Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Фаронса

№129 (4391) 14.10.2021

51584429269_552381908f_o12 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ аз шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия ба Ҷумҳурии Фаронса рафтанд.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар он вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

13 октябри соли 2021 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом, дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Барои баргузории чорабинӣ саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ идона ороста шуда, парчамҳои ҳар ду давлат овезон гардида, горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта, дар макони ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Баъд аз садо додани сурудҳои миллии ҳар ду давлат горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо қадамзании мутантан гузар кард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса пас аз муаррифии ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ба анҷом расид.

13 октябри соли 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

51583762826_fda9a558a5_oБарои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашид. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон меҳмони олимақом, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайра мақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хоса ба ҷониби Фаронса изҳори сипос карда, аз робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса, ки дар рӯҳияи эҳтирому дарназардошти манофеи миллии кишварҳо мунтазам густариш меёбад, ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҳар ду кишвар номиданд.

Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсионию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни  баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ, инчунин, ба ҳалли мушкилот вобаста ба пандемияи коронавирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ҳар ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки кишварҳо имкони фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро соҳибанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лои­ҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин, ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.

Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар навсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дода шуд.

Ҳамчунин, ба иштироки ҷониби Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии системаи бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Қайд гардид, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд.

Фаъолгардонии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Ассотсиатсияи ширкатҳои «МЕДЕФИ» Фаронса аз имконоти дигари ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод номида шуд. Аз омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои давраи то соли 2026 изҳори қаноатмандӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвар, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷӯён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ баррасӣ гардид.

Зимни баррасии масоили амнияти минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва минтақаро ташкил медиҳад. Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар он кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Фаронса даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар саҳни ҳавлии Қасри Елисей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар назди доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

51585859119_50c044ca58_o13 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардум мебошад.

Пеш аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Фаронсаро ба маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса, дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи  манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани намоишгоҳ арзи сипос намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин рӯйдод ба  роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ҳар ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Сарони давлатҳо дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо нигораҳои нодир шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони барӯманди он дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикис­тонро муаррифӣ карданд.

Мардуми Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷи­кистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикис­тон дастрас гардид, ки тавассути онҳо зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигора ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри XIX аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст. Он бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол ёфт.

13 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше мулоқот карданд.

Зимни он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ҳар ду кишвар судманд изҳори омодагӣ карданд.

Дар муносиботи кишварҳо ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеи хоса дорад ва ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Фаронса — Осиёи Марказӣ ва робитаи байни вакилон ба эҷоди боварию эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба, инчунин, заминаҳои ҳуқуқии онҳо, мусоидат мекунад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Фаронса омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии «Бактрия» (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо «Эразмус Мундус» ва «Эразмус плюс» махсус қайд гардид.

Ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикис­тон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии сарҳад тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

www.president.tj