, хусусан бахши низоъшиносӣ, ин марҳила таҳти унвони «эҷоди сулҳ» ва «ба тавофуқ расидани тарафҳои даргир» зикр мешавад, ки арзиши он аз марҳилаи сулҳофаринӣ кам нест ва барои мувофиқа расидани тарафҳо аҳамияти фавқулода дорад. Се омили асосии расидан ба сулҳи тоҷикон чунин буд: дарки бартарии манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои маҳаллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва наҷоти миллат аз парокандагӣ ва хавфи аз миён рафтани Тоҷикистон ва талошҳои сулҳхонаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои сулҳхоҳ.
Дар ин асос Комиссияи оштии миллӣ 7 июли соли 1997 дар шаҳри Москва таъсис ёфта, вазифадор гардид, ки санадҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро ба иҷро расонад. Ин комиссияи босалоҳият барои иҷрои муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон тақрибан ду солу нуҳ моҳ фаъолият карда, баъд аз адои рисолат аввали апрели соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти он қатъ карда шуд.
Арзиши он санади муҳими таърихиро коршиносон ва муҳаққиқони хориҷиву дохилӣ ба таври ҳаққонӣ дуруст муайян намуда буданд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санади аз ҷиҳати ҳаҷм бузург нест. Ҳамагӣ аз 4 банд ва зикри номи 9 санад — протоколу созишномаҳои алоҳида иборат буда, 2 саҳифа ва 52 сатрро ташкил медиҳад. Аммо аз лиҳози арзиши миллӣ ва таърихӣ дар ҷумлаи беҳтарин ва боарзиштарин санадҳои муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ ба шумор меравад».
Аз диди муосир ба он нигоҳ кунем ва пешрафту дастовардҳои замони истиқлолиятро муқоиса намоем, бешубҳа, он санади муҳими таърихӣ барои сулҳи тоҷикон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, арзиш ва аҳамияти он бештар мегардад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки масъалаи сулҳи тоҷиконро ба таври воқеӣ арзёбӣ карда буданд: «Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башар собит намуд, ки ҳалли низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, сарфи назар аз ҳама мушкил, ҳамеша имконпазир аст. Танҳо ақли солим, азму иродаи ҷонибҳои мухолиф, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ заруранд».
Бешак, таҷрибаи сулҳи тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши муҳими фаромиллӣ низ дошта, таваҷҷуҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ҷалб мекард. Дабири кулли ҳамонвақтаи Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Кофе Аннан, ки ҳамон солҳо баъди расидан ба сулҳу амният ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, баъди бозгашт дар яке аз ҷаласаҳо дар Шӯрои амнияти СММ, аз ҷумла, таъкид намуда буд: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
Мехоҳам, аз қиссаи бисёр ҳузнангез, вале омӯзанда, сабақомӯз ёдовар шавам. Зимни яке аз сафарҳои корӣ, ҳангоми дар вазифаи муовини Сарвазири Тоҷикистон фаъолият доштанам, ба ноҳияи Шаҳритус, тақрибан моҳи июн буд, зане ба наздам омада, аз оқибатҳои мудҳишу харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, аз ҷумла, гуфт: «Бачам, Худо ҷангро нишон надиҳад, хонаи ҷангҷӯ сӯзад. Ман дар ин ҷанги хонумонсӯз фарзандамро аз даст додам. Соли 1993 буд. Ман дар хона нишаста, ба кӯдаки навзоди худ, ки дар гаҳвора баста будам, шир медодам. Ногоҳ садои тирпарронӣ ба гӯш расид. Баъд аз лаҳзае боз тирпарронӣ шуд. Хотирам парешон аз хона берун омада, дидам, ки мардум ба таҳлука афтода, рӯ ба гурез ниҳоданд. Ман ҳам ду кӯдаки дигарамро гирифта, ба тарафи дарёи Панҷ гурехтам. Бо чӣ азоби алим як илоҷ карда, аз дарё гузаштем. Ба қавле, гуреза шудем. Пас аз дарёро гузаштан пайхас кардам, ки чизе намерасад. Кӯдакам ба ёдам омад, ки дар даруни гаҳвора фаромӯш кардам. Гиряву зориро бардоштам, худамро ба замин бардошта мезадам, ба худам лаънат мехондам, ки чаро кӯдакамро фаромӯш кардам. Хостам, ки шаб пинҳонӣ аз дарё гузарам, ба пеши кӯдакам оям. Мӯйсафеди рӯзгордидае ҳамон ҷо буд, гиряҳои талхи маро дида гуфт: «Шукри ҳамин ду кӯдакат кун, ки сиҳату саломат ҳамроҳи туянд. Дар деҳа баъзе одамон боқӣ монданд, ягон бандаи муъмину мусулмон, агар овози кӯдакатро шунавад, ҳамроҳаш мегираду тарбия мекунад. Вақте ки баргаштем, фарзандатро мебинӣ ва боз соҳибӣ мекунӣ». Ин суханҳои тасаллоомези пири рӯзгордида шиддати равонии маро паст кард ва раъйи дигарбора гузаштан аз дарёро бозгардонд. Баъд аз ҳашт моҳ Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон, Худо умрашро дароз кунад, ба пеши мо — гурезагон омад, моро ба Ватан даъват кард ва кафолати зиндагии осуда ва таъмини амният дод. Табъи мардум болида гашт, дар он тарафи дарё мардум зиндагии пурмашаққат дошт, Роҳбари давлатро ҳамовозӣ карда, ба Ватан баргаштанд. Ман ҳам шабу рӯз ба даргоҳи Худо дуо мекардам, ки сулҳ шавад, то рӯи фарзандамро бори дигар бибинам.
