Аз саҳифаи таърих

Сулолаи занони мусулмоне, ки зиёда аз сад сол ҳоким буданд

№119 (4381) 23.09.2021

Ё чаро «Толибон» таърихро нодида мегиранд?

Дар барномаи «Меҳвар»-и Шабакаи телевизионии «Тулуънюс» чанде пеш хабарнигор аз Ҳошимӣ ном намояндаи «Толибон» пурсид, ки «чаро дар ҳукумати онҳо ягон вазири зан нест?» Ҳошимӣ дар ҷавоб гуфт: «Чаро ҳатман аз зан бояд вазир бошад?» Ӯ дар идомаи суханаш дар хусуси шоиста набудани занон дар умури давлатӣ бидуни далели мушаххас сафсаттаи зиёд гуфт. Маълум буд, ки аз таърих саводи кофӣ надорад. Ҳол он ки таърих аз миёни занони мусулмон сарварони бисёр варзидаю хизматнишондодаро ёд дорад. Аз ҷумла, чанде пеш сомонаи «Исламосфера. ру» дар бораи сулолаи занони мусулмоне, ки зиёда аз сад сол дар иёлоти Бҳопали Ҳиндустон ҳоким буданд, мақола ба табъ расонид.

Дар он омадааст, ки аз соли 1819 то соли 1926 Бҳопалро сулолаи занони мусулмон хеле муваффақона сарварӣ карда, аз худ ному нишонаи нек боқӣ гузоштаанд.

Вақте ки соли 1819 шоҳи Бҳопал Назар Муҳаммадхон кушта шуд, сарварии иёлат ба зиммаи ҳамсари ӯ Қудсиябегими 18-сола гузашт. Бо вуҷуди ҷавон будан Қудсиябегим мулкашро аз душманони  дохилию хориҷӣ ҳифз карда, боғи меваҳои гуногун бунёд намуда, корҳои давлатдориро хеле оқилона пеш бурд. Соли 1837 духтари ӯ Сикандарбегим ба Ҷаҳонгир Муҳаммад ба шавҳар баромад. Аз ҳамон сол Ҷаҳонгир ҳокими Бҳопал шуд. Вале ӯ низ соли 1844 мисли падарарӯсаш дар ҷавонӣ вафот кард. Сарварӣ ба зиммаи Сикандарбегим гузашт. Дар давраи ҳукмронии ӯ чанд мактабу омӯзишгоҳи техникӣ  сохта шуда, матбуоти давлатӣ таъсис ёфт. Солҳои 1863-1864 Сикандарбегим ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф гардида, хотираҳояшро зери унвони «Саёҳатнома» ба забони тоҷикӣ навишт. Ин китоб ба забони англисӣ тарҷума шуда, соли 1906 дар шаҳри Калкутта нашр гардид.

Пас аз вафоти Сикандарбегим соли 1868 духтараш Шоҳиҷаҳонбегим ҳокими Бҳопал шуд. Ӯ духтари зирак буда, табъи шоирӣ дошт. Ба забонҳои форсию урду шеър менавишт. Инчунин, китобе дар хусуси таърихи Бҳопал зери унвони «Тоҷул иқболи таърихи раёсати Бҳопал» рисолае навиштааст. Бо сарпарастии ин бонуи хирадманд соли 1889 дар шаҳри Уокинг масҷиди «Шоҳиҷаҳон» сохта шуд, ки нахустин  ибодатгоҳи мусулмонон дар Британияи Кабир ба шумор меравад. Инчунин, дар шаҳри Макка бо маблағи Шоҳиҷаҳонбегим як қатор корвонсарою меҳмонхонаҳо барои ҳоҷиён бунёд гардид. Ин бонуи оқила ҳамеша ба Донишгоҳи мусулмонии Алигарҳи Ҳиндустон маблағгузорӣ мекард.

Соли 1901 Шоҳиҷаҳонбегим дар 64-солагӣ аз олам рафт ва ба ҷойи ӯ Ҷаҳонбегим ҳокими Бҳопал гардид. Ӯ дар идоракунии давлатӣ ва системаи ҳуқуқии иёлати Бҳопал як қатор ислоҳот ҷорӣ кард. Солҳои 1908 ва 1911 ба Истанбул сафари давлатӣ намуд. Солҳои 1911 ва 1925 ба Англия рафта, дар маросими ба тахт нишастани Георги V ширкат варзид. Китоби ӯ бо номи «Ҳаёти Шоҳиҷаҳонӣ» аз форсӣ ба англисӣ тарҷума шудааст. Ягона бонуе буд, ки дар раёсати идоракунии Донишгоҳи мусулмони Алигарҳ шомил гардид. Дар давраи роҳбарии ӯ дар Бҳопал роҳи оҳан, хадамоти почта, шаҳрдорӣ ва иншооти гидротехникӣ ба истифода дода шуд.

Аз сулолаи занони мусулмони ҳоким дар Бҳопал то ҳол даҳҳо масҷиду мадраса ва қасрҳои бошукӯҳ мондаанд, ки ёдгориҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Дар замони сарварии Шоҳиҷаҳонбегим бунёди масҷиди «Тоҷулмасоҷид» оғоз ёфт, ки он замон дар нимҷазираи Ҳинд калонтарин ба шумор мерафт.

Соли 1926 Ҷаҳонбегим писараш Муҳаммад Ҳамдуллоҳхонро ҳокими Бҳопал таъин кард. Ҳамдуллоҳхон охирин ҳокими Бҳопал ба шумор меравад. Баъди тақсимшавии Ҳиндустони Бритонӣ ба Ҳиндустону Покистон иёлоти Бҳопал соли 1949 ба ҳайати Ҳиндустон шомил шуд.

Аз давраи пешини ҳокимияти «Толибон» (1996 — 2001) дар ёди мардуми Афғонистон фақат қатлу куштор, вайронкунию террор ва тарсу ҳаросафканӣ мондааст. Яъне, «Толибон» аз сад як ҳиссаи ободкориҳои сулолаи занони мусулмони ҳокими Бҳопалро иҷро накардаанд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»