Роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки онро 6 сентябри соли 2021 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 сентябри соли 2021 ба имзо расид, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло андешаҳояшро зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома ба тариқи зер дар миён гузошт:
- Авф кардан аз қадим нишони адолату давлатдорӣ ба шумор меравад. Тавре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст:
Дӯст дорад авфро Парвардигор,
Ҳар чӣ Эзид дӯст дорад, дӯст дор.
Маҳз ба хотири амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз салоҳияти конститутсионӣ, дар арафаи ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Он аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсонеро, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ мекунад. Инчунин, қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, ин қонун нисбат ба зиёда аз шонздаҳ ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ карда шавад.
Мувофиқи моддаи якуми қонуни болозикр, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
- занон;
- ноболиғон;
- мардони аз синни 55 боло;
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд;
- шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд;
- шаҳрвандони хориҷӣ.
Инчунин, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Мутобиқи моддаи 3-и қонун аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбат ба онҳо мавқуф гузошта шудааст ё ҷазо нисбат ба онҳо шартан татбиқ карда нашудааст ё ҷазоро дар колоннияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шуда бошанд ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд, низ пешбинӣ гардидааст.
Дар қонун нисбат ба шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазоро адо менамоянд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, на камтар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон муқаррарот пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он нисбат ба шахсони ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содирнамуда қонуни мазкур ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд. Чунин меъёр дар моддаи 3 қисми 6, моддаи 5 қисми 4, моддаи 8 қисми 7 ва моддаи 8 қисми 2 пешбинӣ гардидааст.
Дар қонун, баробари аз ҷазо ва адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон, инчунин, қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидаааст. Мутобиқи моддаи 6 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони дар моддаи 1 нишондодашуда, шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда ва шахсони бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содирнамуда пешбинӣ гардидааст. Дар ин маврид низ нисбат ба шахсони ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 353, 257, 264 ва 292-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содирнамуда парванда ба шарте қатъ карда мешавад, ки агар онҳо зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намуда бошанд.
Дар моддаи 6 кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои як қатор шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда низ пешбинӣ гардидааст. Мутобиқи талаботи ин модда, кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбат ба шахсоне, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 — и бандҳои 3 ва 6, моддаи 3 ва моддаҳои 4 ва 5 қарор намегиранд, ба таври зайл пешбинӣ гардидааст:
- нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз ду як ҳисса;
- нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум гардидаанд, аз ду як ҳисса;
- ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум гардидаанд, аз се як ҳисса;
- нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум карда шудаанд, аз чор як ҳисса.
Ҳолатҳои болоӣ нишон медиҳанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба доираи васеи шахсон татбиқ мегардад. Вале қонун як қатор маҳдудиятҳоро оид ба татбиқи он нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсон низ пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумла, дар моддаи 7 доираи шахсоне, ки нисбат ба онҳо талаботи моддаҳои 5 ва 6-и қонун татбиқ намегардад, нишон дода шудааст. Онҳо шахсоне мебошанд, ки бо моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 125, моддаҳои 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1421 1431, 179, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, моддаҳои 249, 262, 289, 305-310, 313, қисми 2 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 401 ва 4011 ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд.
Ба ғайр аз ин, мувофиқи талаботи моддаҳои зикршуда нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд, қонун татбиқ карда намешавад.
Дар моддаи 8 доираи шахсоне, ки муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5 нисбат ба онҳо татбиқ намегарданд, нишон дода шудааст. Меъёрҳои зикршуда нисбат ба шахсоне татбиқ карда намешаванд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 1371, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 167, 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, 194, 1941, 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, моддаи 206, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, моддаи 240, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, моддаҳои 262, 281, 286, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 330, 331, 332, 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 3351, қисми 2 моддаи 3381, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаҳои 364, 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 373, 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 3 моддаи 389, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум гардидаанд.
Ба ғайр аз ин, мутобиқи талаботи моддаи 8 меъёрҳои он нисбат ба шахсоне, ки:
- ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд,
- нисбат ба онҳое, ки ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
- барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;
- ҷиноятро дар ҳолати ретсидивӣ, махсусан хавфнок, содир кардаанд;
- барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ намегарданд
Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 8 муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5-и қонун нисбат ба занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, моддаҳои 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 249, 262, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир намудаанд, инчунин, нисбат ба занон ва ноболиғоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 245, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расондашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 9 кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои гурӯҳи маҳкумшудагонеро, ки нисбат ба онҳо амали моддаи 6 татбиқ намегардад, пешбинӣ менамояд.
Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 1 моддаи 104, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 138, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 139, моддаҳои 1792, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, моддаҳои 249, 3072, 3073, 3074, 308, 309 ва 310-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шудаанд, новобаста ба маҳдудиятҳои дар қонун пешбинишуда, яксолӣ кам карда мешавад.
Мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 189, қисми 2 моддаи 307 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 3071 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати зиёда аз 20 сол маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои пешбинишуда, чорсолӣ кам карда мешавад.
Тибқи талаботи қисми сеюми ҳамин модда бошад, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 307 ва қисми 2 моддаи 3071 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шудаанд, новобаста ба маҳдудиятҳои пешбинишуда, сесолӣ кам карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки мақсади асосии қабули қонунҳои авф ба оила ва ҳаёти ососишта баргардонидани шахсоне мебошад, ки даст ба содиркунии ҷиноят задаанд. Ин шахсон бояд дар оянда ислоҳ шуданро нишон диҳанд. Шахсоне, ки баъди бо татбиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо озод карда мешаванд, бояд ислоҳ шуданро бо худдорӣ намудан аз содиркунии ҷиноятҳо исбот намоянд. Мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шахсони нисбаташон қонунҳои авф татбиқшуда аз нав даст ба содир кардани ҷиноятҳо мезананд. Қонун нисбат ба ин гурӯҳи шахсон маҳдудият муқаррар менамояд.
Мувофиқи талаботи моддаи 10-и қонун, амали он нисбат ба шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад.
Моддаҳои 11 — 23 — и қонун тартиби иҷрои онро ба танзим медароранд.
Қобили зикр аст, ки қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин, нисбат ба шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
Зимни кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамон қисми адонагардида кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қонун боқӣ мондааст.
Қонун нисбат ба шахсоне низ татбиқ намегардад, ки онҳо барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста шудаанд ё маҳкум карда шудаанд, агар нисбат ба яке аз ҷиноятҳои ба маҷмӯи ҷиноятҳои мавҷудбуда маҳдудиятҳои пешбиникардаи қонун паҳн гардад.
Агар нисбат ба шахс якчанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, қисме аз онҳо дар баррасии судӣ ва қисмати дигари онҳо дар баррасии судӣ қарор дошта бошанд, масъалаи татбиқи авф танҳо баъди қабули қарори ниҳоӣ баррасӣ мегардад.
Нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдорро содир намудаанд, қонун дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар он ҷиноятҳо то мавриди амал қарор гирифтани қонун ба анҷом расида бошанд.
Ҳамчунин, бояд дар назар дошт, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» доғи судии шахсро намебардорад ва шахсро аз барқарор намудани зарари моддии расонидааш озод намекунад.
Номгӯи мақомот ва муассисаҳое, ки иҷрои қонун ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, тартиби татбиқи он ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Қонун аз тарафи мақомот ё муассисаҳое татбиқ карда мешавад, ки парванда ё маълумот (мавод) дар баррасии онҳо қарор дорад. Ба ин мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, судҳо, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, ки дар доираи ваколат масъалаҳои татбиқи авфро баррасӣ мекунанд.
Қарор дар бораи татбиқи қонун ё рад намудан аз татбиқи он нисбат ба ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар вақти баррасии парванда оид ба татбиқи авф дар судҳо иштироки прокурор ҳатмист. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва сардорони муассисаҳои ислоҳии тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро бо розигии прокурори дахлдор татбиқ мекунанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, мақомоти дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шахсони мутобиқи авф озодшуда, чораандешӣ намуда, назорати ноболиғони озодшударо ба падару модари онҳо вогузор намоянд ва дар вақти зарурӣ ҷиҳати дар мактаб — интернатҳо ҷойгир намудани онҳо масъалагузорӣ намоянд ва шахсони озодшудаи беморро дар беморхонаҳо ва маъюбону пирони бесаробонро дар хонаи пиронсолон ҷойгир намоянд.
Муҳлати татбиқи қонун ду моҳ муқаррар гардида, дар ин муддат мақомоти дахлдор вазифадор шудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба татбиқи онро ҳаллу фасл ва ҳисоботро оид ба иҷро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Боварӣ дорам, ки татбиқи қонуни зикршуда барои ислоҳи гунаҳкороне, ки ҷиноят содир намудаанд ва пайвастани онҳо бо оилаҳояшон хизмат намуда, барои пешгирии ҷинояткорӣ низ мусоидат менамояд.