22 октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои аъзои СААД мулоқот намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода иштироки онҳоро ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД — «Ҳамкорӣ — 2021» намунаи возеҳи мониторинги парламентии вазъи низомӣ-сиёсии минтақа арзёбӣ карда, гуфт, ки ҳадафи тамринҳо нишон додани омодагии неруҳои СААД барои вокуниш ба таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
- Бинобар рушди номусоиди рӯйдодҳо, вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилоти асосии амният дар минтақа табдил ёфтааст. Мусаллам аст, ки вазъи ин кишвар бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Зеро афзоиши минбаъдаи ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад ба мушкилоти нав дар минтақаи масъулияти СААД боис гардад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки бояд кӯшишҳоро то ҳадди имкон ба эҷоди камарбанди боэътимоди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар минтақаи масъулияти СААД равона созем.
Зикр гардид, ки рушди вазъ дар Афғонистон зарурати фаврии муттаҳид кардани талошҳои кишварҳои аъзои СААД-ро дар муқобили чолишҳо ва таҳдидҳои амниятие, ки аз он кишвар сар мезананд, ба миён овардааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон