27 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони масъул гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи «Барномаи ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ» бо ҳамкории шарикони рушд дар назди Беморхонаи клиникии вилоят ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Муассиса сеошёна буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст, барои гузаронидани аксар навъи амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васл гардидааст, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар Маркази перинаталӣ, ки 90 кати хоб дорад, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ба кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин, беш аз 10 нафар бонуи қаблан бе шуғли ҳамчун гурӯҳҳои ёрирасон фаъолияткунанда ба кор ҷалб шуданд.
Дар Маркази перинаталӣ таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, асбобҳои ҷарроҳии эндовидеоӣ, беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, барои ҳифзи солимии модару кӯдак аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст, васлу насб гардидааст.
Инчунин, дар марказ нуқтаи тамизгардонӣ мавҷуд аст, ки таҷҳизотҳои тиббӣ баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ пурра безарар карда мешаванд.
Дар ошхонаи марказ барои беморон, хусусан ба модарон пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуди фарзанд, ғизои парҳезӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Барои хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба модару кӯдак ду адад воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии сайёр муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.
Илова бар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталӣ автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби хусусии инноватсионӣ»-ро ба истифода доданд.
Он аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои кор барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълимаш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар мактаб 300 хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шуда, шароити муосир барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд ва раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст. Синфхонаҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаи компютерӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, омодагии дифои ҳарбӣ имкон медиҳанд, ки хонандагон бо истифода аз шароити мусоид таҳсил намоянд.
Ба иттилои масъулон, дар муассиса барои таълиму тарбияи хонандагон беш аз 50 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки 30 нафари онҳо омӯзгори соҳибтахассус мебошанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассиса нуқтаи тиббӣ сохта шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалия муҷаҳҳаз мебошад.
Барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ дар ошёнаи панҷуми бинои муассиса толори маҷлис бо 70 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Синфхона, ҳуҷра ва роҳравҳои муассиса дар фасли сармо бо шабакаи худӣ гарм карда мешаванд. Қобили таъкид аст, ки барои таъмини хонандагони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар ошёнаҳои 5 ва 6-уми муассисаи таълимӣ барои 160 нафар хобгоҳ муҳайё шудааст. Дар таҳхонаи бинои таълимӣ ошхона бо 100 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Инчунин, дар саҳни муассисаи таълимӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар саҳни муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа, боғчаи кӯдакон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир сохта мешавад.
Дар шаҳри Бохтар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро ифтитоҳ намуданд.
Он дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии «Синохидро Тоҷикистон» бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ бунёд шуда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диаман-К» ва «Сарҳадсоз» дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.
Бинои мактаб сеошёна буда, дорои 32 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва ҳуҷраҳои кор барои омӯзгорон мебошад. Синфхонаҳои химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технологияи нав ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардида, се озмоишгоҳ низ амал мекунад.
Мактаб, ҳамчунин, дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхона барои 100 нафар, маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ мебошад.
Буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда низ дар муассиса ба истифода дода шудааст, ки мавсими сармо синфхонаҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акобир»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб се миллион сомонӣ сохта шуда, асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол мекунад.
Дар маҷмӯъ, иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, хоса ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим буда, ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
Раванди истеҳсоли мебел дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ пурра дар дохили корхона сурат мегирад.
Аз рӯи иттилои роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акобир», мебелҳои истеҳсолшуда аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавобгӯи стандартҳои замон мебошанд.
Зимнан, дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракати Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар майдони қариб як гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анваршоҳ Шодмонзода бунёд шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли мебел зикр шуд, ки тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ, маҳсулоти коргоҳ аз лиҳози навъ ва сифат ба стандартҳои замон ҷавобгӯ мебошад.
Вобаста ба фармоиш ва талаботи бозор дар коргоҳи навбунёд зиёда аз 30 номгӯи мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ истеҳсол мешавад. Дастгоҳу таҷҳизоти замонавии мебелсозӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шудааст.
Сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракати Истиқлол» низ ба таври замонавӣ сохта шуда, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маҳсулоти ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар он, ки аз 5 қисм иборат аст, имкони захира намудани 1500 тонна сабзавоту мева ва 100 тонна гӯшт мавҷуд мебошад.
