Сафари кории Пешвои миллат ба водии Рашт

№118 (4380) 21.09.2021

51496123643_c1558edb63_o20 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ноҳияи Сангвор бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз ёфт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст ва дорои 29 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Шуъбаҳои кор бо занон, иҷтимоӣ, умумӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, амвол, иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ошёнаи якуми бинои навсохт ҷойгир буда, бо лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон дар ошёнаи дуюм ҷой дода шудаанд. Дар бинои нав толори маҷлис бо 120 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Ҳуҷраҳои техникӣ, ошхона, бойгонӣ ва утоқҳои дигари ёрирасони бинои нави маъмурӣ дар таҳхонаи иншоот ҷойгир мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор, ҳамчунин, меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода супурданд, ки он аз 4 ошёна иборат буда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019 -2021 бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд шудааст.

Меҳмонхона 12 ҳуҷра ­дошта, бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро ва бо шароити истироҳату фароғат таъмин мебошад. Он имкони қабули 25 мизоҷро дар як вақт дорост. Инчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Он барои 100 дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд мегардад. Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди муассиса бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор низ шинос шуданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад ва дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятро сол аз сол тавсеа бахшида, бо ворид ва насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои нав ворид шудааст. Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Сангвор, ҳамчунин, намоиши маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Дар он беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳо ба таври густурда муаррифӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тонро дар ноҳияи Сангвор ба истифода доданд.

Он дар доираи дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сифати кору фаъолият барои кормандон ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафт бунёд шудааст.

Бинои маъмурии ҳизб дар ноҳияи Сангвор аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳуҷраҳои кории бинои маъмурӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот 24 июни соли 2019 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Сангвор саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба ­масъулон дастурҳои судманд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори ­«Қасри ­фарҳанг»-и ноҳияи Сангвор бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиён ва мардуми заҳмат­дӯсти ноҳияро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ёдовар шуданд, ки тайи 30 соли сипаришуда онҳо ба як қатор дас­товардҳо ноил гардиданд.

Зикр шуд, ки барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар ин муддат аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли неруи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст.

Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 6,5 баробар зиёд мебошад.

Ба хотири таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ, 85 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд ва ҳоло дигар корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 — 2025» барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави кор ва амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат ба соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия барои иштироки фаъол дар корҳои ободонӣ изҳори сипос карданд.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки коркарди ниҳоии маъдан ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад, зеро бо ҳамин роҳ барои сокинон садҳо ҷойи кори доимӣ таъсис додан мумкин аст.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри зебоманзар, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кор минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, барои таъмини зиндагии шоиста ба Президенти мамлакат изҳори сипос намуданд.

20 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти нав ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст Корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. «Мурғи Нуробод» дар оянда имкон дорад, ки ҳар рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион тухми мурғро ба фурӯш барорад.

Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, чӯҷаҳое, ки барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидаанд, сермаҳсул буда, аллакай дар чормоҳагӣ ба тухм оғоз мекунанд.

«Мурғи Нуробод» дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи парандапарварӣ буда, дар оянда имкон дорад талаботи ноҳияҳои водиро пурра бо тухми аълосифат қонеъ созад.

Дар коргоҳ технологияи муосири итолиёвӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо, дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб шудааст, ки барои беталаф нигоҳ доштани мурғ мусоидат мекунанд. Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас шуда, метавонад ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис гардад.

Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадалӣ Сангов бун­ёд ёфта, бо технологияи муосир фаъолият мекунад. Ҳоло дар он 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоӣ дар навбати аввал ба шаҳри Роғун, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулин барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат, Раи­си Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тонро дар ноҳияи Нуробод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба фаъолият оғоз намудани иншооти нав мушкилоти ­норасоии ҷой барои кормандони ҳизбро ҳал намуд. Он аз се ошёна ва утоқҳои барҳавои замонавӣ иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон дар қабати сеюми бино ҷой дода шудаанд.

Иншоот бо истифода аз ­санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод ба Роҳбари ҳизб барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба кору фаъолияташон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурда, атрофаш бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат дода шудааст. Ҳамчунин, 240 метри мураббаъ роҳраву саҳни бино сафолакпӯш гардида, барои мизоҷон суҳбаткадаҳо сохта шудааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз лиҳози тарҳ ва дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда, дар он барои беморон шароити муосир фароҳам аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав мушкилоти чандинсолаи сокинони ноҳияи Нуробод бартараф ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардид.

Ҷиҳати дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳо бино бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд. Зимнан, ворисони Сино изҳор доштанд, ки бо донишу маҳорати касбӣ талош менамоянд, ки дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

Он тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати умумии 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшиданд. Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарошони варзидаи кишвар сохта шудааст. Атрофи он бо сангу гулҳои ороишӣ зебо гардонида шудааст.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобили зикр аст, ки Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулину ­сохтмончиёни иншооти фарҳангӣ, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, бунёди Боғи фарҳангӣ — фароғатиро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ карданд.

Сокинони ноҳияи Нуробод ваъда доданд, ки минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии сиёсии кишварро дастгирӣ ва дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди қисмати марказии Шаҳраки Дарбандро, ки бо дарозии 1,6 километр бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия ва аз ҷониби мутахассисону роҳсозони ватанӣ амалӣ гардид.

Ба иттилои масъулин, дар раванди бунёди роҳ, ҳамчунин, бо дарозии 1,6 километр қубурҳои оҳану бетонӣ ва роҳҳои пиёдагард пурра навсозӣ шуда, аломатгузории роҳ ва чароғонкунии он низ мувофиқи стандартҳои муосир анҷом дода шудааст.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи корҳои сомонёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам обод намудани роҳу гулгаштҳо супоришҳои мушаххас доданд.

defaultРоҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳияро аз назар гузарониданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боз­дид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, бо онҳо суҳбати самимӣ намуда, аз ҳамовозиашон нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод даҳҳо маркази касбомӯзии хурду бузург ба фаъолият пардохтанд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани насли ҷавон нақши муассир доранд.

Пешвои миллат ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.

Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои хушсифат кишоварзони ноҳия, мувофиқи дурнамо, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, тавонис­танд дар таъмини амнияти ғизои мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Дар самти боғдорию токпарварӣ ноҳияи Нуробод дар мамлакат мавқеи хоса дошта, маҳсулоти ниҳоии он ба бозорҳои минтақа ва шаҳри Душанбе содирот мегардад. Майдони боғу токзори ноҳия мутаносибан 470 ва 2 гектарро ташкил дода, ҳар сол ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.

21 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти нав ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бинои шуъбаи кишоварзиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Он дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити кор барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сохта шуда, алҳол дар он 6 мутахассис фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш қаблан дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир ва аз 4 ҳуҷраи корӣ иборат буд. Акнун дар бинои наву замонавӣ мутахассисон имкон доранд, ки ҳуҷҷатнигорӣ, банақшагирӣ, ҳисобот ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро босифат ба иҷро расонанд.

Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои босифати уҳдадориҳо ва ривоҷу равнақи бештари соҳаи кишоварзӣ вазифадор намуданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи хоҷагидоронро тамошо карданд. Аҳли заҳмати ноҳия навъҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, ғалладона, меваи тарутозаи табиӣ, асал ва техникаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ба истифода супурданд.

Он иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб барои беморон мебошад. Дар иншоот барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар шафати Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш ҷойгир буда, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, хусусан COVID-19 бунёд ёфтааст. Дар он ҳуҷраҳои муоина, доругузаронӣ ва бистарнамоӣ мавҷуд буда, табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Ҳангоми шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон масъулонро барои истифодаи босамари дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор ба беморон ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ҳангоми фаъолият бо беморон, пеш аз ҳама, муомилаи хуб дошта бошанд.

Дар ноҳияи Лахш, баробари беморхонаи марказӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ мавҷуд аст, ки 261 нафар мутахассиси соҳа ба 57 ҳазору 130 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинонро аз назар гузарониданд.

Дар он намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва дар маҷмӯъ, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони шаҳраку 9 деҳоти ноҳия намоиш дода шуд.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон асосан намунаи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, маҳсулоти нонӣ ба монанди кулчаю фатир бо андозаҳои гуногун, шириниҳо, чапотӣ, самбӯса ва анвои хӯрокҳои миллӣ, ки ба мардуми ин ноҳияи дурдаст хос мебошанд, муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин, сару­либоси миллӣ, аз қабили чакан, атласу адрас, либоси ягонаи корӣ ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия муаррифӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбати самимӣ бо ҳунармандони чирадаст таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги баланд, бунёдкору ободгар ва меҳнатдӯст мебошад. Дар робита ба ин насли оянда, хоса ҳунармандону фарҳангшиносонро зарур аст, ки анъанаҳои ниёгонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои қадима аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти нав бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни мулоқот ва сокинони заҳматдӯсти ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳама сарчашма зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.

Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи роҳу нақлиёти минтақаи Рашт 13 лоиҳаи сармоя­гузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар Лахш 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 960 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 255 километр роҳ ва 15 пул бунёд гардидааст.

Ҳоло дар минтақаи Рашт, аз ҷумла, ноҳияи Лахш, боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 100 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул бунёд карда мешаванд ва бо анҷоми лоиҳаҳои зикршуда Лахш мисли дигар ноҳия­ҳои минтақа ба масири транзити байналмилалӣ табдил меёбад.

Бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии ноҳия солҳои 1991 — 2020 — ум 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҷумла, барои бунёду ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Питовкул» бо иқтидори 1000 киловатт 23 миллион сомонӣ равона гардид.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 23 бинои нави таълимӣ барои 7000 ҷойи нишаст бунёд ёфта, соли равон сохтмони 2 бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 720 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри истифодаи самараноки имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ, инчунин, дар самти фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, китобхона, боғи фарҳангу фароғат, осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матин­иродаи ноҳияи Лахш дар оянда низ барои ҳимояи дастовардҳои таърихии халқамон саъю талош карда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Тоҷикистони азиз софдилона заҳмат мекашанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Лахш баромад карда, дар бораи рушду пешрафти ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати шукуфоии ин ноҳияи дурдаст андешаронӣ намуданд.

