Панҷуми майи соли 2014 Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид.
Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифт.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.
Мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома меёбад.
www.president.tj