24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ баробари дигар масъалаҳои ҳассос масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба баррасии вакилон пешниҳод ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.
Пешвои миллат дар иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ аввалин шуда, ба Парчам — нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузоштанд ва дарвоқеъ, қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқ мазмуну мундариҷаи нав бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд, ки дар он Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 24 ноябр ва ҳамчун ид ҷашн гирифтани он пешбинӣ гардид. Он 19 ноябри соли 2009 қабул гардид ва аз ҳамон вақт ҳар сол дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, яке аз нишонаҳои соҳибдавлату соҳибтамаддун будани миллат парчам аст, ки таърихи кӯҳан дорад. Нахустин парчами миллӣ пешдомани чармини Коваи оҳангар буд, ки онро ба нӯги найза баста, ҳамроҳи мардуми адолатхоҳ бар зидди Заҳҳоки морон бархост. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш он манзараро ба тариқи зайл баён кардааст:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар саринайза кард,
Ҳамон гоҳ зи бозор бархост гард.
Он парчами адолатхоҳӣ, ки рамзи раҳоӣ аз зулму истибдоди душман буд, бо номи «Дирафши Ковиён» машҳур гардид. Шоҳони минбаъдаи ориёӣ, ки ба сари тахт меомаданд, ба «Дирафши Ковиён» арҷ гузошта, онро ҳамчун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ, ғолиб омадани равшанӣ бар зулмот эътироф намуданд.
«Дирафши Ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, баёнгари роҳи минбаъдаи халқи тоҷик баҳри зиндагиии арзанда ба шумор меравад.
Пешвои миллат рамзҳои дар Парчами давлатӣ мавҷудбударо соли 2009 дар нахустин ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ чунин баён карданд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд».
Соли 2011 дар канори рости Қасри миллат манораи Парчами давлатии Тоҷикистон қомат афрохт, ки баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бараш 30 метрро ташкил дода, вазнаш ба 420 килограмм мерасад. Он то 23 сентябри соли 2014 ҳамчун баландтарин парчами дунё дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид.
Парчами давлатӣ миллатро ба олам муаррифӣ намуда, дар шинохти Тоҷикистон нақши калон гузошт. Он мардумро ба муттаҳидӣ, хештаншиносӣ, ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ даъват намуда, барои комёб шудан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба варзишгарон неру мебахшад.
Ин нуктаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён кардаанд: «Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.
Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад».
Дар ҳақиқат, шоҳиди он мешавем, ки зимни дар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ баланд шудани Парчами Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дастро рӯи дил гузошта, ашки шодӣ мерезанд. Ҳар яки моро низ дар чунин лаҳзаҳо ҳаяҷону ифтихор фаро мегирад. Инчунин, аз бисёр гӯшаҳои пойтахт вақте ки чашмамон ба Парчами давлатӣ меафтад, неруи гарми онро эҳсос мекунем.
Бигзор то абад Парчами давлатамон партавафшон бошаду мардум дар зери он муттаҳид шуда, ба сӯи созандагиву ояндаи дурахшон далерона қадам гузоранд. Ба гуфтаи шоир:
Парафшон Парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Файзулло ҚОСИМӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон