Мулоқоти Пешвои Миллат бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

№117 (4379) 18.09.2021

17 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзид, мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо масъалаи рушду густариши робитаҳоро дар соҳаҳои ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориро дар бахши фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни таҳлили масоили амнияти минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя низ баррасӣ гардид. Сарони ҳар ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд. Ҳамчунин, вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.

www.president.tj