Сеюми майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоби гиромӣ!
Бо андуҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки муҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Кумаки Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ осебдидаи Афғонистон
Бо дарназардошти фоҷиаи инсоние, ки дар яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар асари фаромадани ярч рух додааст ва боиси ҳалокати садҳо нафар мардуми минтақа гардидааст, бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони кумаки башардӯстона омода гашта, ба минтақаи осебдида дар наздиктарин муддат фиристода хоҳад шуд.
Кумаки мазкур аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, оби нӯшокӣ ва ғайра иборат аст.
Фиристондани ин кумаки бародарона як нишонаи дигари чун дарди худ қабул намудани фоҷиаи ба сари ҳамсоягони наздики мо омада аст.
www.president.tj