Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№127-128 (4389-4390) 12.10.2021

51561417471_b8d1b38833_o7 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму симимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозӣ ифтитоҳ намуданд.

Он ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам шудааст.

Ҳадаф аз таҷдиди он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон маҳсуб меёбад.

Дар толор баъди навсозӣ нахустин чорабинӣ — мулоқоту суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо, ки ба ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона ва бо меҳри падарона суҳбат намуда, туҳфаҳо — сарулибос ва кумаки пулӣ тақдим карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд бояд то ба воя расидану ба ҳаёти мустақил гусел кардан, таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор дошта бошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд муҷассамаи «Дуои модар»-ро ки дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, рамзи изҳори муҳаб­бати поку самимӣ нисбат ба модар, қадршиносии модари тоҷик бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Он бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метр аст. Саҳни муҷассама бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободӣ изҳори сипос карда, ин амали созандаро шоистаи таҳсин номиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.

Он дар асоси Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии техникии Ширкати «Аэр Ант» — и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Лоиҳаи сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдинтиз» бо тарҳу намуди хоса, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандис» ва Ширкати «Алюминиюм»-и давлати Туркия анҷом дода шуда, корҳои васлу насби таҷҳизоту лавозимоти техникию технологӣ ва пардозгариро Ширкати «Осмонли»-и давлати Туркия иҷро кард.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои лоиҳа ва сифати корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ баҳои баланд доданд ва ташаббусҳои роҳбарияти фурудгоҳ, иштироки фаъолонаи коргарону мутахассисонро баҳри то ба дараҷаи сатҳу стандартҳои меъёрӣ расонидани иншооти фурудгоҳ шоиста арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ карда шавад.

Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникии бинои аэровокзал, ба масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ба 64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумӣ 84 метр ба 64 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун 17,2 метр аст.

Ҳамчунин, мутобиқи лоиҳа аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои чун «Аэробус А320» ва «Боинг 767-300» васл мешавад.

Дар марҳилаи минбаъдаи тат­биқи лоиҳа муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал пешбинӣ гардидааст.

Дар саҳни фурудгоҳ роҳи давродавр сохта, бо сифати баланд мумфарш гардидааст, ки мусофирон метавонанд тавассути нақлиёт то даромадгоҳи аэровокзал расанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар»-ро ифтитоҳ намуданд.

Он бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Самадов дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон бо иқтидори истеҳсолии 500 дона шифери асбестӣ дар як шабонарӯз бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 1,16 гектар замин бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ дар асоси лоиҳа сохта шудааст.

Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант»-и шаҳри Бӯстон анҷом додаанд.

Хати технологӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардида, аз озмоиши техникию технологӣ гузаштааст. Идоракунӣ ва ҷараёни кори маҷмӯи таҷҳизоти технологиро дар асоси технологияи рақамӣ ва автоматӣ пурра мутахассисони ватанӣ амалӣ менамоянд. Дар корхона 25 нафар коргару мутахассис бо маоши баланд ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои истеҳсоли шифери ­асбестӣ ашёи хом — асбест ва семент истифода мешавад. Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ барои воридоти ашёи хом асбестро аз Федератсияи Россия ва Қазоқистон ҳаридорӣ менамоянд. Дар истеҳсоли шифери асбестӣ сементи истеҳсоли корхонаи ватанӣ истифода мегардад.

Маҳсулоти сохтмонӣ — шиферҳои асбестӣ, ки дар корхона истеҳсол мегардад, ивазкунандаи воридот мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва суҳбат бо соҳибкорон, мутахассисону коргарон таъкид доштанд, ки танҳо технологияҳои пешрафта ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз роҳу имкониятҳои рушди босуботи иқтисоди миллӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва пурра коҳиш додани воридоти маҳсулоти тайёр аз хориҷи кишвар, раҳоии иқтисодиёт аз вобастагии берунӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону мутахассисони корхона дастуру супориш доданд, ки бо истифода аз имкониятҳо ва масоҳати мавҷуда барои сохтмон корхонаро васеъ намуда, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва истеҳсоли номгӯи нави маҳсулотро ба роҳ монанд.

