Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом аз наздик ошно гардида, нахуст аз иншооти обкашии шаҳр дидан намуд. Абдураҳмон Қодирӣ 250 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоят ҷудо карда, ба масъулин барои васл намудани ду агрегати обкашӣ дастур дод.
Зимни сафари корӣ дар деҳоти ба номи А.Лоҳутии шаҳри Конибодом Абдураҳмон Қодирӣ бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43 -ро ба истифода дод. Бинои куҳнаи мактаби мазкур ҳанӯз солҳои 50 — уми асри гузашта сохта шуда буд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бо ду миллион сомонӣ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони бинои мактаб барои 300 нафар хонанда ҳанӯз соли 2010 оғоз гардида буд. Бинои нави мактаб бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфта, синфхонаҳои он бо тамоми лавозимоти хониш таъмин гардидаанд. Раиси вилоят аз синфхонаҳои мактаб дидан намуда, бо вазъи хониши хонандагон ошно шуд.
Дар деҳоти ба номи Ҳамробоеви шаҳри Конибодом раиси вилоят бо деҳқонон оид ба таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ байни саҳмдорон, ки ба деҳқонон имконияти соҳиб шудан ба заминро фароҳам меорад, мулоқот карда, зикр намуд, ки дар натиҷаи ислоҳот якчанд муаммоҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Дар анҷоми мулоқот ба 96 нафар сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин супорида шуд.
Дар маркази шаҳри Конибодом бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оиди обод ва аз нав барқарор намудани роҳҳои автомобилгард, дар доираи «Соли роҳҳои обод», ба мумфаршкунии кӯчаи Бобомуродов оғоз бахшида шуд.
Ҳамзамон Абдураҳмон Қодирӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо вазъи кунунии кинотеатри ба номи Комил Ёрматов шинос шуда, зикр намуд, ки солҳои оянда ин бино ба Қасри фарҳанг табдил дода мешавад. Ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки барои азнавсозии бино бо тарҳи замонавӣ лоиҳаҳоро пешниҳод намоянд.
Инчунин зимни сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони корхонаи нави бандубасти мева дар шаҳри Конибодом дидан намуд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, барои коркарди чормағзи заминӣ ва зардолу пешбинӣ шудааст ва 50 нафарро бо кор таъмин хоҳад кард.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»