Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

№116 (4378) 16.09.2021

51483437369_ed34eefc67_o16 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кор оғоз кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа ва сарони давлатҳои аъзои СААД — ро самимона истиқбол гирифтанд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд. Иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Баъди анҷоми маросими аксбардорӣ кори ҷаласаи Шӯрои амнияти даста­ҷамъии СААД бо иштироки сарони давлатҳои аъзо дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар шакли васеъ идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиён ва сарони давлатҳои аъзои СААД — ро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Дар ҷаласаи хосаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои зерин ҷалб намуданд:

«Ҳамтоёни муҳтарам!

Ман бо арзёбиҳои зикршуда розӣ ҳастам, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ — сиёсӣ афзоиш меёбанд.

Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки мо то ҳол дар марҳилаи хатарноки пандемия қарор дорем. Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба амнияти мо, таъсир мерасонад.

Вазъи фалокатбор дар Афғонис­тон бевосита ба минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. «Толибон» аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд.

Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин, баробарии гендериро ба назар намегирад. Ин маънои онро дорад, ки дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.

Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъолона мустаҳкам мекунанд.

Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад.

Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи гуногуни Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли вилояти Панҷшер возеҳ дида метавонем. «Толибон» дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.

Ҳамтоёни муҳтарам!

Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.

Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад. Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо дарназардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад.

Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад.

Вазъияти имрӯзае, ки дар Афғонистон ба назар мерасад, ба қитъаи тоҷикистонию афғонистонии ҳудудҳои ҷанубии СААД фишори шадид мерасонад.

Дар ин замина, зарурати идомаи кори муштараки пайваста оид ба ҳар чӣ зудтар ба итмом расонидани ҳамоҳангсозии «Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» — ро зарур мешуморем.

Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва моддию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши фаъолонатар ба харҷ додан лозим аст.

Ба фаъолияти иттилоотии террорис­тон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла, интернет диққати махсус бояд дод.

Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир, таҳдиди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад.

Умед дорем, ки «Стратегияи зидди маводи мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда (2021-2025)» амалӣ мешавад, ба ҳалли ин масъалаҳо ва ҳамкории мо такони иловагӣ мебахшад».

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2022 раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҷониби Арманистон мегузарад.

Дар кори ҷаласа «Дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва «Дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ омода шудаанд» Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас баромад карданд.

Баъди баррасии масъалаҳо аз рӯи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дар маҷмӯъ, 14 санад ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Дабири кулли СААД Станислав Зас барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ орост.

www.president.tj