Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
22 сентябри соли 2021
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Ҳамаи сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Рашт ва шумо ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманду сарбаланд ва фарҳангсолору тамаддунсози мо неъмати бузургтарину бебаҳои зиндагӣ, рамзи ҳастии миллати фарҳангсолору тамаддунсози тоҷик ва чароғи раҳнамои мо ба сӯи фардои осудаву обод мебошад.
Боиси хушнудист, ки аз оғози омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳаёти халқи сарбаландамон як марҳалаи рӯҳбаландии бесобиқа оғоз гардида, хурду бузурги Тоҷикистонро дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон илҳому неруи тоза бахшид.
Дар ин соли барои Тоҷикистони маҳбубамон таърихӣ дар баробари саъю талоши Ҳукумати кишвар сокинони заҳматқарини водии Рашт низ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ сафарбар сохтанд.
Дар баробари ин, бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат барои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва раванди созандагиву бунёдкорӣ заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Бовар дорам, ки дар ояндаи наздиктарин бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи мардум Ватани азизи мо, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт хеле ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар ҷараёни сафари серӯзаи мо ба минтақа даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ифтитоҳ гардид, ки дар онҳо садҳо ҷойи кори нав ва ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагон таъсис дода шуда, шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои водӣ боз ҳам беҳтар гардонида мешавад.
Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ, дар маҷмӯъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расонида шудаанд.
Дар раванди бунёди иншооти зикршуда соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматқарини ноҳияҳо саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Ҳоло корҳо доир ба бунёди иншооти боқимондаи тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинигардида идома доранд ва итминон дорам, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ба анҷом расонида мешаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6,6 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард, Рашт — 1,5 миллиард, Сангвор — 914 миллион, Лахш — 1,2 миллиард ва Тоҷикобод 787 миллион сомонӣ равона шудааст.
Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳияҳои зикршуда 1,4 миллиард сомонӣ маблағҳои мақсаднок ё кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияҳои минтақаи Рашт то имрӯз барои сохтмону таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва интиқоли неруи барқ, кам кардани талафоти он, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз зарари офатҳои табиӣ татбиқи 79 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло амалисозии 21 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 183 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
Танҳо дар даҳ соли охир ба ноҳияҳои минтақа 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шумораи зиёди аҳолӣ мусоидат кардааст.
Ҳамзамон бо ин, ба аҳолии ноҳияҳои минтақа 11,4 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, ки дар муқоиса бо давраи то соли 1991 се баробар зиёд мебошад.
Барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ дар панҷ соли охир дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои минтақа садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Инчунин, дар доираи барномаҳои нави рушди маҳал барои панҷ соли минбаъда амалисозии беш аз 900 лоиҳа ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли 2020 дар ноҳияҳои водии Рашт ба маблағи 155 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бамаротиб зиёд мебошад.
Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи навбатии стратегӣ эълон карда, барои ноил шудан ба он аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро дар ин раванд бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ яке аз роҳҳои асосии бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардуми кишвар мебошад.
Ноҳияҳои минтақа дар ин самт ва хусусан, доир ба рушди саноати коркард захираву имкониятҳои зиёд доранд ва зарур аст, ки истифодаи ҳар чӣ бештари онҳо ба роҳ монда шавад.
Доир ба ҳалли ин масъала, яъне бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва содироти он соҳибкорони ватандӯсти минтақа метавонанд саҳми боз ҳам бештар дошта бошанд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 128 километр хатҳои интиқоли барқ, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 3,2 ҳазор киловатт/соат ва ду бинои маъмурӣ барои шабакаҳои барқии минтақа бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ хеле беҳтар гардидааст.
Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди минтақаи кӯҳсор будани ноҳияҳои водии Рашт кишоварзон дар соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаро ба зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ расонида, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва содироти маҳсулот саҳми арзанда гузоштаанд.
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 1991 дар ноҳияи Рашт 7 баробар, Лахш — 3, Нуробод — 8, Тоҷикобод — 3 ва Сангвор 21 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 1991-ум 3,2 баробар картошка — 4,3, сабзавот — 15, мева — 23 ва асал 11 баробар зиёд гардидааст. Соли 2020 дар минтақа 217 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки 22 фоизи картошкаи дар кишвар истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Илова бар ин, 27 фоизи истеҳсоли асали Тоҷикистон ба ноҳияҳои минтақа рост меояд ва ҳаҷми истеҳсоли он дар соли 2020 ба 1090 тонна расонида шудааст.
Бо вуҷуди ин, захираву имконоти ноҳияҳои водии Рашт дар самти рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор хеле зиёд мебошанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт то имрӯз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.
Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва ба дарвозаи шарқии Тоҷикистон табдил додани минтақаи Рашт лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки яке аз қисмҳои муҳими нақшаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур то соли 2023-юм 86 километр роҳ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ва арзиши умумии 4,3 миллиард сомонӣ дар се марҳала бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Баъди анҷом ёфтани сохтмони ин роҳ рафтуомади бехатари мусофирон ва ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад. Инчунин, дар доираи ин лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллӣ низ бунёду навсозӣ карда мешаванд.
Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки дар ноҳияҳои минтақа дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша қариб 180 километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки бунёди роҳҳои мошингард дар баробари таъмин намудани бехатарии ҳаракати мусофирон ва воситаҳои нақлиёт, инчунин, барои ташкил намудани марказҳои логистикӣ, содироти маҳсулот, рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кор ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони минтақа имконияти мусоид фароҳам меорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. То охири соли ҷорӣ сохтмони боз 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7 ҳазор хонанда бунёд карда мешаванд.
Барои омода намудани мутахассисони ҷавон тибқи Квотаи президентӣ то имрӯз қариб 2000 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои минтақаи Рашт ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул карда шудаанд. Танҳо дар соли таҳсили 2021 – 2022 ба ин ноҳияҳо 118 Квотаи президентӣ ҷудо карда шудааст.
Имрӯз дар минтақа Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии водӣ фаъолият карда истодааст.
Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он дар ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо ин мақсад дар давраи соҳибистиқлолӣ дар минтақаи Рашт 15 маркази саломатии ноҳиявӣ, қариб 130 бунгоҳ ва даҳҳо иншооти дигари тиббӣ бунёду навсозӣ карда шудаанд.
Ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша 25 иншооти нави тиббӣ сохта, дар 75 иншооти дигари соҳа корҳои таҷдиду навсозӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб аз минтақаи Рашт қариб 1000 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла 350 нафар тибқи Квотаи Президенти мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳадафи Давлат ва Ҳукумат аз фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон таъмин намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифати миллӣ мебошад. Зеро, бори дигар таъкид месозам, ки давлат ва Ватанро кадрҳои донишманду босавод ва мутахассисони ботаҷрибаву соҳибмаърифат ободу соҳибӣ карда метавонанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Сисолагии истиқлолияту озодии Тоҷикистон ҷашни ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад.
Барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги таърихӣ мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони водии Рашт дар корҳои ободониву бунёдкории Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ки ба ҳамаи онҳо бори дигар миннатдории самимӣ баён менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти ин минтақа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома ва вусъат мебахшанд.
Ҷашни муқаддасу мубораки истиқлолияту озодии Ватанро бори дигар ба тамоми сокинони шарафманди водии Рашт ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саломатӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!