Ҳоли табоҳи ду муассисаи таълимӣ дар Ховалинг

№135 (4397) 02.11.2021

20211012_101601Биноҳои таъмирталаб, компютерҳои корношояму фарсуда ва набудани толори варзишии замонавӣ аз мушкилотест, ки солҳо боз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Ҳабиб Сафарови ноҳияи Ховалингро нигарон кардааст.

Муассиса ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Берун ва дохили он дар ҳолати ҳузнангез қарор дошта, долон ва дохили синфхонаҳои таълимӣ, умуман, таъмири ҷориро надидаанд. Сабаб дар чист?

Хостем бобати мушкилоти ҷойдошта бо директори муассиса Зарҳалбӣ Кабирова суҳбат намоем. Мутаассифона, ӯро дар ҷойи кораш пайдо накардем ва ба зангҳои телефонӣ ҳам ҷавоб надод.

Муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Сайвалӣ Шарифов изҳор дошт, ки муассиса аз соли 1983 фаъолият дошта, боре ҳам рӯйи таъмирро надидааст. Сармуҳосиби он Каримхон Зуҳуров гуфт, ки соли ҷорӣ барои таъмири мактаб аз буҷети маҳаллӣ 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид, ки бо он чор синфхонаро таъмир кардему халос.

Муассиса аз 25 синфхонаи таълимӣ иборат буда, 580 хонандаи он дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 42 омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.

Номбурда зикр кард, ки аз вазъи таълимгоҳ ҳама огаҳанд. Борҳо ба шуъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия барои таъмири мактаб муроҷиат кардаанд, аммо натиҷа набахшид. Толори варзишии муассиса низ ҳоли табоҳ дошта, ба таъмир ниёз дорад.

Мушкилоти дигаре, ки солҳо боз хонандагон ба он мувоҷеҳанд, надоштани компютерҳои замонавӣ аст. Аз 15 компютери муассиса танҳо 5 — тоаш фаъол асту боқӣ дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Далер Раҳматов ҳангоми суҳбат гуфт, ки компютерҳои мактаб куҳнаю фарсудаанд.

Аз ҳама таассуфовар он аст, ки муассиса аз маркази ноҳия дар масофаи 600 метр ҷойгир аст. Аммо масъулон ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, пайи ислоҳи камбудӣ намешаванд.

20211012_144131Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Худоёр Раҷабови ноҳия низ дар ҳолати бад қарор дошта, беруни бинояш каме ранг карда шуда, дохили он фарсуда аст.

Муовини директор оид ба таълим Сафархон Исматов афзуд, ки муассиса аз  соли 1988 фаъолият менамояд.

- Аз фаъолиятам ба ҳайси муовини директор 16 сол пур мешавад, — гуфт ӯ ва қайд кард: — Боре надидаам, ки мактаб таъмири пурра шуда бошад. Барои ин маблағи калон лозим аст. Дар мактаб 889 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, бино аз се ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад.

Алҳол дар мактаб 37 омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд. Вазъи компютеркунонӣ дар он низ ҳоли ногувор дорад. Ғайр аз 5 компютер боқӣ корношояманд.

Доир ба мушкилоти ҷой­дошта хостем бо мудири шуъбаи мао­рифи ноҳия Муҳаммадназар Амирсаидов суҳбат намоем. Мутаассифона, ӯро дар ҷойи кораш пайдо накардем. Вале зимни суҳбати сарироҳӣ гуфт: «Аз ҳоли мактабҳои зиркшуда ҳама огаҳанд. Барои таъмири онҳо маблағи калон лозим аст, ки алҳол онро надорем. Дар нақшаи навсозӣ гузошта шудаанд. Дар сурати пайдо шудани сарпараст пурра аз таъмир бароварда мешаванд».

То ба кай бемасъулиятию хунукназарӣ нисбат ба муассисаҳои таълимии ноҳия идома меёфта бошад? Магар вақти он нарасидааст, ки масъулони ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбир андешанд?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»