Ҳар рӯз бо ташвиқу тарғиби намояндагони ҳукумат садҳо нафар ба Ватан бармегаштанд. Ман ҳам бо ду фарзанди зиндаятимам, ки аз падар сағир монда буданд, ба тарафи Ватан шитоб доштам. Ҳамин ки ба хоки Ватан қадам мондам, хокашро ба чашмонам сурма кардам, зеро хоки Ватан аз ҷумлаи муқаддасот аст. Дар ҳама ҷо фарзандамро меҷустам. Ба деҳа наздик шудам, тапиши диламро сахт эҳсос мекардам. Чӣ хел ба дари хонаам расидам, Худо медонад. Дари хонаро боз кардам, дидам, ки гаҳвора дар ҳамон ҷое, ки монда будам, истодааст. Чунон ба назар мерасид, ки касе ба он даст нарасондааст. Фавран пардаи гаҳвораро бардоштам, дидам, ки ҷигарбандам дар гаҳвора, аз ӯ скелете боқӣ мондааст. Аз дилу ҷон фиғон кашидам, хешу табор ва ҳамсояҳо ҷамъ шуда, фарзанди рӯзнодидаамро гӯронидем. Илоҳо, хонаи ҷангҷӯ сӯзад, бачам гуфта, зан оби чашмонашро пок карду лаб фурӯ баст».
Ин гуна лаҳзаҳои аламовар, ки доғи талхи ҷанг дар синаҳои модарон захми носур гузоштааст, хеле зиёданд. Аз ин рӯ, агар мӯъҷазу кӯтоҳ паёмадҳои Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олиро ба риштаи тасвир кашем, месазад гӯем, ки онҳо тулӯи хуршеди бахту саодати миллати тоҷик буданд. Бинобар ин, ба ҷавонони бетаҷриба ва пурэҳсоси Ватанамон аз мавриди муносиб истифода бурда, муроҷиат менамоям, ки онҳо бояд таҷрибаи сулҳи тоҷиконро, ки аз ҷониби коршиносони ватанию байналмилалӣ ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф шуда, дар бисёр манотиқи доғи ҷаҳон ҳамчун намунаи равшани эҷоди сулҳ ва бартараф кардани мухолифатҳо бо роҳи мусолиматомез мавриди истифода қарор гирифтааст ва хоҳад гирифт, сабақҳои заруриро омӯзанд ва барои рушду пешрафти ҷомеа саъю талош кунанд.
Ҳоло баъди 24 сол аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба гузаштаи начандон таърихи дури давлатдории тоҷикон нигоҳ кунем, мебинем, ки дар кишвар чӣ дар самти иҷтимоӣ, чӣ дар самти иқтисодӣ пешрафти зиёд ба вуқӯъ омада, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкамтар ва баландтар шуда истодааст.
Бинобар ин, соҳиби давлати мустақил ҳастем, шукри Худо Ватани ободу зебо дорем, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ саҳм гузорем, ба қадри Ватани азиз ва сулҳу оромӣ бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо камари ҳиммат бандем.
Баъд аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар марҳилаи бартарафсозии харобиҳои ҷанг ба вуқӯъ омада, ҳазорон хонаву манзилҳои харобгардидаи истиқоматӣ бунёд, таҷдиду таъмир ва беш аз як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуданд, таъмини аҳолӣ бо ғизо, барқарорсозии мактабҳо, иншооти маъмурию маишӣ ва роҳу алоқа аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ба шумор мерафт, ки марҳила ба марҳила амалӣ шуданд.