Муассис ва соҳибкорони корхона ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста, ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳо изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар масоҳати мавҷуда боз як иншооти коргоҳи навро оид ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ — рубероид бунёд менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро, ки дар саҳни корхона ташкил гардид, аз назар гузарониданд.

Дар он маҳсулоти сохтмонию ороишии корхонаҳои саноатии вилоят муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсулоти саноатии намоишгоҳ ба сифати онҳо баҳои баланд дода, зикр карданд, ки соҳибкорони ватанӣ дар таъсиси корхонаҳои соҳа ва ворид намудани истифодаи технологияҳои пешрафта саҳми шоиста доранд.

   Зикр шуд, ки дар шаҳри Бӯстон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 10 корхонаю коргоҳи саноатӣ бунёд ёфтааст, ки дар онҳо истеҳсоли беш аз 20 номгӯи маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият менамояд, ки аз он 4 корхона дар вилояти Суғд, 3 — вилояти Хатлон, 3 — шаҳри Душанбе ва 3-то дар шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошанд. Иқтидори умумии онҳо 4,2 миллион адад шиферро ташкил дода, 397 сокинони маҳаллиро бо кор таъмин кардаанд.

Соли 2020 ба миқдори 1 миллиону 842 ҳазор дона шифер ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба миқдори 422 ҳазор дона зиёд аст. Дар ҳашт моҳи соли 2021-ум 1 миллиону 328 ҳазор дона шифер истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 ҳазор дона зиёд мебошад.

Соли 2021 бо иштироки Роҳбари давлат дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 1,1 миллион дона ба фаъолият оғоз намуд.

Инчунин, ду корхонаи нави шифербарорӣ – ҶДММ «МУАЗ»дар шаҳри Душанбе ва ҶММ «Юсуфҷон 2020» дар шаҳри Ҳисор мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо амалӣ кардани тадбирҳои созанда дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ 6 маротиба воридоти маҳсулоти асбестӣ, аз ҷумла шифер, кам гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси оилаи Рауповҳо бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, дар он 18 синфхона бо 460 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷой дода шудааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ буда, бо шароити муосири таълим сохта шудааст.

 Таҳсил дар он бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитойӣ низ дар назар дошта шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040- «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» дар муассиса тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Дар саҳни мактаб майдончаи варзишӣ бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи сеюми бинои нави таълимӣ толори варзишӣ ҷой дода шуда, хонандагон ба бозиҳои баскетбол, волейбол ва каратэ ҷалб мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони муассисаи таълимии хусусӣ суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳама ғамхорӣ барои ояндаи дурахшони насли наврас мебошад. Дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватан хизмати шоиста намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии «Ворисони илм» шинос шуданд. Дар он 100 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба дӯстрӯякон туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади ҳифзи саломатии мардум бунёд гардида, бо шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ муҳайё шудааст.

Қаблан Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин» дар бинои собиқи ҷамоати деҳот фаъолият дошт ва бештар аз 35 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасониданд.

Бинои нави он бо харҷи 2 миллиону 278 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, рентген, табобати дандон, таҳлилгоҳ, ултрасадо ва дар ошёнаи дуюм маъмурият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, гузаронидани сӯзандору ва ҳуҷраи хатна ҷой дода шудааст.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин» ба маблағи 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурии тиббӣ ворид шуд, ки ин тасмим дар таъмини солимии ҷомеа ва осон шудани кори кормандон мусоидат мекунад.

Дар ҳудуди Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин» нуқтаи ёрии таъҷилӣ иборат аз 5 ҳуҷра бо харҷи бештар аз 170 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ фароҳам гардид. Дар деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздики 15 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати самимӣ намуда, ба масъулон супориш доданд, ки шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии дигар деҳоти дурдаст низ беҳтар карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии «Зарзамин»-ро ба истифода доданд, ки барои тарбияи 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.

