Япония яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аст. Китобхонаи миллии парламентии он низ яке аз бузургтарин махзанҳои китоб дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки соли 1948 барои хизматрасонӣ ба вакилони парламенти он таъсис дода шудааст. Аз рӯйи имконот ва ҳадаф ин махзанро ба Китобхонаи Конгресси ИМА баробар медонанд.
Китобхонаи миллии парламенти Япония асосан аз ду шуъба, ки дар Токио ва Киото воқеанд, иборат буда, дар баъзе аз минтақаҳои кишвар шуъбаҳои он амал мекунанд. Илова бар ин, дар Япония, дар маҷмӯъ 1369 китобхонаи оммавӣ мавҷуд аст. Аз 716 китобхонаи донишгоҳӣ 556 адади он хусусӣ мебошад.
Китобхонаи миллии парламенти Япония дар асоси се китобхонаи гуногун ташкил ёфтааст: китобхонаи палатаи пэрҳо, китобхонаи палатаи намояндагон ва китобхонаи императорӣ. То саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолияти китобхонаи парламентӣ маҳдуд буд. Ҳатто вакилони парламент низ ба сарчашмаҳои дорои маълумоти муҳим дастрасӣ надоштанд. Вақте ки Япония дар ҷанг мағлуб шуд, фармондеҳи қӯшунҳои ишғолгари ИМА Д. Макартур пешниҳод кард, ки барои демократикунонии ҷомеа дар системаи Китобхонаи миллии парламентии кишвар низ ислоҳот бояд гузаронд. Соли 1946 палатаҳои Парламент Кумитаи доимии Китобхонаи миллии парламентиро ташкил карданд. Дар гузаронидани ислоҳоти системаи Китобхонаи парламентӣ хизмати таърихнигор – марксист Горо Ханӣ, ки солҳои ҷанг дар маҳбас қарор дошт ва баъдан сарвари Палатаи мушовирон интихоб шуд, калон аст.
Соли 1948, моҳи июн, баъди анҷоми ислоҳот, дар Қасри вохӯриҳо (собиқ қасри Акасака, ки ҳангоми ҷанг аз бомбаборон зарар дида буд) маросими ифтитоҳи Китобхонаи миллии парламентӣ баргузор шуд. Он вақт махзани маърифатӣ 100 ҳазор ҷилд китоб дошт. Сиёсатмадор Токудзиро Канамори аввалин директори он китобхона буд.
Соли 1949 китобхона бо Китобхонаи миллӣ (собиқ китобхонаи императорӣ) якҷоя карда шуд. То соли 1986 теъдоди хазинаи китобхона ба 12 миллион нусха маҳсулоти чопӣ расид. Талаботи хонандагони сершуморро ба назар гирифта, дар чанд шаҳру ноҳия ва муассисаю ташкилотҳо шуъбаҳои китобхона таъсис дода шуданд. Аз Китобхонаи парламенти Япония на танҳо вакилон, балки хоҳишмандон метавонанд истифода баранд. Беш аз 90 фоизи ҳуҷҷатҳои Китобхонаи миллии парламентӣ дар феҳристи электронӣ ҷойгир шудааст, ки ин доираи истифодабарии хазинаро васеътар мекунад.
Зимнан, ҳар сол қариб 10 ҳазор хатмкунанда дар муассисаҳои олии Япония дипломи тахассуси китобдориро мегиранд. Ихтисоси китобдорӣ дар 230 донишгоҳи мамлакат омӯзонда мешавад.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»