25 сентябри соли равон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии «Бонги най» бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара дар мавзӯи «Мо барои васл кардан омадем» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин конференсияҳо дар остонаи Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳар сол таҷлил мегардад, дар деҳоти Сангтӯда ба ҳукми анъана даромадааст ва ташаббускори асосии он раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ — оммавии «Бонги най» Сайҳомиддин Назруллоев аст.
Дар кори конференсия олимони мавлоношинос, адибон, рӯзноманигорон, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳаводорони назми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ширкат варзиданд.
Меҳмононро дар назди бинои МТМУ №9-и деҳаи Сангтӯда «Мавлоно» дар либоси замони хеш ва абёте аз «Маснавии маънавӣ» пазироӣ намуд.
Конференсия аз мулоқоти олимону адибон бо хонандагон ва иштирокчиёни озмуни Мавлавихонӣ оғоз ёфта, дар 5 суҳбаткада сурат гирифт. Дар бахши аввал хонандагон дар бораи зиндагиномаи орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар бахши ду робитаи Мавлоно бо Шамси Табрезӣ ва бахшҳои дигар — доир ба таъсири осори Мавлоно ба шоирону мутафаккирони баъдї, омӯзиши осори ӯ дар гӯшаҳои олам маълумот дода, аз ашъори Мавлоно ғазалҳо қироат намуданд. Хуш буд, ки дар қироати ғазалҳо аз хонандагони синфҳои якум то ёздаҳум ширкат варзиданд. Яке аз шартҳо қироати 15 ғазал аз ашъори Мавлоно буд ва дар он низ чанд хонанда иштирок карданд. Вале беш аз ҳама меҳмононро бахши охир — озмуни Мавлавихонӣ ва байтбараке, ки барои муайян намудани ҷои аввал миёни хонандагони МТМУ №12 — и шаҳри Қўрғонтеппа Сумайяи Қиёмиддин ва МТМУ №14 — и ноҳияи Данғара Аҳдия Турахонова ташкил шуд, писанд омад. Байтбарак хеле зебову ширин идома ёфта, хонандагон собит намуданд, ки дар ҳақиқат ба ашъори ҳамдиёри худ — Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ меҳру муҳаббати беандоза доранд ва аз осори ў шеъру ғазали зиёд аз бар намудаанд. Иштирокчиёни конференсия ба дониш ва ҳунари шеърхонии њар ду хонанда бањои баланд доданд. Дар натиҷа Сумайяи Қиёмиддин сазовори ҷои аввал ва Аҳдия Турахонова лоиқи ҷои дуюм дониста шуд. Ҷои сеюм насиби хонандаи МТМУ №9 Мафтуна Гурезова гашт. Аз рӯи шартҳои дигар Омина Саидова ва Саидаҳмади Саидакрам (МТМУ №14, н.Данғара), Майрам Назруллоева ва Шаббода Наботова (МТМУ №9, Сангтӯда), Сумайяи Сироҷиддин ва Сабрина Саидмуродова сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Ба ду нафар ғолибони озмунҳои «Мавлавихонӣ»-и минтақавӣ- Озода Исмоилова (МТМУ №125, ш.Душанбе) ва Сайёра Нурова( МТМУ №13, н. А.Ҷомӣ) низ ҷоизаҳо тақдим шуд. Онҳоро ба ғолибон Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон тақдим намуд.
«Имрӯз зодагони диёри бостонии Сангтӯда аз 4 — сола то 70 — сола бо меҳри бепоён ва аз сари сидқ ба осори Мавлоно ҳусни таваҷҷуҳ карда, чун ворисони ҳақиқии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аҳвол ва осори ӯро беҳтару бештар меомӯзанд ва тарғиб мекунанд», — иброз дошт Сайҳомиддин Назруллоев. Дар анҷоми конференсия номбурда ба меҳмонону иштирокчиён, хусусан директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода барои дастгирӣ арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки минбаъд дар дигар манотиқи кишвар низ таваҷҷуҳ ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар гашта, дар озмунҳои оянда шумораи иштирокчиён зиёдтар хоҳад шуд.
Ба конференсия чанд маърӯза оид ба осори гаронмояи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид, ки дар шакли маҷмӯаи дастаҷамъӣ ба табъ хоҳанд расид.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»