Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар назди ҳокимияти сиёсӣ танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бештар нигаронида шуданд (ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Чунин ҳолат замина ва сабабҳои муайяни таърихӣ дошт, ки яке аз онҳо нооромӣ дар кишвар буд. Айни замон қонунҳо бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, таъмини фазои иттилоотии миллӣ ва ғайра равона шудаанд.
Бояд гуфт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории мамлакат асос гузошт. Он нахустин Конститутсияи кишвар дар даврони соҳибихтиёрӣ аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (1994) қабул шуд. Ва ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ муқаррар намудааст, ки санадҳои меъёрии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия қабул карда шаванд. Ин муқаррарот имконият фароҳам овард, ки қонунгузории амалкунанда бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таҷдиди назар карда шавад. Ҳамчунин, рушди қонунгузорӣ дар шароити ҳозира нишон медиҳад, ки Конститутсия барҳақ, оғози муваффақиятҳо дар масири давлатдории миллӣ буда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми бузург дорад.
Тибқи моддаи 7-уми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир буда, он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳаҳо иборат мебошад.
Дар асоси боби 6-уми Конститутсия, ҳокимияти маҳаллӣ бо ду низом — иҷроия ва намояндагӣ таъсис дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз навъҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо буда, он дар ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Мутобиқи Конститутсия, мақомоти маҳаллии давлатӣ вазифадоранд, ки иҷрои якхела ва дақиқи Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои якҷояи онҳо, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллӣ дар моддаҳои 76, 77, 78, 79, 80-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муайян шуда, амалӣ намудани фаъолияти он ба принсипҳои қонуният, ошкоро, демократӣ, масъулият дар назди аҳолӣ, мустақилият дар ҳалли масъалаҳо вобаста аз салоҳият, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дастаҷамъӣ ва яккасарварӣ такя менамояд.
Яке аз шохаҳои ҳокимияти маҳаллӣ мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ба ҳисоб рафта, дар низоми мақомоти намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойи махсусро доро мебошад, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пас дар маҳалҳо Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр ба ҳисоб меравад.
Яке аз хусусияти мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо он аст, ки тибқи интихобот, ба муҳлати 5 сол, бо дарназардошти принсипҳои қонуният, озодӣ, баробарӣ, умумӣ, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Дар асоси моддаи 7-уми Конститутсия, ки он таркиби воҳидҳои марзиву маъмуриро муқаррар кардааст, сохтори мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зайл ҷудо карда мешавад:
- Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он
- Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он
- Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он
- Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва маҷлисҳои вакилони ноҳияҳои он
- Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия мақоми интихобӣ буда, аз ҷониби интихобкунандагон бо роҳи интихоботи озод, бо риояи талаботҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда шуда, ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, нажодӣ ва мансубияти миллӣ, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб карданро доранд.
Яке аз аломатҳои ҳокимияти халқӣ ҳамчун асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун шакли баамалбарории ҳокимияти ба халқ тааллуқдошта эътироф гардидааст. Иштирок дар идоракунии корҳои давлат ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон буда, онҳо метавонанд, танҳо бо шаклҳои муқаррарнамудаи Конститутсия дар он ширкат варзанд.
Ҳуқуқ ба худидоракунии маҳаллӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Қонунгузор муқаррар намудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд, дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок намоянд.
Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ғайр аз ҳолатҳои дар қонунгузорӣ нишондодашуда, манъ аст.
Даврони истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Зеро қисми 3-и моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналхалқиро қисми таркибии қонунгузории миллӣ эътироф намудааст. Ҳамчунин, саҳми Конститутсия дар мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ назаррас мебошад.
Конститутсия барои халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ баромад намуда, самтҳои тараққиёти ҳокимияти маҳаллиро мушаххас гардонидааст.
Аз ин нуктаи назар дастовардҳое, ки тайи 27 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлат гардидааст, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми кишвар Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмилалӣ ба назар мегиранд.
Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни давлатдории миллии тоҷикон ва кафолатдиҳандаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, танзими фаъолияти мунтазами мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад.
Ғайрат АЗИЗЗОДА,
Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
Муҳаммад ШОДИЁН,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон