Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№120 (4382) 25.09.2021

51508171630_76d4508898_o23 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони ­олиқадрро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд, ки аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст. Корҳои сох­тмонӣ дар он соли 2019 дар асоси нақша – чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафо -1» бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон созгор аст. Инчунин, дар он толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофаш дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфтааст. Дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулҳои мавсимӣ низ шинонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рақами 75-ро мавриди истифода қарор доданд.

51506219506_1234faf423_oОн ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи аввал қисмати амалиётӣ, хазина, ҷойҳои ёрирасону толори бойгонӣ ва дар таҳхона ҳуҷраи техникӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм аз ҳуҷраи кории мудири шуъба, кормандон ва китобхона иборат аст. Дар маҷмӯъ, дар бинои филиали БДАТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон 6 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав, компютер ва дигар технологияи муосир таъмин буда, барои кору хизматрасонӣ мувофиқ мебошад.

Фармоишгари иншоот Бонки давлати амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва пуд­ратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед» буда, бо тарҳи меъмории муосир дар масоҳати 419 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд дода, масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 17 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Акнун сокинон имкон доранд, ки маблағҳои андоз ва коммуналиро дар бинои нави бонк пардохт намоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон аз хизматрасониҳои БДАТ «Амонатбонк» зиёда аз 2 ҳазору 230 нафар нафақагир ва кормандони 78 корхонаву ташкилоти буҷетӣ дар самти дастрасии маблағи нафақа ва музди меҳнат истифода мебаранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии ду бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии онҳо 50 садяк заминро дар бар гирифта, замини зери сохтмон 124 метри мураббаъ мебошад. Дар онҳо 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи якҳуҷрадор ва 40 хонаи дуҳуҷрадор ҷойгир мешавад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва лоиҳакаши он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «САНИИОСП» мебошанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи ­бунёди биноҳои истиқоматӣ Сарвари давлат ба таъмини сифати кор дар рафти бунёди сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд.

Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта шуда, дар он шароити мусоид барои зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин, бунёди бинои дигари панҷошёнаи истиқоматии хизматӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносиро ба истифода доданд.

Он аз се ошёна иборат буда, дорои шароит барои маҳфуз дош­тани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар ошёна давраҳои таърихиро инъикос менамояд.

Дар ошёнаи якум толори калони намоиш дар масоҳати 193 метри мураббаъ,  хазина ва даҳлез ҷойгир шудааст. Толори намоиши ошёнаи дуюм дар масоҳати 400 метри мураб­баъ  таърихи ноҳияро дар даврони пеш ва баъди соҳиб­истиқлолии мамлакат фаро мегирад.

Анбори нигоҳдории нигораҳо, ҳуҷраҳои карантинӣ ва либоснигоҳдорӣ, ташхисгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон бо шароити замони муосир, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер ва дигар имконот дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст.

Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ бунёд ёфта, дар он тасвирҳо аз гузаштаи таърихии сокинони ноҳия ҷойгир шудаанд, ки аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Бинои наву замонавӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис» бо сатҳу сифати баланд ба итмом расонида шуданд. Дар рафти сохтмони бино беш аз 45 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гаштанд.

Дар хазинаи осорхонаи нав­бунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст. Он аз 5 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадом вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои IX — XIX ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузошта, сипас, дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр ва баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 35 метрро дар бар мегирад, матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин, гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ — фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Иншоот бо зиёда аз 500 адад ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст. Роҳравҳо сафолакпӯш ва дар маркази майдон фаввораи рангоранг бунёд гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуданд.

Он аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масоҳаташ 3,68 гектарро ташкил медиҳад. Майдони умумии зери иншоот 1446 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 45 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик­роҳсоз» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Маблағгузории иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз чор минбари нишастгоҳ ва ҷойи махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.

Ҳуҷраҳои кории маъмурият, нозир, доварон, ҷойи либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббиён, нуқтаи тиббӣ ва назорати допингии иншооти муосири варзишӣ бо беҳтарин шароит дар қисматҳои зери нишастгоҳҳо сохта шудааст.

Майдони бозии футболи варзишгоҳ 105 бар 68 метрро ташкил дода, масоҳати 13 ҳазору 944 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.

Ҳамчунин, як қисмати иншоот дар масоҳати беш аз 2400 метри мураббаъ сафолакпӯш ва атрофи он ба андозаи 7 ҳазор метри ­мураббаъ кабудизор шудааст. Дар ҳудуди варзишгоҳ 4 равшанидиҳандаи калон ва 25 адад чароғи махсус (торшер) насб шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ифтитоҳи варзишгоҳро туҳфаи арзишманд барои сокинони заҳмат­дӯсти ноҳия маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Балҷувон бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, дар пешрафту ободии Ватан саҳми шоиста мегузоранд.

Зикр шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ 780 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Дар ин давра 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 248 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома доранд.

