Суҳбати телефонӣ

№115 (4377) 14.09.2021

9 сентябри соли 2021 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид. 

Дар рафти он Сарвари кишвари Туркия Президент ва мардуми Тоҷикис­тонро ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона таҳният гуфта, дастовардҳои бузурги кишварро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нақши созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар ин зимн масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз сатҳу сифати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбат ба масъалаҳои мубрами он таъкид ва дар он кишвар таъсис додани ҳукумати фарогирро бо иштироки намояндагони ҳама қавм зарур донистанд ва ба зарурати расонидани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора карданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазами сатҳи олиро ҷиҳати пешбурди самараноки маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба таъкид карда, ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия бо ба эътидол омадани вазъи вобаста ба бемории COVID — 19 дар аввалин фурсати муносиб ба Тоҷикис­тон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

www.president.tj