Дар он дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, насб гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар намудани теъдоди сардхонаҳо дар шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд. Зеро вилояти Хатлон аз минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот ба фаъолияти кишоварзони он вобаста аст.
Соҳибкори маҳаллӣ Анваршоҳ Шодмонзода иқдом гирифтааст, ки оянда дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли обҳои рангаи ташнагишикан бунёд намояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муолиҷавӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббӣ муҳайёст. Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва босифат сохтани дандон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 15 таҷҳизоти нав харидорӣ шудааст.
Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, барои табибон имкони созгори фаъолият ташкил гардид, ки бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази стоматологӣ 50 нафар табиб, бахусус кадрҳои ҷавон, бештар аз ҳисоби занон, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои нави Маркази тибби Хатлонро ифтитоҳ намуданд, ки ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби оилаи Назаровҳо сохта шудааст.
Тибқи лоиҳа, бинои Маркази тибби Хатлон аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо сифати баланди меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардида, шуъбаҳои он бо таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ таъминанд. Барои муолиҷа ва табобати беморон шароити мусоид муҳайё шудааст.
Дар ошёнаи якум шуъбаи дармонгоҳӣ иборат аз ҳуҷраи табибони ҷарроҳ, урология, қалб, стоматология, эндовидеоскопӣ, сабти барқии дил, ултрасадо ва ғайра ҷойгир мебошанд, ки барои сари вақт муоина ва табобат кардан пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, дар беморхона, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоии қалб, ҳуҷраи қабул, гиёҳдармонӣ, озмоишгоҳи клиникиву биохимиявӣ, осебшинос, ҳуҷраи хатна, китобхона барои бозомӯзии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва шунавандагони шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, коллеҷҳои тиббӣ ва донишҷӯёни факултети биохимияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамоянд, ки яке аз дастовардҳои навини маркази навбунёд ба шумор мераванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат буда, дар як рӯз имкони қабули беш аз 60 беморро дорад.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва беморони амрози даруна, ошхона, ҳуҷраҳои табибон, бастубанд ва доругузаронӣ фаъолият менамоянд.
Толори маҷлисгоҳи замонавӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ҳамчун заминаи илмию клиникӣ мавҷуд мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи кормандон истифода мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бинои «Гурӯҳи Тоҷикобод»-и Шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бинои навбунёд аз се ошёна ва 5 ҳуҷраи кор иборат буда, дар он барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва 2 хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Леваканд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки сеошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии духтарон, ошхона, толори варзиш, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар замин бунёд гардида, имкон медиҳад, ки 640 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Дар иншооти навбунёд 50 омӯзгор ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассиса кормандони соҳаи илму маорифро барои дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ масъулият ҳис кунанд.
27 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиё»-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.
Муассиса 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шуд. Бо гузашти солҳо зарурати таъмир ва навсозии он ба миён омад.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани иншоот ва муҳайё сохтани шароити созгори касбомӯзӣ тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ оғоз гашта, дар муддати кӯтоҳ даромадгоҳи муассиса, се бинои таълимии дуошёна, бинои дуошёнаи маҷлисгоҳ ва толори варзиш ободу зебо гардонида шуд.
Дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, ки аз се бинои чорошёна иборат буда, барои 426 хонанда пешбинӣ шудааст, корҳои созандагӣ идома дорад.
Корҳои сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бонангу номус бе ҷалби маблағҳои буҷет анҷом дода шудааст.
Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд. Солҳои пеш омӯзишгоҳ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассиса ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсоли маводи кимиёвиро омода менамуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисёбии он, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гурӯҳи рақами 10 бо ихтисоси «Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика» таҳсил карда, онро бомуваффақият хатм намудаанд.
Айни замон шумораи толибилмони омӯзишгоҳ 278 нафарро ташкил намуда, 44 омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба онҳо таълим медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиё»-и шаҳри Леваканд, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд, ки дар масоҳати 1,55 гектар замин бунёд шуда, аз 7 ошёна иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд таъсис дода шудааст.
