Аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз

№140 (4402) 16.11.2021

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки бо мақсади барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд, роҳи оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндаи некро кушод. Дар он роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Зимни нахустбаромад Сарвари давлат гуфтанд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Дарвоқеъ, суханронии Президенти кишвар ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ояндаи нек бештар намуд.

Минбаъд намояндагони халқ ва ҳам роҳбарони сохторҳои тозаинтихоб таҳти роҳбарии он кас барномаи мукаммали раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия сохтанд. Ин иқдоми бузург таҳкурсии эҳёи миллиро фароҳам овард. Вакилони иҷлосия он замон як қатор қонуну қарорҳое қабул карданд, ки онҳо асоси ба даст овардани ризояти миллӣ ва ба ҳам омадани қувваҳои солими ҷомеа гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои дигар ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд» қабул гардиданд, ки ҳамчун иқдомҳои роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ барои расидан ба оштии миллӣ буд. Ин амалҳо бешак сулҳи деринтизори тоҷиконро тезонд.

Бояд ёдовар шуд, ки қарорҳои иҷлосия барои пешрафти кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ низ аҳамияти хоса доштанд. Иҷлосия роҳҳои ҳамкории судмандро бо мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ кушод. Ба он мусоидат кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба ҳайси ҷузъи ҷудонопазир эътироф кунад ва дар раванди пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, раҳоӣ аз буҳрони амиқи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию маънавӣ самаранок ҳамкорӣ кунад.

Аҳли ҷаҳон дар рӯзҳои баргузории иҷлосия ба воқеаҳои дар ҷумҳурӣ рухдиҳанда таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Дар барқияи Муншии умумии вақти СММ Бутрос Ғолӣ ба унвони иҷлосия чунин зикр шуда буд: «Мамлакатҳои аъзои СММ бо диққати том ба кори шумо менигаранд. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз шумо масъулияти таърихиатонро дарк карда, ба пош хӯрдани Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи СММ мебошад, роҳ намедиҳед ва минбаъд низ ба Оинномаи СММ ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ мемонед. Муншии умумии СММ ва аъзои Шӯрои амният омодаанд ба шумо ёрӣ расонанд ва Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд, то ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои худ ба сӯи демократия, озодӣ, адолат ва ноил шудан ба дастовардҳои илмию фарҳангии олам роҳ кушод».

Он шабу рӯзҳо масъалаи муҳим ҳам дар сиёсати дохилию ҳам хориҷии кишвар ба ҷои муқимӣ баргардонидани гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани манзилу маскани харобгардидаи онҳо ва фурӯ нишондани оташи ҷанги бародаркуш буд. Дар ҳалли ин масъала роҳбари навинтихоби ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ даъват ба амал овард. Дар натиҷа, аз соли 1993 бозгашти шаҳрвандон ба ҷойҳои зисти доимиашон, алалхусус, аз Афғонистон шурӯъ шуда, ду сол идома ёфт.

Роҳи душвори расидан ба сулҳу оштиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20 — солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин ёдовар шуданд: «Вазъият аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи халқам бовар доштам. Ва ҳамеша ба неруи солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи тоҷик такя менамудам. Имрӯз аз ин минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем…».

Чун он давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ собитқадаманд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, давоми 18 рӯз 30 масъалаи аҳамияти таърихию байналмилалидош­таро мавриди баррасӣ қарор дода, 90 қарор ва ҳуҷҷат қабул кард. Дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорат қабул гардид.

Барои бомуваффақият баргузор гардидани иҷлосияи тақдирсози миллат зиёда аз 500 нафар (вакилони мардумӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, меҳмонони хориҷӣ, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони ташкилотҳои ҳифзи қудратӣ ва дигарон) софдилона хизмат намуданд. Ғайр аз ин, барои муҳофизати рафти иҷлосия ҳизматчиёни ҳарбии мамлакатҳои ИДМ ва Россия иштирок карданд.

Хуллас, иҷлосия дар мус­таҳкам намудани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми бориз гузошт. Аз ин рӯ, хуҷҷатҳои қабулнамудаи он ҳеҷ гоҳ куҳна намешаванд, баръакс бо мурури замон ва гузашти таърих онҳо бештар қадр пайдо мекунанд, сазовори омӯзишу баррасӣ, лоиқи тадқиқоти илмӣ — оммавӣ мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманд дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандона дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардум бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардиданд. Ҳамаи ин натиҷаи интихоби дурусти вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аст.

Сафар ЭРКАЕВ,

дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров,

иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон