9 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии идона сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Зеро он бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза касб кард.
Ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошу тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқ исбот намуд, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Бинобар ин, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки сарҷамъу муттаҳид бошанд, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаро ҳифз намоянд, манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.
Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон баргузор гардид.
www.president.tj