Барои мисол, ман ҳамчун мутахассиси соҳаи кишоварзӣ бо итминон гуфта метавонам, ки иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тақсими 75 ҳазор гектар замини кишоварзӣ ба аҳолӣ, ки ба ислоҳоти бунёдии соҳаи кишварзӣ асос гузошт, инчунин, таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкили ҳазорҳо хоҷагии деҳқониву фермерӣ, додани мустақилият ба деҳқонон, навсозии иншооти мелиоративӣ, қабули барномаҳои ҳукуматӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, додани афзалият ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама, пахта ва меваю сабзавот, инчунин, ҷорӣ намудани низоми нави қарздиҳӣ ба кишоварзон аз тадбирҳои дурандешона ва саривақтӣ буда, ба рушди яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат, яъне, кишоварзӣ, такони ҷиддӣ доданд.
Натиҷаи андешидани ҳамин гуна тадбирҳо ва кордонию таҷрибаи ғании Роҳбари давлат буд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.
Тавре ки масъалаҳои рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр гардид, нишонаи возеҳи татбиқи дурусти сиёсати иқтисодии мамлакат мебошад: «Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ — 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1, 2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд».
Илова бар ин, самтҳои рушди кишвар дар се асл: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардида, зина ба зина роҳандозӣ шуданд, ки мақсади ниҳоии онҳо расидан ба зиндагии шоиста аст.
Фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории дохиливу хориҷӣ, бунёди иншооти азими энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ, беҳтар кардани вазъи ҳуқуқӣ, қабули қонунҳо ва тағйиру иловаҳо ба онҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин барномаҳои давлатӣ буданд, ки ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳоло шоҳиди зинда ҳастем, ки бо талошҳои ҳамешагӣ ва фаъолиятҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ҳамешабаҳору биҳиштосо табдил ёфта, умед дорем, ки минбаъд низ бо роҳнамоиҳои ин фарзонафарзандаш миллати тоҷик ба ояндаи неку дурахшон хоҳад расид.
Бояд таъкид кард, ки соли 1999 бо баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар натиҷа, Маҷлиси Олӣ дорои ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон гардид. Дар ҳамин асос тарҳи нави Қонуни конститутсионӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 27 феврали соли 2000 ҳайати нави Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагон дар ҳайати нав ба фаъолияти қонунгузорӣ ва намояндагӣ шурӯъ намуд.
Ҳамин тавр, то ҳол Маҷлиси намояндагон фаъолиятро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ татбиқ карда истодааст. Ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб мерасанд, дар асоси стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, ба хотири фардои тобони Тоҷикистон, таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи маданӣ ва иртиботи он бо ҷомеаи башарӣ нигаронида шудаанд. Аз соли 2000-ум парламенти касбии доимоамалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 6 даъват ва 24 иҷлосия бештар аз 316 қонуни мукаммал, 12 кодекс, 12 қонуни конститутсионӣ, 1500 тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ ва 800 созишномаи байнидавлатию байналмилалиро ба тасвиб расонида, дар таҳкими Истиқлолияти давлатии мамлакат нақши сазовор гузоштааст. Бевосита бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат дар фаъолияти парламенти касбии доимоамалкунанда таҷрибаи таҳияи ҳуқуқи миллӣ роҳандозӣ гардид, ки самараи онҳо барои таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинони кишвар беназир аст. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар ҳаёти ҷамъиятии Ватанамон падидаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Маҷлиси намояндагон, дар баробари таҳия ва қабули қонунҳо, инчунин, ниҳоди меъёрэҷодкунанда дар самти танзими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ мебошад. Инчунин, робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои байнидавлатӣ бештар ташаккул ёфта истодаанд. Робитаҳои мутақобилаи мунтазами парламентҳо ҳамчун яке аз омилҳои муассири шаклгирии ҳамкориҳо ва далели рушди амиқи муносибатҳои байнидавлатӣ хидмат намуда, фаъолияти мунтазам ва пайвастаи онҳо дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз таваҷҷуҳи тарафайн шаҳодат медиҳанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 дар назди вакилони мардумӣ вазифа гузошта шудааст, ки «фаъолияти онҳо набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад. Яъне, вакилон вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода ва пешниҳод намоянд». Бо ин мақсад Маҷлиси намояндагон бо аксар мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, хусусан шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати арзёбии сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва дигар махсусиятҳои марбут ба қонунҳо равобити корӣ барқарор намуд.
Аз ин дидгоҳ, ҷойгоҳи Маҷлиси намояндагон дар таҳкими сулҳу субот, тақвияти ваҳдати миллӣ, ба танзим овардани қонунияту тартибот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушду таҳаввули соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти фазои ҳуқуқии кишвар шоиста мебошад ва дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният ҳиссаи назаррас мегузорад.
Маҳмадтоир Зокирзода,
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон