Аз ҳаёти вакилони халқ

Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест…

№127-128 (4389-4390) 12.10.2021

шафиев ИДар миёни мо одамоне ҳам зиндагӣ мекунанд, ки на танҳо зиндагиашонро месозанд, балки дар таъмиру тармими бинои зиндагии ҷомеа саҳм мегузоранд. Ҳаёти ин гуна инсонҳо сазовори омӯзиш ва пайравӣ аст. Вақте ки оид ба ин рисолати инсонӣ меандешам, пеши назарам симои Исмоил Шафиев ба ҷилва меояд.

Инсон таъсирпазир аст, муҳит, одамон, оила ба камоли вай саҳм мегузоранд. Исмоил ҳам дар муҳите ба воя расидааст, ки одамони аз кӯҳистони ҷумҳурӣ ба водии Вахш муҳоҷиршуда давронсозӣ мекарданд. Падараш Бобои Шафӣ дар миёни онҳо арақи ҷабин мерехту барои корам кардани ҳар ваҷаб замини асрҳо бекорхобида талош меварзид. Исмоил низ ёвари беминнати падар буд. Вай аз қиблагоҳ дарси матонату мардонагӣ меомӯхт, ҳамон дарсе, ки ба зиндагиаш таъсир гузошту ӯро ба қуллаҳои баланд расонд.

Ӯ баъди хатми мактаб донишҷӯи факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд ва онро соли 1983 хатм кард. Тақдир Исмоилро ба Ҷамъияти матлуботи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) овард ва солҳои зиёд дар зинаҳои гуногуни он адои вазифа намуда, то раисии Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон расид. Аммо ҳамаи ин гӯё оғози роҳи ӯ барои хидмат кардан ба халқу Ватан буд.

Солҳои навадуми асри гузашта сахтии зиёд ба сари халқи тоҷик омад. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар доман зад. Дар он давраи басо душвор фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва барои барҳам задани оташи ҷангу бунёд кардани Тоҷикистони ободу озод камари ҳиммат баст. Исмоил Шафиев низ аз ҳамон замон чун сарбози Ватан дил ба амри Сарвари давлат дод. Ба ӯ соли 1996 раисии шаҳри Сарбанд (ҳоло Леваканд)-ро лоиқ донистанд. Бо масъулияти баланд ба кор сар кард, ҳамеша кӯшиш менамуд, ки ба боварии роҳбарияти олии мамлакат сазовор бошад. Масъулиятшиносиашро ба назар гирифта, соли 2001 ӯро раиси ноҳияи Ғозималик (Хуросон) таъин намуданд. Он солҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бунёдкории мамлакатро пеш гирифт. Кишвареро, ки аз ҷанг зарари ҷиддӣ дида, қисман ба харобазор мубаддал гашта буд, аз нав бунёд кардан лозим меомад. Исмоил Шафиев низ чун пайрави ҳақиқии Сарвари давлат ба корҳои ободонӣ дар Хуросон камар баст. Вай ҳар як дастуру супориши Президенти кишвар ва роҳбарияти вилояти Хатлонро бечунучаро иҷро мекард.

Баъдан, ӯро соли 2007 директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Дар он вазифа то соли 2010 кор кард ва бо сари баланд ба нафақа баромад.

Хидмати софдилонааш бо мукофоти зиёд қадрдонӣ гаштааст. Дар миёни онҳо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон низ ба чашм мехӯрад, ки соли 1997 барои хидматҳои арзишмандаш ба он сазовор шудааст. Инчунин, бо раҳматнома аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои қиматнок аз тарафи мақомоти кишвар мукофотонида шудааст.

Исмоил Шафиев худро фарзанди халқ медонист ва хизмат ба миллатро қарзи инсонӣ меҳисобид. Ҳамин буд, ки ӯро солҳои 1995 – 2000 вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати якум аз ҳавзаи интихоботии Авангард интихоб намуданд.

Номбурда нафаре буд, ки таҷрибаи зиндагӣ, рафтору гуфтору кирдораш лоиқ ба омӯзишу пайравист. Зиндагиномаи чунин шахсиятҳо барои ҷомеа, хусусан баҳри ҷавонон, сабақи омӯзанда ва роҳнамои хубест. Ӯ то нафасҳои охирини зиндагӣ ба роҳи пешгирифта содиқ буд. Инро низ ёдрас шудан бамаврид аст, ки вақте Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, вай дар шумори аввалин касоне буд, ки ба узвияти он пайваст.

