«Балҷувон» рӯнамоӣ шуд

№132 (4394) 26.10.2021

photo_2021-10-18_10-20-41Дар даврони сӣ соли соҳибис­тиқлолӣ як зумра адибон ба майдони адабиёт қадам гузош­танд, ки бо эҷоди асарҳои рангин ба пайкари адабиёт нафаси тоза дамиданд. Яке аз онҳо Гулчеҳра Муҳаммадиева аст, ки бо офаридани як силсила асарҳо, аз қабили «Як шаб», «Қасоси зан», «Бӯи модар», «Чордодарон», «Ишораабрӯ», «Ору ва шоҳпарак», «Афсонаи товус», «Яке буд яке набуд…», «Ғалабаи Ситора»… ба дили хонандагон роҳ ёфтаву муҳиби мухлисони адабиёт гаштааст.

Чанде пеш дар Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе рӯнамоии ду китоби тозанашри Гулчеҳра Муҳаммадиева «Балҷувон» ва «Офтоби оламоро» баргузор гардид. Дар маҳфил шоирону нависандагон, мухлисону дӯстдорони каломи бадеъ ва мактабиён ширкат варзиданд. Дар оғоз директори китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯнамоии китобҳои тозанашр ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ то охири сол дар китобхона пайваста баргузор мешаванд. Ин гуна чорабиниҳо аслан ба як суннати хоси ин даргоҳи маърифат табдил ёфтаанд. Вай афзуд, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева аз насли адибонест, ки ба мавзӯи зан, васфи Ватан ва адабиёти бачагона бештар таваҷҷуҳ доранд. Меҳри адабиёт дар дили ӯ аз даврони мактабхонӣ пайдо гашта, ниҳоят, ба олами рангини адаб роҳнамунаш сохтааст.

Китоби «Офтоби оламоро»-и адиб маҷмӯаи беҳтарин шеърҳои бачагона аст, ки аз ашъори устод Садриддин Айнӣ то шоирони муосир гирдоварӣ шудааст. Он ба наврасон имконият медиҳад, ки бе заҳмат ба шеъри дилхоҳашон дастрасӣ дошта бошанд.

«Балҷувон» асари дигари нависанда аст, ки ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нашр расидааст. Китобро бо ду хат — кириллӣ ва форсӣ ҶДММ «ЭР-граф» чоп кардааст.

Гулчеҳра Муҳаммадиева гуфт, ки «Балҷувон» бо хоҳиши падараш навишта шудааст. Ҳарчанд ин корро ӯ дар замони зинда будани қиблагоҳ анҷом дода натавонист, аммо дар ниҳоят ба хотири шод гардонидани рӯҳи падар онро сомон бахшид.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зикр кард, ки рисолати нависанда дар баробари дунёи маънавии хонанда хеле бузург аст. Гулчеҳра Муҳаммадиева бо дарки ҳамин нукта қалам ба даст гирифта эҷод мекунад. Вай бо эҷоди китоби «Балҷувон» ба як гӯшаи зебои Тоҷикистон рӯҳи тоза бахшидааст. Тавонистааст, ки Балҷувонро, сокинони барӯмандашро, табиати нотакрорашро, олами ҳайвоноташро ба хонанда муаррифӣ созад.

Шоир ва донишманди маъруф Муҳтарам Ҳотам зимни таҳлилу баррасии китоби «Балҷувон» иброз дошт, ки Балҷувон дорои таърихи хос аст, мутаассифона, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтааст. Китоби навиштаи Гулчеҳра Муҳаммадиева барои ин кор то андозае мусоидат мекунад.

Рӯзноманигор ва муҳаққиқ Одили Нозир гуфт, ки навиштани китобҳое амсоли «Балҷувон» дар ҷаҳон роиҷ аст. Ин гуна асарҳо дар бораи маконҳои хос дар Россия, Аврупову Америка бисёр навишта шудаанд. Хушбахтона, дар кишвари мо низ адибон ба эҷоди чунин асарҳо рӯ овардаанд. Намунаи барҷастаи ин кор китоби «Балҷувон»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева мебошад. Бо мутолиаи он хонанда бо Балҷувон ошно мешавад, дар бораи ин гӯшаи хоки Ватан маълумоти бештар пайдо мекунад. Ҳатто аҳамияти ин гуна асарҳо дар рушди сайёҳӣ хеле баланд аст.

Воқеан, нависанда бо китоби худ хонандаро ба сайри бекигарии Балҷувон, нигораҳо ва рӯзгори ниёкон дар ин хиттаи биҳиштӣ, кору пайкори бонувони балҷувонӣ, фарзандони машҳури он даъват менамояд. Ӯ, ҳамчунин, рушди мактабу маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳаёти ҷавонон ва бунёдкориҳоро дар Балҷувон ба риштаи тасвир кашидааст. Китоб бо акси фарзандони барӯманди он диёр, биноҳои маъмуриву таърихӣ, манзараҳои дилфиреб, гулу гиёҳҳои дармонбахш, парандаву чарандаҳои нодир оро ёфтааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»