Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим — Жомарт Токаев

№121 (4383) 28.09.2021

242626703_2395822767228761_5608019146059162391_n24 сентябри соли 2021 зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъа­лаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохт­мони маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гузоштани номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бунёди нимпайкараи ӯ, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, зимни баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ҳар ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо дарназардошти вазъияти мураккаби Афғонистон, таҳдиду хатарҳои нав дар минтақа ва зарурати таҳкими сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар самти ҳарбию техникӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

www.majmilli.tj