Дар барқияи таҳнияти Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба муносибати зодрӯзатон табрикоти самимонатарини маро бипазиред.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи азими рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро тай намуда, дар соҳаи сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва мавқеи қавиро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гардид.
Кишварҳои узви СААД раисии Тоҷикистонро дар созмон, саҳми шахсии Шуморо дар бунёд ва рушди бомароми СААД, таҳкими сулҳу субот дар паҳнои бузурги АвруОсиё баланд арзёбӣ мекунанд.
Дар ин рӯзи пуршукӯҳ, иҷозат фармоед ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии комил, саодат ва комёбиҳои нав дар фаъолияти Шумо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намоям».
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбош ба унвонии Сарвари давлат чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Моҳи гузашта Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатиашро бошукӯҳ таҷлил намуд ва дар шаҳри Душанбе нишасти 20-уми ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай муваффақона доир гардид, ки Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯст аз ин самимона шод аст. Ман бовар дорам, ки зери роҳбарии тавонои ҷаноби Президент дар ҷумҳурӣ комёбиҳои нав ва бештар муҳим ба даст оварда мешаванд.
Дар пешорӯи тағйироту пандемияи дар тӯли сад сол диданашуда, Хитой ва Тоҷикистон якдигарро бо матонат дастгирӣ менамоянд ва муносибот миёни ҳар ду давлат ба санҷиш тоб оварданд. Иттиҳод оид ба масоили рушд ва иттиҳод оид ба амният пурра ва устувор ҳастанд ва онҳо дар сафи пеши иттиҳоди ҷаҳонӣ дар мусоидат ба бунёди «Иттиҳод бо тақдири ягонаи инсоният» қарор доранд.
Ман ба рушди муносибатҳои Хитой ва Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳам ва муносибатҳои хуби кориро, ки бо Шумо барқарор шудаанд, қадр мекунам ва омодаам бо шумо кор кунам, то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Хитой ва Тоҷикистон ба сатҳи нав баромада, ба ҳар ду давлат ва мардуми он манфиат орад.
Ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолиятатон муваффақият таманно дорам».
Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар барқияи шодбош ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона ва бо орзуҳои беҳтарин табрик мегӯям.
Мо аз дӯстии Гурҷистону Тоҷикистон, ки тӯли даҳсолаҳо тӯл мекашанд, ифтихор менамоем. Бовар дорам, ки ин дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар оянда ҳам ба манфиати халқҳоямон боз ҳам таҳким хоҳад ёфт.
Ҷаноби Олӣ, лутфан эҳтироми маро бо таманниёти умри бардавом, сиҳатмандӣ ва муваффақиятҳо дар корҳоятон ва сулҳу шукуфоӣ ба Тоҷикистон ва мардуми дӯсти тоҷик қабул фармоед».
Воридшавии номаҳои шодбош ба унвони Пешвои миллат идома доранд.
www.president.tj