21 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони ноҳия Сарвари давлатро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Тоҷикобод ба фаъолияти Маркази хизматрасонии «Тоҷикобод», ки дар масоҳати 4500 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад, оғози расмӣ бахшиданд. Дар ошёнаи якуми он тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои қабули 40 нафар мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ сохта шудааст, ки дар он шароити хуби баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо муҳайё мебошад.

Дар дохили иншоот намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагию ресандагӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Маркази хизматрасониро оилаи Идиевҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд намуданд. Дар он 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр миннатдорӣ баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод маркази саломатиро, ки бо тарҳи зебо ва замонавӣ аз ҳисоби фонди хайриявии «Тоҷикистон» дар масоҳати 2,5 гектар бунёд гардид, ифтитоҳ намуданд.

Он ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, инчунин, мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ бунёд ёфта, 14 ҷойи нави корӣ муҳайё намуд.

Маркази саломатӣ бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Инчунин, дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи духтури занона, тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро барои ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ муҳим шуморида, кормандонро ба иҷрои сифатноки хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикис­тонро дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар масоҳати 300 метри мураббаъ мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.

Бинои нав бо маблағгузории Кумитаи марказии ҲХДТ, саҳми аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Он аз утоқҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз шудааст.

Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи даст­овардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳияи Тоҷикобод шинос шуданд.

Ба хотири ташрифи Сарвари давлат дар мавзеи навъсанҷӣ сокинони ноҳия намоишгоҳи васеъ ташкил намуда, дар он маҳсулоти нонӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазию омода намудани хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби занону бонувони ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба тарғиб ва ҳифзи ин мероси қадима, инчунин, боз ҳам рушд бахшидани он, бо роҳи ҷалби ҷавондухтарон ба омӯхтани нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ҳидоят намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия низ фаъолона иштирок ва маҳсули меҳнаташонро муаррифӣ карданд. Масоҳати гӯшаи кишоварзон 100 метрро ташкил дода, аз растаҳои тухмии зироати кишоварзӣ, маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагиҳо, сабзавот, картошка, лӯбиёгиҳо, донагиҳо, ҳосили зироати техникӣ, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, асали табиӣ ва ғайра иборат буд. Маҷмӯан, дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 50 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар масоҳати 3200 гектар, аз ҷумла, 1863 гектар заминҳои обӣ ва 1337 гектар заминҳои лалмӣ зироати кишоварзӣ кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Картошка аз зироати кишоварзии ба иқлими ноҳияи Тоҷикобод мутобиқ маҳсуб мешавад ва бо дарназар­дошти ин кишоварзон соли равон кишти беш аз 10 навъи ин намуди зироатро дар майдони 1922 гектар гузаронидаанд. Ҳоло ҷамъоварии картошка дар ноҳия оғоз шуда, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 250 сентнер баробар гардидааст. Дар ноҳия 24 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 1451 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.

Боғдорӣ дар ноҳия тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ­доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пешрафт намуд. Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда мебошад. Майдони боғҳои интенсивӣ дар ноҳия ба 5,2 гектар баробар гардидааст. Дар намоишгоҳ қариб ҳама намуди мева, ки парвариш ва истеҳсоли он дар ноҳияи Тоҷикобод имконпазир аст, ба намоиш гузошта шуд.

Инчунин, занбӯрпарварони ноҳия асали табиии аз лиҳози экологӣ тозаро бо шакл ва ҳаҷми гуногун, ки давоми сол истеҳсол намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Ҳоло дар ноҳия 5932 оилаи занбӯр парвариш карда мешавад ва соли равон ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 33 тоннаро ташкил додааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти мусоид будани иқлими ноҳия, зиёд намудани оилаи занбӯри асалро муҳим шуморида, кишоварзонро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангал 30 намуд гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши ҷангал ва кӯҳистони ноҳия муаррифӣ шуд.

Чорводорӣ низ тайи солҳои охир дар ноҳия рушд намуд ва сокинон сол то сол ҳаҷми истеҳсоли шир ва маҳсулоти шириро зиёд намуданд. Имсол дар ноҳия 10218 тонна шир истеҳсол шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам бештар рушд бахшидани соҳа бо роҳи зиёд намудани майдони кишт ва ҷорӣ кардани усулҳои нави кишту парвариши зироат ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даст­овардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, аз дастгирии сокинони ноҳия аз сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ёдовар шуданд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷик­обод ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Илова бар ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 — 2025» амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорону сокинони ноҳияро дар пешрафти диёр назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки давоми 30 сол дар ноҳия 277 иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, 115 иншоот аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва навсозӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди ноҳия, аз ҷумла, бахши кишоварзиро таҳлил намуда, ба роҳбарони ноҳия ва масъулини соҳаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, заминҳои президентӣ ва наз­диҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат тадбирҳои судманд андешанд.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст. Тайи 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети  давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозиринро бо ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баромад карданд.

www.president.tj