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2016 – 2020» 25 лоиҳа ба маблағи 84 миллион сомонӣ иҷро шудааст ва дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 боз 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки шароити ноҳия барои рус­танипарварӣ ва чорводорӣ мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, масъулин вазифадор гардиданд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат чораҳои дахлдор андешанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар таъмин намудани мардум бо неруи барқ дар ноҳияи Балҷувон неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт ­сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба маблағи 190 миллион сомонӣ таҷдид гардида, соли 2019 ба истифода дода шуд, ки қадами дигар барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Ҳамчунин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи умумии 85 миллион сомонӣ оғоз гардида, то ҳол дар доираи он 43 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 45 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 5250 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барномаи рангини фарҳангии таҳия­намудаи аҳли санъату ҳунар пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Он аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахши хусусӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов сохта шудааст.

Дар тарабхона, ки 15 нафарро бо шуғл фаро гирифтааст, ба мизоҷон, асосан, хӯрокҳои миллӣ ва замонавӣ аз сайдҳои гуногун омода ва пешниҳод гардида, имкони хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт мавҷуд мебошад. Он дар соҳили дарёи «Талхак», яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия, ҷойгир аст.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

23 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик нахуст Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дастранҷи ҳунармандони ноҳия — кашидадӯзиву гулдӯзӣ, қуроқбофиву атласу адрас, инчунин, маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи заминҳои ҳосилхези ноҳия мебошанд, ба маъраз гузошта шуд.

Зимни суҳбати самимӣ ҳунармандон ба Пешвои миллат барои таваҷҷуҳашон нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ, дастгирии нафарони соҳибистеъдод ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои гуногун барои рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки дар он барои истироҳати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам омада, дарахтони нодиру зебои сояафкан, ба монанди «Кипарис», «Можевелник», «Серенаи ҳиндӣ» ва «Каштан», инчунин, 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ, шинонида шудааст, ошноӣ пайдо намуданд.

Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба таври муосир роҳандозӣ гардидааст. 2250 метри мураббаъ роҳравҳои ин макони фарҳангӣ бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гаштааст. Ҳамчунин, дар боғ атраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун ва барои сокинону меҳмонон нуқтаи алоҳидаи хӯроки умум ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст низ бунёд шудааст.

Аз ду тарафи боғ даромадгоҳ бо услуби баланди меъморӣ ва ороишоти зебо бунёд ёфта, инчунин, фаввораҳои замонавӣ бо шаклу услуби хоса сохта шудааст. Навсозии иншоот соли 2019 оғоз гардида, ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳия ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ­масъулинро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншоот вазифадор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

 Дар майдони мазкур барои сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид, аз ҷумла 4 фаввораи замонавӣ аз ду тарафи он, бунёд шудааст.

Гирду атрофи иншооти навро гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд. Дар маҷмӯъ, 132 метри мураббаи майдони Нишони давлатӣ майсазор гардида, дар гирду атрофи он наздики 1000 адад гулҳои мавсимӣ бо шаклу ороишоти гуногун шинонида шудааст.

Ҳамчунин, роҳрав ва ҳудуди иншоот дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сафолакпӯш гаштааст. Шомгоҳон 15 сутунпоя бо чароғҳо равшании майдонро таъмин мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки гирду атрофи иншоотро ҳамеша ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот бо дарназардошти стандартҳои муосир бунёд шуда, аз толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 150 ҷой, ошхона барои 48 нафар, китобхона бо толори хониш, синфхонаи инкишофи кӯдак барои омода намудани кӯдакон ба мактаб, утоқи махсус барои омӯзиши бозии шоҳмот бо тахтаи электронӣ ва компютери намуди моноблок иборат мебошад. Инчунин, дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳоро дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҷараёни корҳои сомонёфта ва суҳбат бо омӯзгорон, таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири таълим, маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва афзудани дастовардҳои соҳа саъю талоши бештар намоянд ва дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузоранд.

Дар шафати муассисаи нав­бунёд майдончаи варзишии бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаи ҳарбӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии дифои ҳарбии хонандагон бунёд шуда, гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин, саҳн ва роҳравҳои муассиса дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба маорифчиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо фароҳам шудани шароити хуби таълимӣ маорифчиёни ноҳия ба Сарвари давлат миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, қомат афрохтанаш ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам намуд. Баландии Парчам бо дарназардошти сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метр мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми неку наҷиб хонданд.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ҷиҳати зебою назаррабо гардидани майдони Парчами давлатӣ 500 ниҳоли ҳамешасабзи арча, 200 дарахти ороишии маҳаллӣ ва хориҷии навъҳои «Магнолия», «Клён» ва «Каштан» шинонида шуда, атрофи он бо деворнигораҳои замонавӣ иҳота гардидааст, ки инъи­коскунандаи расму оини миллӣ мебошад. Роҳравҳо дар масоҳати 2600 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, 3 фаввораи замонавӣ ва 82 чароғаки равшанидиҳанда насб шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд, баҳои баланд доданд.

www.president.tj