Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷо зеп Боррелл

№142 (4404) 23.11.2021

51697594046_1384fd8927_o22 ноябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба пешрафти Тоҷикистон ва минтақа минбаъд низ мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал, баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтугӯ дар бораи заминаи ҳуқуқии муносибатҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо имзои Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо зарур шумурда шуд. Ҳамчунин, дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикис­тон расонидани кумак дар рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат, инчунин, ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо аз раванди рушди устувори робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо қаноатмандӣ изҳор намуда, ба густариши масъалаҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар ин зимн тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо махсус таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикис­тону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, сохтмони роҳҳои мошингард, пул, хати интиқоли барқ ва бунёди иншооти дигар дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар таъкид гардид.

Зимни мулоқот дар доираи муколамаи сатҳи баланди амниятиву сиёсӣ оид ба нақши анҷумани иқтисодӣ, форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ табодули андеша сурат гирифт.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ густариш хоҳад ёфт.

www.president.tj