Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Туркманистон

№46 (3192) 08.05.2014

CSC_0093

Панҷуми майи соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, ҳамчунин ҳамкориҳои парлумонӣ ва вазъи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров аз номи Маҷлиси намояндагон ташрифи меҳмони олиқадрро самимона хайра мақдам гуфта, аз ҷумла чунин изҳор намуд: «Ташрифи Шумо, муҳтарам Президент, барои таърихи навини муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон воқеаи хотирмон мебошад ва ба рушди босубот, дӯстию бародарии устувори халқҳоямон мусоидат мекунад. Муносибати дӯстонаи Шумо бо Президенти ҷумҳурии мо, ташрифу мулоқот ва вохӯриҳои дуҷонибаатон, бешак, омили эътимодбахш ва мусоидаткунанда барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда ба шумор меравад. Дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расидани санадҳои нав зимни ташрифи Шумо шаҳодати он аст. Аъзои парламенти Тоҷикистон ба ривоҷи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо Туркманистон аҳамияти калон медиҳанд. Боиси хурсандист, ки дӯстии мо дар баробари рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон, тавофуқи мавқеъҳоямон дар масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дар дастгирии тарафайни ташаббусҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҷассум меёбад. Мо бояд равобити байнипарлумониамонро ривоҷ бахшида, ба сатҳи нав барорем. Мо бо ҳамтоёни худ аз парламенти Туркманистон ба ин кор сахт камар бастаем. Умедворем, ки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар ин росто бисёр корҳоро ба сомон мерасонанд. Хусусан, дар самти таҳкими заминаи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои байнидавлатӣ, расонидани ёрии парламентӣ ба талошҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар бобати иҷрои шартномаю созишномаҳои имзошуда, масъалаҳои вусъат бахшидани равобити фарҳангии халқҳоямон  аз ҷумлаи ҳамкориҳои аввалиндараҷаи байнипарламентӣ маҳсуб меёбад, зеро решаи равобити адабӣ, эҷодии халқҳои мо аз қаъри таърих сарчашма мегирад. Асарҳои Махтумқулӣ, Бердӣ Карбобоев ба забонҳои тоҷикӣ ва асарҳои классикони мо ба забони туркманӣ тарҷума шуда, муҷиби табъи болидаи халқҳоямон гардидаанд. Халқҳоро фарҳанг қарини ҳам мегардонад. Бинобар ин, мо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистонро бесаброна интизорем».

Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов қаноатмандии худро аз натиҷаи сафараш ба кишвари мо изҳор дошта, зикр намуд, ки соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ натиҷа ва самараи талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва парламенти ин кишвар мебошад.

Гурбонгули Бердимуҳаммедов ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон арзи сипос намуда, роҷеъ ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ ибрози назар намуд.

Меҳмони олиқадр ҳамзамон иброз намуд, ки барои ду миллати бо ҳам дӯсту бародар ҳоло фурсати хубе барои анҷоми фаъолиятҳои иқтисодӣ фаро расидааст. Сармоягузорони ду кишвар метавонанд аз тарҳҳои муштарак истифода намуда, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳояшон саҳм гузоранд.

Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов ҳамчунин роҷеъ ба санадҳои нави баимзорасидаи байни ду кишвар ибрози назар намуда, гуфт, ки «ҷоннок намудани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон — Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб қарор дорад. Ҳамчунин мувофиқи созишномаҳои имзошуда сохтмони бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»- и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст. Дар суҳбат ҳамчунин ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, сайёҳӣ, барномаҳои ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016, соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон, Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ибрози қаноатмандӣ карда, бар зарурати густариши ҳар чӣ бештари ин равобит таъкид карданд. Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Туркманистон ташриф оварад. Ин даъват бо самимият пазируфта шуд.

Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Олимҷон Салимзода, Сафаралӣ Раҷабов, Лутфулло Саидмуродов ва Амир Катаев иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