Он аз 2 ошёна, гурӯҳҳо — хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст. Бо бунёди кӯдакистони «Зарзамин» 20 ҷойи кор фароҳам оварда шуда, барои фаъолият мутахассисони баландихтисос ҷалб гардидаанд. Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Бинои кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Дар шафати бинои асосӣ ошхона, толори маҷлис ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъо­лияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Президенти мамлакат таъсиси муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кӯдакистон дар деҳот вазифадор намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб — кӯдакистони «Махзани илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова бунёд гардидааст.

Он бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандаву кӯдакон пешбинӣ гаштааст. Аз ҷумла, дар муассиса 40 нафар хонанда ба машғулиятҳои иловагӣ — омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, хитойӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар шафати мактаб бинои кӯдакистон бунёд шудааст, ки он аз ду ошёна иборат буда, дар шаш гурӯҳ 120 нафар кӯдак тарбия мегиранд. Онҳо дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёният, тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ, муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар таҳхонаи иншоот асосан толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой дода шудааст. Муассиса дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имкониятҳои кӯдакистон аст.

Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон, ҳамчунин, ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитойӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ ҷалб мешаванд.

Тарбиятгирандагон дар чор вақт бо ғизо таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хистеварз»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд, ки дар қисми асосии бинои он мактаби замонавии «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии сеошёна бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ба омӯзгорон ва таҳсили хонандагон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шуда, барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар беҳтарин шароит муҳайё гардида, 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, химия, география ва рассомӣ ҷой дода шудааст. Синфхонаҳои фаннӣ ва утоқҳои корӣ бо лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевон, тахтаҳои электронӣ, компютер, аёнияту таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаб ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 40 нафараи омӯзгорони муассисаи таълимии «Дурахшандагон» имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд. Ҳамчунин, 10 нафар омӯзгори ботаҷриба аз Федератсияи Россия даъват шудаанд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд.

Дар шафати муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон барои аҳолӣ ҳамоми замонавӣ сохта шудааст, ки дорои шароити зарурӣ буда, бо сис­темаи гармидиҳӣ таъмин аст. Дар он 10 нафар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоиши ҳунарҳои мардумиро, ки дар саҳни ҳавлии марказ доир гардид, аз назар гузарониданд. Дар он хӯрокҳои миллӣ, нону маҳсулоти хамирӣ, навъҳои гуногуни асал, бандубасти маҳсулоти марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳо, хушкмева ва нақшунигораҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара Панҷакент, Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ба тамошо гузошта шуд.

Зикр шуд, ки дар сехи дӯзандагии маркази ҳунарҳои мардумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 мошинаи муосири дарздӯзӣ ва 30 дастгоҳи бофандагӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 100 нафар дар сехи дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ ва аврабандӣ, ки дар қисми дигари сехи дӯзандагӣ ҷойгир аст, ба кор ҷалб шудаанд.

Дар он ҷо матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Ҳамчунин, илова гардид, ки дар коргоҳ ҳар рӯз аз ҳар як дастгоҳи атласу адрасбофӣ 10 — 15 метр матои аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад.

Баъди шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани тадбири хайр ба масъулин барору муваффақият орзу карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳористони деҳоти «Хис­теварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи «Баҳорис­тон» бунёд шуда, дар 4 гурӯҳ 160 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон имконият фароҳам овард, ки 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд.

Бинои «Шукуфаҳои Истиқлол» аз 2 ошёна иборат буда, дар майдони 0,70 гектар замин бунёд шудааст ва дар он шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, ба мураббияҳо ва роҳбарияти кӯдакистон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ба воя расонидани кӯдакони зирак ва солиму соҳибмаълумот саҳми арзанда гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам дар деҳаи «Баҳористон» ягон кӯдакистон мавҷуд набуд ва сокинон фарзандонашонро ба маркази ҷамоат ва кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои ноҳия мебурданд.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» то ҳол дар деҳоти «Хистеварз» 10,6 километр роҳи мошингарди дохили маҳаллаҳо мумфашр гардидааст.

