Панҷуми майи соли 2014 масоили рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки «рушди муносибот бо Туркманистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст».
Гурбонгули Бердимуҳаммедов дар навбати худ муносиботи ду кишварро «босуръат рушдёбанда» номида, ҳамзамон ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон арзи сипос намуд.
Доир ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи робитаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминию ҳавоӣ, зоҳир гардид. Масоили вобаста ба тезонидани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб қарор дошт.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистони ҳамсоя ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми музокирот нуҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон;
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ.
Сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммедов ба натиҷаи мулоқоту музокирот баҳои баланд дода, нисбати дурнамои рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори хушбинӣ карданд.
www.president.tj