Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ то 14 октябри соли равон, беш аз 40 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фариддун Маҳмадализода иттилоъ дода, аз ҷумла, гуфт, ки нақшаро ВМКБ 100 фоиз, вилояти Суғд – 33, вилояти Хатлон – 30, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 62 ва шаҳри Душанбе 53 дарсад иҷро кардаанд.
Бино ба маълумоти сардори шуъбаи даъвати Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон Нурулло Раҳимзода, ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон нақшаи сафарбаркунии наваскаронро пурра ва ноҳияҳои Носири Хусрав 81,5 фоиз, Балҷувон — 70,3 ва Данғара 69,7 фоиз таъмин намуданд.
Тибқи иттилои муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд, подполковник Фариддун Наимзода, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд нақшаи даъват 75 фоиз, Кӯҳистони Масчоҳ — 57,1 ва шаҳри Бӯстон 50 фоиз иҷро гардид. Аммо дар шаҳри Истиқлол (9,5 фоиз), Хуҷанд (14,9), Панҷакент (27,2), Конибодом (29,2) иҷрои нақшаи даъват суст ҷараён дошта, беҳбудиро талаб дорад.
Раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродов низ иттилоъ дод, ки нақшаи ноҳия вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат пурра иҷро шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол аз 1 октябр то 30 ноябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир мегардад.
Муҳаммад ЗОКИР,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
Диловари МИРЗО,
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»