Сокинони шарафманду меҳнатқарини яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон — Кӯшониён ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд. Онҳо ба ҷои 337 иншооти таъиноташон гуногуни банақшагирифта 346 иншоот (106 фоиз) ба истифода доданд, ки дар онҳо садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
- Иншооти бунёдшуда муассисаи таълимии замонавӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 620 хонанда дар як баст, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббии хусусии «Ваҳдат», майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, гармхонаҳои доимоамалкунанда, марказҳои савдою хизматрасонӣ, меҳмонхона, корхонаи коркарди равған ва ғайра буда, барои беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат хоҳанд кард, — гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Икромиддин Вализода.
Дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад. Аз ҷумла, дар «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бинои иловагии мактаб иборат аз 6 синфхона ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулҳамид Муҳиддинов бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизот ва айёнияти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Инчунин, дар деҳаи Гулистони деҳоти «Меҳнатобод» бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бобоҷон Ғафоров бо масрафи 200 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Ошёнаи якуми он мағозаи замонавӣ буда, дар ошёнаи дуюм маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст, ки барои беш аз 4 ҳазор сокини деҳа хизмат хоҳад кард.
Ҳамчунин, бо иқдоми соҳибкорзан Фирӯза Шамсова дар деҳаи Обшорони деҳоти «Заргар» бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисӣ — табобатии «Фирӯза» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бо харҷи 530 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 20 табиб соҳиби ҷойи кор гаштанд. Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба сокинони маҳаллӣ хизмати баланди тиббӣ мерасонад. Инчунин, дар ҳамин деҳа бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Садриддин Холов филиали муассисаи таълимии №71 бунёд гардид, ки дар он хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таълим фаро гирифта шуданд. Таълимгоҳ бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ сохта, бо таҷҳизоту айёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Танҳо аз ҳисоби он иншооте, ки соҳибкорон бунёд карданд, 800 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
- Мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳия азму талош доранд, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ аҳлона меҳнат намуда, ин гӯшаи диёрро боз ҳам ободу зебо намоянд, — гуфт Икромиддин Вализода.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»