Картошка яке аз зироатҳои асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад. Бинобар серистеъмол будан онро «нони дуюм» меноманд. Зеро дар ҷаҳон аз он қариб 200 навъи хӯрок тайёр мекунанд. Инчунин, хусусияти зиёди табобатӣ низ дорад. Бинобар дар таркибаш фаровон будани калий, он барои фаъолияти муътадили системаи дилу рагҳои хунгард, асабу бофтаҳо ва нигоҳ доштани миқдори зарурии оби бадан муфид аст. Шарбати картошкаи хомро барои бемориҳои камхунӣ, қабзият (сахтшавии дарун) ва ғадуди гулӯ истифода мебаранд. Оби картошкаи ҷӯшонда ба бемориҳои роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ ва зуком даво мебахшад. Дар лӯндаҳои картошка 75 — 80 дарсад об, 14 — 22 дарсад оҳар (крахмал), то 3 дарсад сафеда, 0,2 — 0,3 дарсад равған, витаминҳои А, С ва гурӯҳи В мавҷуд аст.
Дар замони шӯравӣ қисми зиёди картошкаро ба кишвар аз Федератсияи Россия меоварданд. Пас аз соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи дубора азхудкунии заминҳои ноҳияҳои кӯҳистон ва кам кардани майдони кишти пахта дар ҷумҳурӣ картошкапарварӣ авҷ гирифт.
Барои картошкапарварӣ, алалхусус, иқлими ноҳияҳои кӯҳии мамлакат, ба монанди Лахш, Нуробод, Рашт, Деваштич, Шаҳристон, Ишкошим ва Кӯҳистони Мастчоҳ мусоид аст.
Мувофиқи нишондоди тиббӣ, як нафар бояд соле 90 — 110 кило картошка истеъмол намояд. Аз рӯи ин нишондод, соле дар мамлакат бояд 800 000 тонна картошка барои истеъмол ва беш аз 100 000 тонна картошкаи тухмӣ истеҳсол шавад.
Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, ҳар сол олимону деҳқонон бояд камаш 7000 тонна тухмии элитавӣ истеҳсол намуда, ба дигар деҳқонони тавлидкунандаи репродуксияҳои якум, дуюм ва сеюм пешкаш намоянд. Дар он сурат имкон аст ҳар сол бештар аз 100 ҳазор тонна тухмии картошкаро дар дохили мамлакат истеҳсол намуда, аз вобастагии харидани тухмӣ аз дигар кишварҳо халос шавем.
Соли равон бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба гурӯҳе аз деҳқонони ноҳияҳои Нуробод, Лахш ва Кӯҳистони Мастчоҳ тухмии картошкаи навъи пешпазаки «Ред скарлет» тақсим шуд. Тавре мутахассиси ФАО оид ба кишоварзӣ Маъруф Маҳкамов иброз дошт, баҳори соли равон ба деҳқонони деҳоти «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 20 тонна тухмии картошкаи навъи мазкур ройгон тақсим гардид. Дар давраи нашъунамо семинар ё «Рӯзҳои саҳроӣ» ташкил намуда, деҳқонон аз ҷониби мутахассисон бо тарзи нигоҳубини навъи барои ҷумҳурӣ нави картошка ошно шуданд.
Сокини деҳаи Мадрушкати деҳоти зикршуда Абдусалом Шарифов зимни суҳбат иброз намуд, ки моҳи майи соли равон бо мусоидати ФАО 500 кило тухмии навъи голландии «Ред скарлет»- ро ройгон дастрас намуда, дар 0,1 гектар кишт намуд. Ҳосили ҷамъоварда 4 тоннаро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, дар 4 гектар замин картошкаи навъи «Ред скарлет» киштгардида, 120 тонна тухмӣ захира шуд.
