Давомнокии умр дар Тоҷикистон 75,1 солро ташкил медиҳад

№135 (4397) 02.11.2021

photo_2021-10-29_15-41-01Дар ин бора муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни конференсияи байналмилалии илмию амалӣ перомуни «Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 27 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ» баргузор гардид, маълумот дод.

Зикр шуд, ки раванди пиршавии демографӣ тайи даҳсолаи охир хусусияти умумиинсонӣ пайдо карда, ба тағйирёбии сохтори аҳолӣ дар рӯи замин боис гардид ва дар кишварҳои ҷаҳон мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд овард. Тибқи маълумоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, дар асри ХХ давомнокии умри аҳолии ҷаҳон 20 сол афзоиш ёфта, интизор меравад, ки то соли 2050-ум то 10 соли дигар зиёд шавад ва беш аз 2 миллиард нафар пиронсол дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Натиҷаи ин раванд он хоҳад буд, ки бори аввал дар таърихи инсоният шумораи пиронсолон (аҳолии аз 60-сола боло) ба шумораи одамони синни 15-сола баробар хоҳад шуд.

- Нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳонро коршиносони СММ «инқилоби ором» меноманд, ки оқибатҳои фарогир ва пешгӯинашаванда дорад. Бо дарназардошти суръати пиршавии аҳолӣ дар ҷаҳон ва мушкилоти ҷиддии бамиёномада соли 2002 «Нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба пиршавӣ» таҳия ва ба сарони давлатҳои аъзои СММ пешниҳод шуд. Мутобиқи қарори қабулгардида, кишварҳои аъзои СММ бояд тибқи муқаррароти нақшаи мазкур ҳар 5 сол дар бораи кор бо ашхоси солхӯрда гузориш пешниҳод кунанд, — гуфт муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва афзуд, — Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равандҳои пиршавии аҳолӣ истисно набуда, оқибатҳои «инқилоби ором» ба мо низ таъсир хоҳанд расонид. Бинобар ин, пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки бо афзоиши давомнокии умр алоқаманд аст, далели собит аст, ки борҳо дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст. Бори аввал маълумот дар бораи пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба парлумони кишвар солҳои 2013 ва 2015 зикр шуд, ки дар он давомнокии миёнаи умри аҳолӣ аз 68,2 сол дар соли 2000-ум то 72,5 сол дар соли 2011 афзоиш ёфтааст. Соли 2015 давомнокии миёнаи умр ба 74,3 сол расид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5 сол зиёд аст. Зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 қайд гардид, ки давомнокии миёнаи умр нисбат ба соли 2000 ба 75 сол баробар буда, дар ин давра 6,6 сол афзоиш ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи одамони синнашон аз 60-сола боло беш аз 11,5 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод.

Дар ин раванд масъалаҳои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони пиронсол, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш муҳимияти хоса пайдо намуда, бояд дар радифи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода шаванд.

Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, аз ҷумла хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо, муайян намудани роҳҳо ва усулҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои афзалиятноки давлат, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» муайян шудаанд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Бино ба гуфти Ғафур Муҳсинзода, пиршавии аҳолии курраи замин ва мутаносибан андешидани чораҳои таъминкунандаи кафолатҳои иҷтимоии пиронсолон яке аз эҳтиёҷот ба зиёд намудани захираҳои молиявӣ, тандурустӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Барои пиронсолон дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маблағи зиёд ва захираҳои тандурустию иҷтимоӣ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, бо мақсади дар тамоми давраи ҳаёт расонидани хизматҳои тиббию иҷтимоӣ бояд шаклҳои нави хизматрасонӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ мебошанд, дарёфт карда шаванд.

- Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади татбиқи «Нақшаи байналмиллалии амалҳо оид ба масъалаҳои пиршавӣ» бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» бахши геронтология таъсис ёфта, ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дас­турҳои методӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ шурӯъ намудааст.

Қобили зикр аст, ки дар мамлакат беш аз 500 ҳазор нафар пиронсолон зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 6 дарсади шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод шахсони аз 80 — сола боло зиёда аз 56 000 нафар мебошанд, ки 11,2 фоизи шумораи умумии пиронсолонро ташкил намудаанд. Шахсони солими 60-69-сола 20,1, 70- сола ва аз он боло 16 дарсадро ташкил медиҳанд ва ин категория ба хизматрасонии тиббӣ, тиббӣ-психологӣ ва иҷтимоӣ — тиббӣ бештар эҳтиёҷ доранд.

Давомнокии умр то 1 январи соли 2020 — ум 75,1 сол буда, барои мардон — 73,5 ва барои занон 76,8 солро ташкил додааст. Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 фоиз зиёд буда, 76,1 сол, аз ҷумла барои мардон — 74,6 ва барои занон 77,7 солро ташкил медиҳад. Ин равандро метавон бо боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тадриҷан афзоиш ёфтани имконоти молиявӣ ва моддӣ алоқаманд донист, — изҳор дошт Ғафур Муҳсинзода.

Дар анҷоми конфронс ҳунармандони куҳансол барномаи консертӣ нишон доданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»