Дуюми майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи Тоҷикистону Кувайт, ки тайи ду-се соли охир ба назар мерасад, изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: «Ман ба дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи муфид бо Давлати Кувайт хушбинам».
Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ низ андешаи Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ҳам ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.
Бо ёдоварӣ аз мулоқоти пурсамари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама, сармоягузории лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму фан густариш меёбад. Аз ҷумла дар бораи бунёди як маҷмааи табобатии мукаммали минтақавӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт ба Тоҷикистон ва ташкили коркарди он дар корхонаҳои марбута, тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ ба роҳ мондани коркард ва интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва дигар мавзӯъҳо сухан рафт.
Ҷониби Кувайт, ҳамчунин ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳои ниёзманди Тоҷикистон, кумак ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj