Чанде пеш дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт» баргузор гардид.
Ректори донишкада Ашӯрбой Солиев мақсади баргузории конференсияро «такмил додани муносибатҳои молиявию иқтисодӣ ва самаранок ба роҳ мондани идоракунии молияи давлатӣ» арзёбӣ намуд. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Донишкадаи молия ва иқтисод бо ин амал мехоҳад дар ҷалби сармояи хориҷӣ, мукаммал гардонидани низоми андозбандӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва пешгирии омилҳои берунии таъсири манфидошта ба иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас гузорад.
Дар оғози конференсия муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён, намояндагони Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ташкил ва баргузории чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»