Сафари кории Пешвои миллат ба Подшоҳии Белгия

№127-128 (4389-4390), 129 (4391) 14.10.2021

10 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия рафтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар сафар вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шарл Мишел

51576426903_76b449fbac_o11 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикис­тон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда табодули андеша намуданд.

Омода намудан ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб муфид ва татбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва аҳамияти «Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027» ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Зимни мулоқот тавсеаи муносибатҳо дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷониба дар бахши амният низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин зимн, ҷонибҳо ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намуданд.

Дар фарҷом Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Элиан Тилйё

51575863467_44c8f9bd0f_o11 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурданд. 

Ҳамчунин, масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷриба оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳавасмандии зиёд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва гуманитариву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ зоҳир гардид. Мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои гуфтугӯи ҷонибҳо буд.

Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Гуфтугӯи Пешвои миллат бо Ҷозеп Боррелл

51576781282_206300c48d_o11 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл вохӯрӣ намуданд.

Дар рафти он масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду нумӯи муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин, таъкид доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисод, тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули «иқтисоди сабз», изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро қайд намуданд.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳар чӣ бештари робитаҳо амалисозии санадҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо зарур аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, бобати ҳамкории ҷонибҳо дар самти аз байн бурдани пандемияи коронавирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рафъи оқибатҳои он ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур Пешвои миллат аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кумак дар рафти оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат, инчунин, ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос намуданд.

Дар робита ба ин, Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқро дар иншооти гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашум ва аз рӯйи партовҳои газҳои гулхонаӣ ҷойи 135-ро ишғол менамояд.

Ҷаноби Ҷозеп Боррелл саҳми боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли ­масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим баланд арзёбӣ карда, иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе ташкил хоҳанд дод.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар Тоҷикис­тон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Талош­ҳои судманди муштарак, бахусус, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои «БОМКА» ва «КАДАП», таъкид гардид.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишвар бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд ёфт.

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

51580769174_69e48f2ce1_oДар он масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос карда, бо таассуроти нек аз сафарҳои қаблӣ ба Подшоҳии Белгия, бахусус, аввалин мулоқот бо Аълоҳазрат Подшоҳ Алберти II, ёдовар шуданд. Зикр шуд, ки Подшоҳии Белгия яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар минтақа мебошад.

Рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика,  бахшҳои гуногуни саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ҳар ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ­масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ карданд. Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра, таъкид гардид, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2020 ва Подшоҳии Белгия дар навбати худ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикис­тонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ менамояд.

Аз қабули барнома ва лои­ҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Инчунин, зикр шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуданд.

Зимнан, ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар анҷом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала суҳбат намуданд.

51580477898_536b61bb3a_oДар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори сипос карда, хонум Тери Ҳакаларо барои таъин шуданаш ба вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ табрик гуфтанд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд.

Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ шуд. Ҷонибҳо аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки робитаҳо дар доираи муколамаи сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният, инчунин, вохӯрии қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, ­масъалаҳои рушду густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикис­тон барои ҳамкории зич бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ омода аст.

Кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумита оид ба ҳамкорӣ майдони мусоид барои баррасии масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ номида шуд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон, бо дарназар­дошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ, ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.

Зимни мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин, ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвар, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ саҳми боризи Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» баланд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки омодааст минбаъд низ ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

51580950249_ff131b81d4_oПрезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахши тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаи вохӯрӣ қадами наве дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи ­фаъо­лияти гумрукӣ низ баррасӣ карданд. Дар ин зимн фаъол кардани ҳамкории судманд бо Созмони ҷаҳонии гумрук барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикр­шуда баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки Тоҷикис­тон соли 2018 меъёри боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии савдоро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Изҳори итминон карда шуд, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷети давлат, инчунин, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа саҳми арзанда мегузоранд.

www.president.tj