23 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиш баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи он Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки парчам барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихору ғурури миллӣ мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ гузошта, ҳар сол 24 ноябрро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил менамоянд.
- Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Беҳуда нест, ки ниёгонамон ҳазорсолаҳо таҳти парчам саф кашида, Ватану миллат, шараф, нангу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро сарбаландона ҳимоя кардаанд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки Парчами давлатӣ рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёр нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллат буда, ҳар як фарди кишварро вазифадор менамояд, ки ин рамзи муқаддаси миллиро эҳтиром намояд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — муҳтавои Истиқлолияти давлатӣ» сухан ронда, аз ҷумла, гуфт, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ тантанаи садоқату имондорӣ, арҷгузорӣ ба рамзи Истиқлолияти давлатӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои давлатдории ниёгон маҳсуб меёбад. Ҷашни имсолаи Парчами миллӣ идомаи тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Зеро маҳз аз лаҳзаҳои аввали Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамз ва тимсоли истиқлолият — савганд ба Парчами давлатӣ оғоз гардид.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавзӯи «Парчам — таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол» баромад намуда, иброз дошт, ки ливои бузурги миллат дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо назди бинои Созмони Милали Муттаҳид партавафшон аст. Ҳар боре ки назарамон ба Парчами давлатӣ меафтад, касро ҳиссиёти гуворо фаро мегирад. Зеро парчам ифтихор, нангу номус ва шарафмандӣ аст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ рамзи ватандорист» сухан ронда, гуфт, ки истиқлол ва озодӣ неъмати бебаҳову воло, рамзи асолату ҳувият ва бақои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кишвар соҳиби рамзҳои давлатӣ — Нишон, Парчам ва Суруди Миллӣ гардид.
Тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчами давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 таҳти №254 қабул шудааст, муқаррар мекунад.
24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар он рӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, сокинони мамлакат Рӯзи Парчами давлатиро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд, — гуфт Сарвиноз Маҷидзода.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён зимни маърӯза дар мавзӯи «Парчам рамзи иттиҳоду якдилист» ёдовар шуд, ки истилоҳи Парчам ҳамчун рамзи худшиносӣ, худогоҳӣ, ягонагӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ таърихи беш аз 3000 — сола дорад. Моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ, истиқлолият ва ғайра мебошад.
Тибқи маълумоти ахбору сарчашмаҳо, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шуда, оммаро ба иттиҳоду ҳамдилӣ раҳнамун сохтаанд. Дар китоби «Авасто» дар бораи парчамҳои ниёгон, хоса парчамҳои Бохтари қадим, маълумоти зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ маълумоти ҷолиб дар бораи парчам, ба истилоҳи дигар «дирафш» дода шудааст.
- Расо 12 сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, рамзи бахту саодат, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва хушрӯзиву пирӯзӣ бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллат аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад. Эҳтироми парчам арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллату давлат аст. Расидан ба қадри Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Бояд ба он муваффақ шавем, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди банангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд, — гуфт Файзулло Наҷмиддиниён.
Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ дар радифи Конститутсия, Суруди Миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти асосии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бояд онро мисли аҷдодони пуршараф ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат зери ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Самариддин Асозода,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