Ҷараёни таълиму тарбия дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро, тибқи лоиҳа, бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти «Ваҳдат» -и шаҳри Левакандро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Соҳибов Фатҳулло бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои шоиставу бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат сохта шуда, дар он 25 ҷойи кор муҳайё гардид.
Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар замин таъсис ёфта, аз масоҳати умумии он дар 20 гектар замин ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва дар 12 гектар истироҳатгоҳ бунёд гардидааст.
Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳаткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Соҳибов Фатҳулло, ки ҳамеша барои ободии диёр талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
28 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва сокинони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии варзишгоҳ 8,64 гектар заминро ташкил дода, масоҳати зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаи он сабзазор шудааст.
Дар варзишгоҳ 4 сутунпояи калон ва дар атрофи он 30 сутунпояи чароғ насб гардидааст.
Ҳамчунин, дар атрофи варзишгоҳ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи нозир, доварон, ҳуҷраи техникӣ, либосивазкунӣ ва мураббиён бо шароити мусоид бунёд гардидааст.
Инчунин, барои тамрини ҷавонону варзишгарон, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ имконоти васеъ фароҳам аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он — 14 ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст. Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он кабудизор шудааст.
Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, фаввораи зебо бунёд гардидааст.
Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, масоҳати умумиаш 3 гектар заминро ташкил медиҳад.
Дар боғ атраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва таршедҳо барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.
Боғ дар масоҳати 6500 метри мураббаъ кабудизор гардида, ҳамчунин, навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудааст.
Дар маҷмӯъ, боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди азнавсозӣ ба мавзеи зебою назаррабо табдил ёфта, дар он барои сайругашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам аст.
Қасри боҳашамати фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатпеша навсозӣ шудааст, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Навсозии Қасри фарҳанг соли 2020 оғоз гардида, зиёда аз 40 нафарро ба кори муваққатӣ фаро гирифт.
Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои китобхона бо 8 ҳуҷра, мактаби мусиқии бачагона дорои 7 синфхона, толори консертӣ барои зиёда аз 300 ҷойи нишаст, толори рақс, 10 утоқи корӣ барои кормандон ва ҷойи нигоҳдории либос мебошад.
Дар фонди китобхона 24 ҳазор нусха адабиёти бадеиву соҳавӣ ва бачагона мавҷуд буда, дар он барои дӯстдорони каломи бадеъ шароити мусоид муҳайёст.
Дар осорхона нигораҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки муаррифгари гузаштаи пурифтихори мардуми тамаддунофари тоҷик аст.
Маҷлисгоҳ бо зиёда аз 40 ҷойи нишаст низ барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити мусоид дорад.
Саҳн ва роҳравҳои иншоот дар масоҳати 1800 метри мураббаъ навсозӣ гардида, ҷиҳати назаррабо нигоҳ доштани ҳудуди иншоот 1200 метри мураббаъ бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан сабзу хуррам шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити кор дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баҳои баланд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 7 утоқи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳи иншоот, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 60 ҷойи нишаст мебошад. Дар заминаи ба истифода додани иншоот барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ шароити мусоиди кор фароҳам омад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо зикри он ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо сарфи беш аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 0,10 гектар замин бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро дар давоми ду сол Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун-Д» бо ҷалби зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ анҷом дод. Зимни иҷрои корҳо талаботи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шуда, иншоот бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ бунёд гардид.
Бино дорои 9 утоқи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад.
Барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 3 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои рӯзгор бо ҳама шароит таъсис дода шудааст. Маҷлисгоҳи бино дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои босифат бунёд намудани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имкониятҳо ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ» шинос шуданд.
Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 11,48 гектарро ташкил менамоянд, ки аз он 10,32 гектар заминҳои обӣ мебошанд. Дар 3,50 гектар замини хоҷагӣ дарахтони бисёрсола буда, дар 3,50 гектари дигар анорбоғ бунёд шудааст.
Соли 2020 аҳли заҳмати хоҷагӣ наздики 20 тонна анор ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими ҷорӣ нақша доранд, ки бо гирифтани ҳосили баланд самараи дастранҷро афзоиш диҳанд. Ҳамчунин, аъзои хоҷагӣ бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот бо ғунҷоиши 10 тонна сардхона бунёд кардаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро аз назар гузарониданд.
Ноҳияи Дӯстӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо амалисозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми назаррас дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки тайи нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 812 миллиону 619 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд.Соли 2021 дар ноҳия 5080 гектар ғалладонагӣ, 314 гектар картошка, 1833 гектар сабзавот ва 1370 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Дар давраи зикршуда дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 30 ҳазору 384 тонна ғалладонагӣ, 5209 тонна картошка, 68 ҳазору 492 тонна сабзавот, 57 ҳазору 125 тонна полезӣ, 5352 тонна мевагӣ ва 3080 тонна ангур истеҳсол шуд, ки дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, майдони умумии замини ноҳияи Дӯстӣ 123 ҳазору 619 гектарро ташкил медиҳад, ки 14 ҳазору 227 гектараш замини корам аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хоҷагии деҳқонии «Кӯҳи сурх» ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.
Он аз соли 2010, баробари дигар бахшҳо, ҳамчунин, ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти онро ба 13 гектар расонидааст.
Тибқи таҷриба, ҳар сол хоҷагидорон аз ҳар гектар замин то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ва имсол, дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи биринҷ ҷамъоварӣ намоянд. Айни замон дарави шолӣ бо ҷалби техникаи муосири соҳавӣ ва 60 нафар сокини маҳаллӣ бомаром идома дорад ва аллакай 90 фоизи шолӣ даравида шудааст. Хоҷагӣ имсол ду навъи биринҷ «Ҷашнвора» ва «Сурхи мӯякдор» — ро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз он аҳли заҳмат дар 13 гектар ғалла корида, аз ҳар гектар бештар аз 40 — сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳия имсол майдони кишти шолӣ наздик ба 150 гектарро ташкил дод. Майдони умумии кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ имсол 791 гектарро дар бар гирифт, ки нисбат ба соли гузашта бештар мебошад.
Ғайр аз шолипарварӣ, ҳамчунин, Хоҷагии деҳқонии «Кӯҳи сурх» ба парвариши гандум, пахта, маккаи тухмӣ, полезӣ ва сабзавот машғул мебошад. Хоҷагӣ, дар маҷмӯъ, 84 гектар заминро дар ихтиёр дошта, 60 гектари он барои парвариши пахта истифода мегардад. Айни замон ҷамъоварии пахта низ дар хоҷагӣ бомаром идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин васила, дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат саҳм гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар шаҳраки Балхии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявиро ифтитоҳ намуданд.
Он ба ифтихори 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи эълони солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.
Дар бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, инчунин китобхонаи марказӣ, идораи бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» бо матбаа ҷой дода шудааст.
Осорхонаи ноҳиявӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир буда, дар рафҳои намоишӣ бештар аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксари нигораҳо аз ҳар гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт шуда, давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик аз асри VI пеш аз мелод то замони навро дар бар мегиранд. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки ба асри VI-VII то мелод мансуб аст, василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.
Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар бинои осорхонаи нав ба маъраз гузошта шудааст, ки муаррифгари таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норавшани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо осорхона зикр шуд, ки ҳудуди ҳозираи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисмати муҳими Роҳи бузурги абрешим тавассути он то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст. Дар умум, ҳар як меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ошноӣ пайдо намояд.
Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудааст, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили «Китоби Сурх», кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллати тоҷик мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар як нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.
28 октябри соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ» бунёд гардид.
Нахуст ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ» муаррифӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 5 миллиону 975 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ карда шудааст.
Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки бо саъю талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии маркази маъмурии ноҳия ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.
Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 4 километр қубурҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобонидани қубурҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ анҷом дода шудааст.
Бунёду сохтмони қубури асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷудаю обанбор, барқарорсозии истгоҳи нассосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи канализатсионӣ дар шаҳраки Балх ва харидориву насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи лоиҳаи «Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ» иҷро гардиданд.
Сохтмони ташхисгоҳ, бинои нассосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва корезӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз зумраи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.
Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.
Бунёди биноҳои ёрирасони корхона низ дар чаҳорчӯбаи амалишавии ҳамин тарҳ бо сифати хуб анҷом ёфтааст. Инчунин, дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 нафар сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Бо анҷом расидани лоиҳа шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ятимон дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 ятим сарулибоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим шуд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароити фароҳамшударо самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир, донистани забонҳои гуногун ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.
Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагиашон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ва илмомӯзӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок карданд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам маслиҳати муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соли ҷорӣ, дар бахшҳои кишоварзии ноҳия пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шуда, истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, полезиҳо, пилла ва ширу тухм афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумот, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар намоиш меваҳои шаҳдбор, сабзавоту полезӣ, асал, зироати хӯроки чорво низ ба маъраз гузошта шуд. Зикр гардид, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 791 гектар замин кишти барвақтии зироатҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 46 гектар зиёд мебошад.
Тибқи натиҷагирӣ, аз моҳи январ то моҳи сентябр, аз хоҷагиҳои ноҳия 81 ҳазору 385 тонна сабзавот, 39 ҳазору 319 тонна полезӣ, 11 ҳазору 483 тонна мевагӣ ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли асал ба 38 тонна баробар гардид.
Аҳли заҳмат рушди соҳаи кишоварзиро натиҷаи амалишавии саривақтии барномаҳои давлатӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва фароҳам овардани имтиёзҳои соҳавӣ арзёбӣ намуданд.
Дар чорабинӣ бонувони ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карда, хӯрокҳои гуногуни миллӣ, навъҳои нон, кулчақандҳои болаззат ва ҳар гуна кашидадӯзиву гулдӯзиҳоро ба маъраз гузоштанд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ кишоварзону ҳанармандон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории пайваста, дастгирии ҳунармандон ва эҳёи оину суннатҳои бостонӣ, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми ҷашни Меҳргон, изҳори миннатдорӣ карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан идома дода истодаанд.
Зикр шуд, ки дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду навсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот, то ба ҳол корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншооту биноҳо, яъне, 513 иншоот аз нақша зиёд ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи он ба истифода супорида шудаанд. Нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, махсусан, ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки барои ободу пешрафта гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят софдилона заҳмат кашида истодаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди вилоят корҳои созандагиро минбаъд низ идома медиҳанд ва ба хотири муҳайё кардани ҷойҳои нави кор ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии ҳамдиёрон бештар саъю талоши мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тақвият бахшида, сифати корҳо дар иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳоро назорат намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳоро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоя, махсусан, сармояи мустақим, тақвият бахшанд.
Зимни таҳлили соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати вилоят мунтазам тараққӣ карда, ҳоло шумораи корхонаҳои соҳа ба 631 расонида шудааст. Танҳо 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави кор тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Зикр гардид, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба роҳу нақлиёт ҳоло дар вилоят 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо солҳои наздиктарин 219 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 25 пул бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳар чӣ пурраву самаранок истифода кардани имкониятҳои фароҳамгардида роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута барои ташкили марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, анборҳои нигоҳдориву сардхонаҳо ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади истифодаи ҳар чӣ бештари иқтидори бузурги гидроэнергетикии вилояти Хатлон дар вилоят ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 — киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд карда шуданд. Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии қариб 9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои далхдор корҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки неруи барқ ва кам кардани талафоти он вусъат бахшанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳар чӣ зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи кофии хӯроки чорво, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, як гурӯҳ сокинони вилоят баромад карда, барои рушду пешрафти босуботи кишвар, таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму касбомӯзӣ ба Пешвои миллат миннатдорӣ баён намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳ Саидмуҳриддин Сайфов бунёд ёфта, барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттилоотӣ, математика, забонҳои русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Барои бунёди мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи он низ бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст. Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ сохта шудааст.
Китобхонаи мактаб низ барҳаво сохта шуда, фонди умумии китобҳои он 13 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 10 ҳазору 500 ададаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда асарҳоро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.
29 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору фаъолияти кормандон шинос шуданд. Иншооти дуошёна дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дилафрӯз»-и шаҳри Душанбе ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.
Он аз 6 ҳуҷраи кор, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифро ба истифода доданд, ки ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо харҷи беш аз 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарзин-7» бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Масоҳати умумии замини иншоот 1493 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинои чорошёна аз 33 ҳуҷраи кор, толори васеи технологии пайваст бо шабакаи интернет, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ бо 75 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар ошёнаҳои 3-юм ва 4 — уми он Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷойгир шудаанд. Ҳуҷраҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Китобхонаи шуъбаи маориф дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, қариб 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиик бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои дуошёна бо харҷи беш аз 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз 21 ҳуҷраи кору хизматрасонӣ, маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, толори компютерии пайваст бо шабакаи интернет бо 44 ҷой, ду толори китобхона, 4 ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Иншооти замонавӣ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити бино Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2018 бо ҷалби бинокорону мутахассисони маҳаллӣ оғоз ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо гирандагони стипендияи президентӣ дар толори барҳавои марказ ба истифода додани бинои замонавиро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе — Бохтар» — ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки «Б» гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки осиёии рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар бунёди он 400 нафар корманду мутахассиси тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ иштирок намуданд.
Мутобиқи нақша, дар рафти таҷдид ва навсозӣ аз ду самти ҳаракат сохтмони 4 пул, 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамчунин, дар минтақаҳои аҳолинишин ва гардишгоҳҳо аз ду шафати роҳ беш аз 500 ҷароғаки равшанидиҳанда бо истифодаи энергияи офтобӣ насб гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа, бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, нуқтаҳои хизматрасонӣ — хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал, татбиқи банди алоҳида аз ҳисоби «Фонди энергияи тоза» ба нақша гирифта шуда, тибқи он, насби нассосҳои обкашӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, хобонидани қубурҳои обгузар ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани шаш маҳали аҳолинишин, бо барқ таъмин намудани бунгоҳи тиббӣ ва бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва равшаннамоии нақби «Озодӣ» низ амалӣ карда мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби марҳилаи якум таҷдиду навсозии роҳи қитъаи бозори «Корвон» бо дарозии қариб 2 километр ба анҷом расонида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе – Бохтар» бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 октябри соли 2017 оғоз гардида, дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи «Душанбе – Бохтар» яке аз се қисми асосии лоиҳаи навсозии шоҳроҳ ба ҳисоб рафта, аз километри 33 то километри 73 — юмро дар бар мегирад ва пурра аз ҳудуди се деҳоти ноҳияи Хуросон мегузарад.
Дарозии умумии он 35 километру 575 метрро дар бар гирифта, паҳноиаш аз 23 то 27 метрро ташкил дода, бо 4 хатти ҳаракати 3,5 — метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо дастури бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 роҳандозӣ гардида, корҳои сохтмону навсозии он ҳамон сол шурӯъ шуд.
Арзиши лоиҳавии корҳо 56 миллион доллари америкоиро дар бар гирифта, корҳои лоиҳаро 18 машваратчӣ ва 211 нафар коргари маҳаллӣ анҷом доданд. Инчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа, дар маҷмӯъ, 112 техника сафарбар гардид.
Дар масири шоҳроҳ бо дарозии 15 ҳазору 725 метр роҳи пиёдагард ва бо дарозии 762 ҳазору 800 метр новаҳои обрав бунёд шуда, дар маҳалҳои аҳолинишин, гардишгоҳҳо ва болои пулҳо 710 сутунчароғ бо дарозии 6 ҳазору 672 метр насб гардид.
Дар ин марҳилаи роҳ, дар маҷмӯъ, 9 пул, аз ҷумла 8 пул навсозӣ ва 1 пули дигар таъмир гардидааст.
Илова бар ин, бо мақсади бартарафкунии монеаҳо ва тезонидани корҳои таҷдид дар масири шоҳроҳ 6 ҳазору 200 метр хатти баландшиддати барқ ва 33 ҳазору 700 метр хатти алоқа кӯчонида шуда, 45 қубури обгузар бо дарозии 1 ҳазору 546 метр васл карда шуд.
Дар 6 қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаҳои хоҷагидорӣ бунёд ёфта, дар 93 қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати роҳу нақлиёт 817 аломати ишоравии роҳ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар гардидааст.
Бо мақсади аз харобшавӣ эмин нигоҳ доштани роҳ ба дарозии 16 ҳазор метр корҳои насби новаҳои обпарто аз ду канори роҳ анҷом ёфтааст.
Ба масоҳати беш аз 125 ҳазор метри мураббаъ анҷом додани корҳои сабзазоркунӣ ва шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз аз ҷумлаи корҳои дигари ба итмомрасида маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, бунёди деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ дар 13 қитъа бо дарозии 1 ҳазору 200 метр анҷом дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз роҳи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз фаъолияти масъулин ва дигар мутахассисони варзида изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ду марҳилаи роҳи «Душанбе – Бохтар» зиёда аз 75 километр роҳ, 1 ҳазору 170 метр кӯпрук, 24 ҳазору 752 метр пиёдароҳро ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар ду марҳилаи роҳи «Душанбе – Бохтар» дар ҳамон ҷо бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми роҳи автомобилгард шинос гардиданд.
Марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар гирифта, дар он бунёди 2 пули нав, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, дар тӯли 4 километр насби чароғҳои равшанидиҳанда, сохтмони пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил медиҳад, ки кумаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа боз ҳам беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қисми шоҳроҳи «Душанбе – Бохтар» тавассути таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди «Қизилқалъа – Бохтар» ва мусоидат намудан ба рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи лоиҳа корҳои васеъ кардани ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз 2 самти ҳаракат ба 4 қатор расонида мешавад.
Аз рӯи маълумоти масъулин, дар рафти сохтмони марҳилаи сеюми роҳ 100 нафар мутахассиси ватанӣ 20 мутахассиси хориҷӣ, 50 техникаи пуриқтидори соҳавӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи нақша, роҳ то соли 2024 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа рафтуомади бемамониати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт таъмин мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи сохташаванда ба масъулин ва дигар сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳат дода, таъкид намуданд, ки роҳ тавре бояд сохта шавад, ки солҳо ба мардум хизмат расонад.
Роҳи автомобилгарди «Душанбе – Бохтар» дар доираи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 5 ва 6 ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат кори зиёдро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор дода, аз болои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Он дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Маҳмуд Бобоев бо санъати баланд омода гардидааст. Баландии муҷассама 9,65 метрро дар бар мегирад.
Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар назди он фаввора сохта шудааст.
Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни он зебоии дигар зам гардид.
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Шоҳона» — и шаҳри Душанбе мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии деҳоти «Фахробод»-ро ба истифода супориданд.
Он дуошёна буда, аз 11 ҳуҷраи кор, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои кор бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, барои фаъолияти кормандон имкони созгор муҳайё гардидааст.
Корҳои сохтмони бинои маъмурии деҳоти «Фахробод» соли 2018 оғоз гашта, он дар масоҳати 420 метри мураббаъ дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020» бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Фармоишгар ва маблағгузори бинои маъмурии деҳоти «Фахробод» Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рамзансохтмон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиккомунпроект» анҷом дода шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар бинои маъмурии деҳоти «Фахробод» баҳои баланд дода, кормандонро барои тақвият бахшидани фаъолият ва содиқона иҷро намудани масъулияти бардӯшдошта вазифадор намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шоира Зулқайнарова, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс, ҷоизадори Чемпионати Осиё (2015-2021), Чемпиони Осиё дар байни донишҷӯён (2016), ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон дар байни донишҷӯён (2014), ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон (2015, 2016, 2018, 2019), дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015, 2021) ва Чемпиони 8-каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари давлат омаданд, суҳбати гарму самимӣ ороста, таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд. Ба ҷавонони варзишгари тоҷик аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Комёбиҳои варзишгари баруманди ноҳияи Хуросон Шоира Зулқайнарова аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон ба варзиш оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии фермерии «Асадулло» дар ноҳияи Хуросон аз қитъаи боғи нави дорои ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.
Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар хоҷагӣ соли 2018 дар майдони наздики 36 гектар замин ташкил гардидааст. Ниҳолу дарахтони он аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шуда, аз 36 гектар дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад. 14 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Хоҷагии фермерии «Асадулло» дар деҳоти «Фахробод» аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст. Дар хоҷагӣ дар шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.
Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар он парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ ба роҳ монда шудааст.
Баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят карданд.
Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии фермерии «Асадулло»- ро, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардида буд, аз назар гузарониданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони хоҷагии фермерии «Асадулло» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.
www.president.tj