Мувофиқи иттилои сомонаи «Газета.уз», олимони Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон аз помидор ваксинаи хӯрданбоб ихтироъ намуданд. Ба гуфтаи яке аз муҳаққиқон, баъди истеъмоли чунин помидор ҳуҷайраҳои номдори ваксинадор дар меъда тақсим шуда, антиген (тавлидкунандаи антител) ҳосил мекунанд.
Муҳаққиқони ӯзбек зимни гузаронидани таҷриба қисми тоҷи коронавирусро ба ҳуҷайраи ниҳоли помидор ворид намуданд. Баъди ҳосилдиҳии помидор муайян шуд, ки аз ҳуҷайраҳои ҳосили помидор ваксинаи зидди коронавирус ҷудо мешавад. Ҳоло дар Федератсияи Россия ва Канада низ чунин ваксинаҳои хӯрданбобро аз таҷриба мегузаронанд. Масалан, дар шаҳри Санкт-Петербург ваксинаи хӯрданбоби дар асоси бактерияҳои маҳсулоти ширӣ (ряженка) тайёршударо санҷида истодаанд.
Дар Канада бар асоси тамокуи Бентхам ваксинаи дудкунанда тайёр намуданд. Вазири рушди инноватсионии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов иттилоъ додааст, ки олимони Маркази байналмилалии аллергологияи молекулавии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Вена (Австрия) лоиҳаи дигареро барои мубориза бо COVID-19 амалӣ карда истодаанд. Мувофиқи он таҳқиқот, агар ба модагови дӯшоӣ ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шавад, дар шири вай иммуноглобулини А пайдо мешавад. Чун иммуноглобулин ба организми шахси истеъмолкунандаи шир ворид шавад, ба муқобили коронавирус мубориза хоҳад бурд.
Тавре дар шумораи №102 (4364)- и рӯзнома иттилоъ додем, дорусози тоҷик Саидвалӣ Ҳикматов ҳанӯз якуним сол қабл аз ин таҷрибаҳо аз сиёҳдонаву асал ва якчанд гиёҳи шифобахш маҳлули пошанда ва нӯшдоруи «Антиковид-19» ихтироъ намуд, ки шахсони аз давоҳои мазкур истифоданамуда ба самаранокии онҳо қоил шуданд. Мутаассифона, олимони соҳа ин ихтирооти ватаниро ҳадди ақал барои истифодаи иловагӣ зимни пешгирию муолиҷаи коронавирус ба ҷаҳониён муаррифӣ накарданд. Ба ҷойи онҳо олимони Австралия, Дания ва Покистон барои пешгирию муолиҷаи коронавирус манфиат доштани сиёҳдонаро собит намуданд. Минбаъд олимони дигар кишварҳо низ дар пажӯҳишгоҳҳо дуруст будани тавсияи мазкурро исбот хоҳанд кард, вале мақолаҳои соли гузашта дар рӯзномаи «Садои мардум» ва дигар нашрияҳои кишвар чопшуда баёнгари онанд, ки ба коронавирус даво будани сиёҳдонаро, пеш аз ҳама, дорусози тоҷик, сарвари ҶДММ «Авитсенна» Саидвалӣ Ҳикматов пешниҳод кардааст.
С. АМИНИЁН,
«Садои мардум»