Ҳамчунин, дар деҳот бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукӯҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба муносибати сиюмин солгарди истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуб самимона таб­рик гуфта, сипас бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар вилоят давоми се соли охир корҳои бузурги созандагӣ вусъат гирифта, дар ин давра зиёда аз 8000 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасох­торӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат ба мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша барои иқдоми хайрхоҳона ба хотири ободии Ватан миннатдорӣ баён карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли соҳиб­истиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби ҳама сарчашма беш аз 48 миллиард сомонӣ равона кардааст.

Дар вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағҳои дар доираи онҳо азхудшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Дар зарфи 15 соли охир ба вилоят ба маблағи 24 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки зиёда аз 15 миллиард сомонии он сармоягузории мустақим мебошад. Инчунин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 – 2020» 192 лоиҳа ба маблағи умумии 7,8 миллиард сомонӣ иҷро шуда, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 — 2025 татбиқи боз 243 лоиҳа ба маблағи 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаҳои гуногуни вилоят низ сол ба сол афзуда, аз 37 миллион сомонии соли 2001 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст, ки беш аз 65 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 73 фоизи соли 1999 то ба 15,4 фоиз дар соли 2020 паст шудааст, ки дастоварди хеле назаррас мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои муҳими иқтисоди миллии вилоятро пурра таҳлил намуда, ёдовар шуданд, ки соҳаи саноат яке аз муҳимтаринҳо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои гуногуни он иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ ташаккул ёфтаанд. Дар натиҷаи истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 1,5 миллиард сомонии соли 1995 то ба 15,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ба 51 фоиз расидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд соҳаи кишоварзӣ низ бомаром тараққӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,3 баробар афзудааст ва соли 2020 ба 12 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Вобаста ба иқтидорҳои истифоданашудаи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноативу кишоварзӣ вазифдор гардиданд, ки ҳама тадбирро роҳандозӣ намоянд, то саҳми вилоят дар таъмини ду ҳадафи стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат боз ҳам бештар гардад.

Дар зарфи сӣ соли охир дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Суғд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маб­лағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 450 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, 71 пул ва 2 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар вилояти Суғд 780 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 370 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёди боз 52 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои беш аз 27 ҳазор хонанда ба нақша гирифта шуд.

Даврони истиқлолият соҳаи тандурустии вилоят, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, хеле рушд ёфтааст. Дар ин давра 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 17 беморхона ва маркази тиббӣ, 39 шуъбаи табобатӣ, 91 маркази саломатӣ, 149 бунгоҳи саломатӣ ва 20 иншооти дигар сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо дар 8 соли охир барои муассисаҳои тандурустии вилоят ба маблағи 130 миллион сомонӣ таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардидааст.

 Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз пешравиҳои вилояти Суғд дар зарфи сӣ соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони сарбаланди вилоят ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикис­тони маҳбуб чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳм мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуд, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолии кишвар, рушду пешрафти вилояти Суғд ва талошҳову тадбирҳои Пешвои миллат баҳри таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони мамлакат буд.

8 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Спитамен»-ро ифтитоҳ карданд, ки онро соҳибкори ватанӣ-муа­ссиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» Нав­рӯз Комилов ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 60 садяк замин бунёд намудааст. Барои бунёди корхона ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ 15,5 млн. сомонӣ сарф гардидааст.

Дар корхона истеҳсоли 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, зардоби панир, шири қиёмкардашуда, сметан, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушк баробар мебошад.

Истеҳсоли шири хушк дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан ин номгӯи маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Шири хушки дар «Шири Спитамен» истеҳсолшаванда дар бозор рақобатпазир буда, ба содирот нигаронида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхона ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла шири хушк ва содироти он ба хориҷи мамлакатро қадами муҳим дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар маънидод карданд.

Шири хушк бо тамғаи тоҷикӣ дар бастаҳои 1, 2, 3 ва 25 килограмм истеҳсол карда мешавад. Шир ба корхона аз хоҷагиҳои чорводорӣ, инчунин, аҳолии ноҳия ҷамъоварӣ ва тавассути 6 мошини махсус ворид карда мешавад. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр низ автомашинаҳои бо таҷҳизоти зарурӣ муҳайёшуда омодаи кор мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Спитамен» ва фаъолияти он бо иқтидори пурра 75 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардиданд. Барои нигоҳ доштани маҳсулот се сардхонаи ҷавобгӯ ба стандарти муосир бо ғунҷоишӣ беш аз 20 тонна сохта шудааст. Корхона дорои озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, шир пеш аз коркард аз ташхиси пурраи химиявӣ, физикавӣ ва микробиологӣ гузаронида мешавад. Дар сурати таъмин будани бехатарӣ сипас ба истеҳсолот равона мегардад.

