Омодагӣ

Боздиди Сарвазир аз сохтмонҳои ҷашнӣ

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Чанде пеш Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо  ҷараёни кор дар сохтмонҳои  ҷашнӣ  ба  ифтихори 3000-солагии  Ҳисор шинос шуд.

Боздид аз маҳалли сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки  барои 20 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст,  оғоз ёфт. Сипас,  Сарвазири  мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар мактаби президентӣ барои 640 нафар хонанда, китобхонаю  осорхонаи  ноҳиявӣ, азнавсозии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии  Қалъаи Ҳисор, Қасри фарҳанг шинос шуд. Иншооти мазкур дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида истодааст, ки мувофиқи нақша соли 2015 бояд ба истифода дода шавад.

Тавре муовини роҳбари гурӯҳи сохтмонҳои ҷашнии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Мирзошариф Ҳикматов иттилоъ дод,  вазъи кор дар сохтмони варзишгоҳ ва мактаби президентӣ нисбатан беҳтар гардида, дар муҳлатҳои  муқарраргардида ба сомон хоҳад расид. Роҳбарияти  ноҳия ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои  иҷрои сари вақт ва босифати корҳои сохтмонӣ, таъмини иншоот бо об ва  барқи доимӣ, таҳияи лоиҳаи корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва  истифодаи мақсадноки маблағҳои барои сохтмон ҷудогардида, вазифадор шуданд.

Таваҷҷуҳи масъулин ба масъалаи ободонии гирду атрофи мамнӯъгоҳ ва дар асоси тавсияи олимону муҳаққиқони бостоншинос ба роҳ мондани азнавсозии дохили қалъа  ҷалб гардид. Баъди анҷоми боздид дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор таҳти  раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  фаъолон ва соҳибкорони ноҳия ширкат варзиданд.  Тавре  таъкид гардид, то таҷлили ин санаи  таърихӣ  фурсати на чандон зиёд монда,  зарурати тақвият бахшидани корҳои дар ин самт пешбинишуда ба миён омадааст. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи сазовор истиқбол намудани ин ҷашн  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, роҳбарияти ноҳия, ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки муносибатро  ба ҷараёни корҳои сохтмонию ободонии ноҳияи Ҳисор ҷиддитар карда,  дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта масъулиятшинос бошанд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»