- Мувофиқи шартнома, аз ҳосили ҷамъоварда як тоннаашро бо мақсади зиёд кардани тухмӣ ба хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад Олим» супурдем. Навъи мазкур пешпазак буда, аз кишт то ҷамъоварӣ 75 — 80 рӯзро дар бар мегирад. Ба ин навъи картошка таваҷҷуҳи деҳқонони вилояти Хатлону водии Ҳисор зиёд аст. Зеро замин зуд аз ҳосили аввал холӣ шуда, барои барвақт киштани зироати такрорӣ, монанди ҷуворимакка, офтобпараст, помидор, сабзӣ, карам ва ғайра имкон фароҳам меояд. Яъне, деҳқон то фарорасии мавсими сармо ҳосили кишти такрориро бе талаф ҷамъ меорад, — мегӯяд омӯзгор ва агрономи собиқадор Абдусалом Шарифов.
Сокини дигари деҳаи Мадрушкат Мурод Фозилов иброз дошт, ки деҳқонон картошкаи навъи «Ред cкарлет» — ро бо тавсияи олимон нисбатан зичтар кишт намуданд. Зеро ҳангоми дуртар шинонидани он лӯндаи картошка нисбатан калон шуда, миқдори тухмӣ кам мешавад. Дар ин замина ҳосилнокии ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 500 сентнер зиёд шуд.
Мутахассиси ФАО оид ба рушди кооперативҳо дар ноҳияи Шаҳристон Темур Мақсудҷонов мегӯяд, ки замини деҳаи Мадрушкат ба замини сиёҳхоки кишвари Краснодари Федератсияи Россия шабоҳат дошта, барои картошкапарварӣ хеле мусоид аст.
- Соли равон ба деҳқонони чор деҳаи деҳоти «Лангар» — Мадрушкат, Истошон, Ярм ва Худгифи Эшонҳо 20 тонна тухмии навъи «Ред скарлет» тақсим намудем. Пас аз ҷамъоварии ҳосил 40 тонна тухмӣ захира шуд. Оянда онро ба дигар деҳқонон тақсим намуда, миқдорашро бештар мекунем, — афзуд Темур Мақсудҷонов.
Раиси хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад Олим» Мирзо Олимов гуфт, ки дар шароити ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кишти навъҳои миёнапазу дерпаз афзалият дорад. Зеро ҳангоми барвақт ҷамъоварӣ кардани картошкаи пешпазак нигоҳ доштани он дар фасли зимистон душвор мешавад.
- Фарз кардем, агар картошкаи пешпазакро нимаи дуюми моҳи апрел ё аввали моҳи май кишт кунем, он аллакай дар нимаи дуюми моҳи июл мепазад. Нигоҳ доштани навъи пешпазак дар тобистон душвор аст, — мегӯяд Мирзо Олимов.
Ӯ, инчунин, иброз дошт, ки 20 тонна картошкаи навъи «Ред скарлет» соли равон ба 39 деҳқони хоҷагӣ барои кишт ройгон тақсим шуд. Онҳо уҳдадор шуданд, ки тухмии ройгон гирифтаашонро дучанд бармегардонанд. Аз ин рӯ, ҳоло дар хоҷагӣ 40 тонна тухмии навъи пешпазак захира шудааст. Картошкаи навъи «Ред скарлет» дар шароити ноҳия аз як гектар то 600 — 700 сентнер ҳосил дод. Деҳқонон аз навъҳои миёнапазу дерпазак, ба монанди «Биг Роза», «Пикассо», «Луза» аз ин ҳам бештар ҳосил мегиранд.
Ба гуфти Қурбоналӣ Партоев, дуруст ба роҳ мондани системаи киштгардони зироатҳо боиси афзоиши ҳосилнокии картошка мегардад.
- Бояд дар ҳар қитъа баъди 4 соли киштгардон кишти картошка ба роҳ монда шавад. Аз зироатҳои пешкиштшаванда махсусан, лӯбиёгиҳо, ғалла, донагиҳо ва зироатҳои полезӣ барои нест гаштани зараррасонҳо, махсусан нематодаҳо ёрии калон мерасонанд, — гуфт номбурда.
Тавре Абдусалом Шарифов иброз дошт, ӯ ва ҳамдеҳагонаш бо мақсади киштгардон дар қитъаи 2-3 сол картошка киштшуда гандум, ҷав, юнучқа ва ё эспарсет (барои хӯроки чорво) мекоранд.
- Ҳангоми шинонидани картошка дар масофаи 50 см — 1 метр боқило (як навъ зироати лӯбиёӣ) кишт мекунем. Дар баробари гирифтани ҳосили картошкаю боқило, инчунин, дар решаи боқило нитрогени биологӣ ҷамъ шуда, замин боқувват мешавад. Баъди ғундоштани ҳосил, албатта, як миқдор элементҳои барои нашъунамои зироатҳо зарурӣ дар хок кам мегарданд. Бо мақсади пурра намудани макро ва микроэлементҳои талафёфта зимистон пеш аз шудгор ва ё баҳорон пеш аз кишт ба замин пору мерезем, — илова кард Абдусалом Шарифов.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ камзамин буда, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он самаранок истифода бурдани замин хеле зарур аст. Ба андешаи мо, агар нимаи аввали моҳи апрел картошкаи навъи «Ред скарлет» кишта, ҳосили онро моҳи июл ҷамъоварӣ намуда, фавран дар замини холишуда, тухми офтобпарасти тезпазаки 90 — рӯза коранд, метавонанд нимаи аввали октябр ҳосили онро ғундоранд.
Ба гуфти агроном Маъруф Маҳкамов, ҳоло дар ҷумҳурӣ навъҳои туркии офтобпарасти тезпазак мавҷуд аст, ки равғани зиёд медиҳад. Дар сурати васеъ ба роҳ мондани кишти картошкаи навъи «Ред скарлет» деҳқонони ноҳияи Айнӣ низ метавонанд ҳосилро барвақт ҷамъоварӣ карда, ба замин пору, хокистар резанд ва офтобпараст ё ҷуворимаккаи кӯчатшударо кишт намоянд. Яъне, дар шароити кӯҳистон низ гирифтани ду ҳосил имконпазир мешавад. Ғайр аз офтобпарасту кӯчати ҷуворимакка, инчунин, мош, лӯбиё ва кунҷидро ҳамчун зироати дуюм киштан мумкин аст. Дар баробари гирифтани дону хошок ва ҳезум (пояи офтобпараст), инчунин, зироатҳои такрорӣ метавонанд барои ривоҷи занбӯриасалпарварӣ мусоидат намоянд.
Деҳқони собиқадори деҳаи Мадрушкат Валимуҳаммад Тошов иброз дошт, ки сокинон асосан картошкаро дар таҳхона — сардхонаҳои табиӣ нигоҳ медоранд. Агар зимистон сербарфу муътадил ояд, картошка сифаташро гум намекунад. Аммо агар Худо накарда, ҳаво хушку ниҳоят сард шавад, хавфи сармо задани қисме аз ҳосил пеш меояд.
Ба гуфти Мирзо Олимов, ғайр аз сармои шадид, инчунин, кирми тирамоҳӣ, гамбуски колорадоӣ ба симкирмак низ ба картошкапарварон хатар эҷод мекунанд. Гамбуски колорадоиро, агар кам бошад, дастӣ чида, нест кардан мумкин аст, вале ҳангоми якбора зиёд шудани он коркарди химиявӣ гузаронидан лозим меояд, ки барои деҳқон хароҷоти зиёдатист.
- Хуб мешуд, ки ягон ташкилот ё соҳибкорон дар ноҳия 2-3 агромағоза мекушоданд. Дар он сурат мушкили мардум осон мешуд, — гуфт Мирзо Олимов.
Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, деҳқонон аз ҳамкории ФАО ва JICA дар хусуси таъмини тухмии картошкаи навъи пешпазаки «Ред скарлет» қаноатманданд. Ривоҷ додани чунин ҳамкориҳо боис ба самаранок истифода бурдани замин ва фаровонии маҳсулоти озуқа дар кишвар хоҳад шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»