Сифат ва бехатарии маҳсулоти тайёр низ то ба фурӯш баровардан дар чанд марҳила санҷида мешавад. Дар озмоишгоҳ мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи ғанӣ кор мекунанд.

Дар ҳамон ҷо намоишгоҳи маҳсулоти ширии истеҳсоли корхонаҳои зертобеи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» ташкил ва номгӯи зиёди маҳсулоти аз шири табиӣ омодашудаи корхонаҳои «Комбинати шири Душанбе», «Фабрикаи шири Саодат», «Шири Зафаробод» ва «Нури Сафар»-и ноҳияи Мастчоҳ, ки дорои сифати баланд мебошанд, ба маъраз гузошта шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҷумҳурӣ дар як сол дар ҳаҷми то 7 ҳазор тонна ба маблағи 6,2 миллион доллар шири хушк ворид мегардид. Акнун бо ҷорӣ кардани истеҳсоли шири хушк, ки ивазкунандаи воридот мебошад, талабот ба он дар ҷумҳурӣ коҳиш дода мешавад.

Тибқи стандартҳои таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, истифодаи ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза бисёр муҳим аст.

Дар корхонаи нав таҷрибаи муосири истеҳсоли шири хушк бе илова кардани равғани нахл ва дигар моддаҳои кимёвӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба саломатии инсон безарар мебошад.

Масъулини корхонаи «Шири Спитамен» бо афзоиши иқтидори корхона, пас аз таъмини бозори дохилӣ, ният доранд содироти онро ба хориҷа ба роҳ монанд. Талабот ба шири хушк дар кишварҳои Покистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон зиёд аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен аз хоҷагии деҳқонии «Саидмурод Саркор» дидан намуданд.

Он дорои 320 гектар замин, аз ҷумла 84 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдорон кишту парвариши ҳама навъи зироатро ба роҳ мемонанд.

Дар назди хоҷагӣ сокинони ноҳияи Спитамен намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, ҳосили зироати аз кишти такрорӣ ҷамъовардаро ба маъраз гузоштанд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, соли равон хоҷагидорони ноҳия дар майдони умумии 1770 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Дар кишти такрорӣ кишоварзон шолӣ, зироати лӯбиёгӣ, сабзавот, картошка ва дигар навъи зироати ба иқлими ноҳия мутобиқро кишт намудаанд. Ҳоло ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама хоҷагии деҳқонии ноҳияи Спитамен ҳам аз кишти асосӣ ва ҳам аз кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Маҳсулоти кишоварзии аз заминҳои ноҳия бадастомада, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки то моҳи сентябри соли равон кишоварзони ноҳияи Спитамен аз масоҳати умумии заминҳои киштшуда, ки ба 15028 гектар баробар аст, 15550 тонна ғалладонагӣ, 3091 тонна сабзавот, 1586 тонна полезӣ, зиёда аз 3000 тонна картошка ва 1200 тонна ҷуворимакка барои дон ҷамъоварӣ намудаанд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Саидмурод Саркор» бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуданд. Соли равон саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 48,3 гектар пахтаи навъи «мая» кишт намудаанд.

Айни замон дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ҷамъоварии ҳосил идома дошта, дар чанде аз онҳо аллакай чиниши якум ба анҷом расидааст. Соли равон масоҳати умумии зироати пахта дар ноҳия ба 6027 гектар расонида шудааст ва ҳосили дар корхонаҳои пахтатозакунӣ ҷамъоваришуда 6572 тоннаро ташкил медиҳад, ки 47 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони зироати кишоварзиро дар ноҳияи Спитамен шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, масъулинро барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани пахта дар дохили мамлакат вазифадор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян»-ро ифтитоҳ намуданд, ки соли 2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, самти фаъолияташ ба тоза намудани пахта ва коркарди ниҳоии он нигаронида шудааст.

