Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор
ноҳияи Сангвор, 20 сентябри соли 2021
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — мардуми сарбаланди ноҳияи Сангвор дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукӯҳу тантанаҳои зиёд таҷлил карданд. Ба ин муносибат сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Сангвор ва ҳамаи шумо — ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти пайвастаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар тӯли 30 соли сипаришуда барои пешрафту ободии ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус, ноҳияҳои дурдасту кӯҳистони он амалҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ амалӣ карда шуданд.
Дар ин раванд, барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия зиёда аз 165 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудаанд.
Дар ин муддат дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли неруи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 6,5 баробар зиёд мебошад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ба масоҳати 71 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон 1522 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 85 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд ва ҳоло дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
Сокинони ноҳия дар хотир доранд, ки ду сол қабл дар маркази ноҳия майдони Парчами давлатӣ, маркази тиҷоратӣ ва майдончаи варзиширо ифтитоҳ намуда, барои бунёди ду бинои маъмурӣ санги асос гузошта будем.
Мо имрӯз низ дар доираи сафари корӣ якчанд иншооти иҷтимоию иқтисодиро мавриди истифода қарор додем, ки самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, мо бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастовардҳои соҳа ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ шинос шудем.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри зебоманзари худ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кор минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.
Бояд гуфт, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 — 2025» барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави кор, амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар корҳои ободонӣ соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия низ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Имрӯз дар ноҳия беш аз 700 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 10 соли пеш 2 баробар зиёд мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бонкҳои кишвар ба сокинони ноҳия барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ 59 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия қариб 83 миллион сомониро ташкил додааст, ки ҳиссаи асосиро дар он маҳсулоти саноати истихроҷ ташкил медиҳад.
Дар қаламрави ноҳия конҳои маъданҳои филизӣ хеле зиёданд, ки истифодаи онҳо метавонад дар оянда ба хеле рушд ёфтани соҳаи саноат мусоидат намояд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар ноҳия коркарди ниҳоии маъдан ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад, зеро бо ҳамин роҳ барои сокинони ноҳия садҳо ҷойи кори доимӣ таъсис додан мумкин аст.
Дар ноҳияи Сангвор соҳаи кишоварзӣ сол ба сол тараққӣ карда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, боғ ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот афзоиш ёфта истодааст.
Ҳанӯз солҳои 1995 — 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани мардуми бекор, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинони ноҳия 450 гектар замини корам ҷудо карда шуда буд.
Дар натиҷаи ин иқдом ва дигар корҳои дар ин самт амалигардида соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 163 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муддати 30 сол 21 баробар, аз ҷумла, маҳсулоти растанипарварӣ 20 баробар ва маҳсулоти чорво 23 баробар зиёд гардидааст.
Бо вуҷуди он ки ноҳияи Сангвор дар минтақаи кӯҳсор ҷойгир аст, соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони зиёда аз 3 ҳазор гектар кишти зироат гузаронида шудааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 1700 гектар ё 2,2 баробар зиёд мебошад.
Дар муқоиса ба соли 1991 кишти ғалладонагиҳо 6,6 баробар, картошка — 8,8, сабзавот — 5,9 ва майдони боғ 7,7 баробар зиёд гардидааст. Инчунин, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ 36 баробар, картошка — 35, сабзавот — 24, мева — 53, гӯшт — 65, шир — 10 ва асал 39 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ноҳияи Сангвор дар 20 соли охир тавассути маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатӣ 650 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, зиёда аз 120 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба истифодаи кишоварзӣ ворид карда шудаанд.
Чорводорӣ низ аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 6,5 баробар, чорвои хурд беш аз 9 баробар ва оилаи занбӯри асал 16 баробар зиёд шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Давлату Ҳукумати мамлакат тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар самти таъмин намудани мардум бо неруи барқ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, солҳои 1991 — 2020 дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла, ноҳияи Сангвор ҷиҳати навсозии хатҳои интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори энергетикӣ чандин лоиҳаи хурду миёнаро амалӣ намудааст.
Таъкид месозам, ки масъалаи мазкур таҳти назари доимии Роҳбари давлат қарор дорад ва мо ҳамаи нақшаҳои худро доир ба таъмини доимии сокинони мамлакат, алалхусус, минтақаҳои кӯҳистони кишвар бо неруи барқ амалӣ мегардонем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия мунтазам афзоиш ёфта, доир ба бунёди муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯ, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар ин самт дар ноҳия 48 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои қариб 3400 ҷойи нишаст бунёд гардида, ҳоло сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия идома дорад.
Имрӯзҳо 340 нафар хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии минтақа тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба эҳтиёҷоти ноҳия ба мутахассисон тибқи квота ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон минбаъд низ идома дода мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат афзоиш ёфта, фаъолияти муназзами 38 муассисаи тандурустии ноҳия таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 4 маркази саломатии деҳот ва 22 бунгоҳи саломатӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби маблағгузории марказонидашудаи буҷети ҷумҳуриявӣ маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис гардидааст.
Бо вуҷуди ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустии ноҳия, хусусан, дар самти таъмини муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Чунон ки мушоҳида мегардад, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар боиси рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, ноҳияи Сангвор гардидааст. Итминон дорам, ки ноҳия ва деҳоти он бо заҳмати софдилонаи сокинон дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо ва шароити зиндагии мардум аз имрӯза дида беҳтар мегардад.
Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, пеш аз ҳама, ба азму талоши созанда ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии роҳбарону масъулон, мутахассисону фаъолон ва ҳар як сокини ноҳия вобаста мебошад.
Бо ҷамъбасти сисолагии истиқлолияти Ватан ва давлати соҳибихтиёри мо ба давраи нави рушди худ ворид мегардад. Яъне, ҳамаи мо вазифадорем, ки корҳои ободониро минбаъд низ вусъат бахшем, диёри худро боз ҳам обод созем, ба шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ фарзандони худро тарбия кунем, онҳоро ба роҳи рост, ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҳидоят кунем.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳия, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза бо эҳсоси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Бори дигар мардуми сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо — ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сисолагии истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!