Аз некон боғ мемонад, мегӯянд. Ҳоло ёру дӯстон ва ҳар касе, ки Исмоил Шафиевро мешинохт ӯро бо некӣ ба ёд меорад. Мо ҳам ба суроғи ёру ошнои Исмоил Шафиев рафтем ва дар бораи ӯ ҳар куҷо сухани хуш шунидем.

Сангалӣ Раҳимов, собиқ сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар бораи ӯ чунин гуфт: «Истеъдоди баланди роҳбарӣ дошт. Ба ҳеҷ кас сухани қабеҳ намегуфт. Дар он ҷойҳое кор кард, ки дар ҳоли таназзул қарор доштанд, аммо ӯ он маконҳоро обод кард, пешрав намуд. Оид ба фаъолияти нафароне ба мисли Исмоил Шафиев бояд роман навишт, танҳо бо ду сухан намешавад дар бораи онҳо ҳарф зад».

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода вақте фаҳмид, ки дар бораи Исмоил Шафиев мақола навиштанием, дилашро шодӣ фаро гирифт ва пас аз каме таҳаммул гуфт: «Ӯ ходими давлатӣ-сиёсӣ ва ҷамъиятӣ буд. Дар барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай ҳиссиёт ва диди баланди хештаншиносӣ ва ватанхоҳӣ дошт. Инсони хоксор ва саховатманд буд.

Фарзандони солеҳ ва обрӯманд дорад, ки дастуру гуфта ва насиҳатҳои падарро бечунучаро иҷро мекунанд. Кам оилаҳоро дидаам, ки фарзандон дар чунин вазифаҳои баланди давлатӣ кор карда, то ин ҳад дар итоати фармони падар бошанд.

Инсони дасткушод буд. Солҳои охири ҳаёт ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият дошт ва ба собиқадорон кумак мерасонид. Ташаббускор буд. Дар ҳар шаҳру ноҳия ва соҳае, ки ба ҳайси роҳбар кор кард, он ҷоро аз қафомондагӣ раҳо бахшида, пешқадам гардонид».

Султон Валиев, яке аз дӯс­тони Исмоил Шафиев ҳангоми суҳбат таъкид кард, ки одамони дорои хислатҳои хуб зиёд ҳастанд, аммо Исмоил ҳама хислати хубро дар ботинаш ҷамъ карда буд. Вақте ки бо ӯ бори аввал суҳбат мекардӣ, чунонат менамуд, ки ӯро солҳои зиёдест мешиносӣ. Ҳамеша бо меҳр сухан мегуфт. Чеҳраи кушода дошт, зиёд самимӣ буд. Ҳар қадар ки дар мансаб боло мерафт, ҳамон андоза хоксор мешуд. Мансаб ӯро тағйир надод. Ба халқу миллат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр содиқ буд. Алҳол ҳамин хислату рафторҳои ӯро дар фарзандонаш мебинем.

Исмоил Шафиев дар тарбияи фарзандон воқеан ҳам, шахси муваффақ аст. Фарзандонаш бо сари баланд падарро ба ёд меоранд, мисли ӯ ҳамеша ба кори хайр машғул мешаванд. Ҳини суҳбат писараш Дилшод Шафизода ба мо гуфт: «Падарон бузурганд, ба қадри онҳо бояд бирасем. Баъди вафоти падар дар деҳоти «Гулистон» хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Исмоил Шафиро ташкил кардем, ки 15 гектар замини кишт дорад. Имсол хоҷагӣ дар шаҳри Левакант аввалин шуда нақшаи пахтаро иҷро кард. То ба ҳол иҷрои нақшаро ба 130 фоиз расонидем. Аз ҳисоби хоҷагӣ ба эҳтиёҷмандон ёрӣ мерасонем. Фаъолони хоҷагӣ пайваста қадрдонӣ мешаванд ва фикр мекунам, ки ин муваффақиятҳо аз баракати номи падари бузургворамон аст».

Фарзандони Исмоил Шафиев ҳоло на танҳо фахри ӯянд, балки бо хизмати софдилона дар ҷомеа обрӯю мартаба доранд. Халқ беҳуда намегӯяд, ки фарзанди нек боғи падар аст. Ҳоло аз ҳисоби фарзандон боғи Исмоил Шафиев сабзу хуррам аст. Онҳо номи неки падарро зинда медоранд.

Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Ворис,

 «Садои мардум»