51565058468_f8785444d9_oОн дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 2350 метри мураббаъ бунёд шуда, дар коргоҳ 2 дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ насб гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» дорои корхонаи пахтатозакунӣ низ ҳаст ва ашёи хомро аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ва атрофи он харидорӣ намуда, коркард мекунад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2019 низ аз ҷониби ҷамъияти мазкур бо мақсади коркарди чигит коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Спитамен ва коргоҳи истеҳсоли риштаи матоъбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд. Инак, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор пахтаи дар корхонаи пахтатозакунии ҷамъият тозакардашуда дар сатҳи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар коргоҳ навъҳои гуногуни сачоқ, халат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли ин номгӯи маҳсулот дар ҷумҳурӣ бори нахуст ба роҳ монда шуд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад. Маҳсулоти дар коргоҳ истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. Мақсад аз таъсиси коргоҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина, таъсис додани ҷойҳои нави кор мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолии нав дар «Органик Ян» боз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кор баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба корҳои бунёду нав­созии роҳи мошингарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад. Дар марҳилаи татбиқи ­лоиҳа дар ин масири роҳ корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки роҳи мошингарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо фармоиши Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузори грантии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи «Марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ», бо маблағи 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар зарфи се сол пурра таҷдиду навсозӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, дар доираи лоиҳа роҳи мошингарди қитъаи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо дарозии 21,9 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,3 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ, Конибодом — Кучкак бо дарозии 10 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ ва Куруш — Бекобод бо дарозии 12,3 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, дар маҷмӯъ, бо дарозии умумии 50,5 километр, пурра таъмиру навсозӣ мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои бунёду навсозӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, зеро лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаи Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди савдою тиҷорати наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии рафтуомади сокинону сайёҳон дар ҳама фасли сол амалӣ мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» дидан намуданд.

Он cоли 2016 таъсис ёфта, дар ихтиёр 8 гектар замин, аз ҷумла 5 гектар боғи хурмо ва 2 гектар анор, дорад. Фаъолияти хоҷагӣ, асосан ба боғдорӣ равона шуда, дар он 12 нафар саҳмдор кор мекунад.

Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи босамари замин дар байни қатори ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳ, дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ сабзавоту полезӣ парвариш намуда, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меоранд, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба усули парвариши дарахтони ҳосилдеҳ дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» баҳои баланд дода, ба деҳқонони ботаҷриба барои истеҳсоли мева, сабзавоту полезии тарутозаи табиӣ ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар фаровонии бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд.

Меваи хурмо ва анори хоҷагӣ асосан, навъҳои маҳаллии серҳосил буда, боғдорон ҳар сол дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар боғи хурмо 10 тонна ва аз ҳар гектар боғи анор наздики як тонна ҳосил ба даст меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар талабгори зиёд доранд, ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагӣ дар кишти такрорӣ асосан карам, сирпиёз, шалғам, турб, ҷуворимакка барои дон ва кабудӣ кишт карда шудааст.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Боғдорон парвариши ниҳоли дарахтони хурмо, анор, гелос, чормағз ва дигар навъи ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳро ба роҳ монда, бо мақсади бунёди боғҳои нав ба вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.

Дар ҳамон ҷо аҳли заҳмати ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсулоти истеҳсолкардаро ба намоиш гузоштанд, ки дар он навъҳои гуногуни меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 2980 метри мураббаъ барои зиёда аз 1200 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар он бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргару мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мубин» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир анҷом дода шудааст.

