Мушовирони калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён ва Умриҷон Ҷураев 23 ноябри соли равон дар конференсияи минтақавии «Мушкилот ва имкониятҳо дар кори кумитаҳои бехатарӣ» аз тариқи фосилавӣ иштирок намуданд. Он бо ибтикори Консорсиуми шарикӣ барои сулҳ (PCPM) ва Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният (DCAF) барои машваратчиёни дастгоҳи парламентҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Кавкази Ҷанубӣ доир гардид.
Зимни баромад дар он муовини роҳбари Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анте Фритс, муовини директори иҷроияи Консорсиуми шарикӣ барои сулҳ Олаф Гарлич, мушовири собиқи Кумитаи дифои Бундестаги Олмон Юрген Шатз роҷеъ ба таърих, муваффақият ва мушкилоти кор маълумот дода, гуфтанд, ки мушовирони дастгоҳи парлумон ба кумитаҳо чӣ гуна кумак расонида метавонанд. Инчунин, доир ба саҳми мушовирони парлумон дар дастгирии кумитаҳо, тақсимоти меҳнат, вазифаҳо, муносибат бо роҳбарият ва аъзои кумита, муносибат бо шуъбаҳои парламент, муайян намудани душвориҳои умумӣ дар кори дастгоҳи парламент ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон