Қабули эътимоднома аз сафирони навтаъин

№136 (4398) 04.11.2021

3 ноябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал — Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳис­тон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дип­ломатиашон дар маснади пуршарафу сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси сиёсати «дарҳои кушода» тавонист мақому манзалатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Дар ин зимн Тоҷикистон бо дои­раи васеи кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба роҳандозӣ намуда, рушди минбаъдаи онҳоро ба таври фаъол пеш мебарад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, ҷумҳуриҳои Чехия, Лаҳистон, Эстония ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони навтаъиншуда бо иҷрои рисолати ­сермасъул саъю талошҳои пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди давлатҳо бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни омилҳои амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад, андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳи гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.

Буҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боис ба ташаннуҷи авзо дар минтақа гардидааст. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст имкониятҳои васеи логис­тикиро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздик пешниҳод намояд.

Пешвои миллат чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашавандаро низ ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба оқибатҳои манфии бемории COVID-19, таъсири буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз — тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи «сабз», истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ андешаронӣ карданд.

www.president.tj