«Мактаби Пулотов» аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла 2 ташхисгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи технологияи иттилоотии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет, 2 синфхонаи технологӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқ барои омӯзиши шоҳмот, ҳуҷраҳои корӣ, китобхонаи электронӣ, толори маҷлисгоҳ барои зиёда аз 100 нафар, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, толори варзишӣ-гимнастикӣ, ҳуҷраи тиббию дандонпизишкӣ, буғхона ва дигар иншооти ёрирасон аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин, барои хонандагон китобхона бунёд шудааст, ки он дорои зиёда аз 9000 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва дастурҳои методии таълимӣ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дар синфхонаҳо бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ доир карданд ва онҳоро ба омӯзиши ҳар чӣ бештари донишҳои замони муосир, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз шумули нахустин муассисаи ғайридавлатиест, ки соли 1996 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он, тарбияи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат ва баланд бардоштани сатҳи таълим тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Солҳои аввали ташкилёбӣ дар он 21 нафар омӯзгор фаъолият дошт, ки шумораи хонандаҳо он вақт 78 нафарро ташкил медод. Ҳоло дар муассиса 676 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 44 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд.

Шароити мусоиди таълимӣ имкон фароҳам овард, ки 57 нафар хонандаи таълимгоҳ зимни ширкат дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.

Дар он 111 ҳуҷраи корӣ, осорхона, китобхона, толори варзишӣ ва утоқҳои техникӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.

Бинои дигари иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 90 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст ҷойгир аст.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити кор дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуда, ба онҳо барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин Мактаби байналмилалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.

Он дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услуби миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассиса барои таҳсили 550 нафар хонанда, таълиму тарбияи 50 нафар кӯдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз 2 бинои 4 ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пӯшида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёнияти мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Корҳои сохтмониро беш аз 100 нафар бинокору мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи гурӯҳи рушди саноатӣ» анҷом додаанд.

 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти муассиса ва шароити фароҳамшуда шинос шуданд.

Дар муассиса таълими томактабӣ низ бо усули нав ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулияту ҳуҷраҳои бозӣ ва истироҳати кӯдакони синни томактабӣ бо лавозимоти сатҳи стандартӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Фаъолияти муассиса тибқи Барномаи таълимии «Кембриҷ»-и Британияи Кабир роҳандозӣ шуда, таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.

Хатмкунандагони мактаб соҳиби сертификати таълимии байналмиллалӣ мешаванд.

Дар «Мактаби Оксфорд» алҳол 32 нафар омӯзгор фаъолият дошта, 14 нафар аз давлатҳои хориҷӣ — Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада бо таҷрибаи кор дар мактабҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд ва 12 нафар омӯзгори маҳаллӣ, ки аз озмуни сатҳи талаботи байналмилалӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб шудаанд.

Дар муассиса баҳри роҳандозии усули нави таълим шароити стандарти ҷаҳонӣ фароҳам шуда, омӯзиши амиқу ҳаматарафаи фанҳо, ташаккули донишу ҷаҳонбинии сатҳи байналмилалии хонандагон таъмин мегардад.

Саидмурод Давлатов иқдом намудааст, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти муассисаи таълимӣ барои 200 нафар хонанда хобгоҳ низ бунёд намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдатти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи брендии «Форел»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Шодиев ва ҳамкоронаш бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Тарабхонаи сеошёна дорои толори баргузории чорабиниҳои фарҳангию маросимҳои миллӣ, қаҳвахона, ҳуҷраҳои истеъмоли хӯрок буда, дар он зиёда аз 50 нафар ба тайёр намудани таомҳо ва хизматрасонӣ ҷалб шудаанд. Дар он асосан навъҳои гуногуни моҳӣ пухта ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Моҳиро мутахассисону пазандаҳои корозмуда дар ошдону тафдонҳо ва танӯрҳо бо тарзу усули хоса мепазанд.

Дар Маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи «Форел» бори нахуст таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, хунуккунӣ ва ҳавокашии «Чиллер»-и истеҳсоли давлати Голландия ворид ва насб гардидааст.

Соҳибкорон бо мақсади ташкили хизматрасонии сатҳи баланд ва муаррифии табиати зебои шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё ҳавз сохта, бо ҳунару маҳорати пазандаю пешхизматҳо моҳӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои соҳибкорони ватаниро дар ободии кишвар шоиста арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки соҳибкор Муҳсин Шодиев ва пайравонаш дар соҳили дарёи Душанбе, дар пойтахти мамлакат низ қаҳвахона бо номи «Форел» таъсис додаанд.

www.president.tj