Таъиноти кадрӣ

№143 (4405) 25.11.2021

51703930738_1b362f0aed_o25 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи ­иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот — суд, прокуратура, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси Суди ноҳияи Лахш ва судяҳои бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат, бинобар ба анҷом расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан, аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъулноктар таъин гардиданд.

Дар мақомоти прокуратура низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, прокуророни ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои ҷавони дорои маҳорати роҳбарӣ таъин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Бахтиёр Саидқул сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон — Зиғар», Амирзода Дилафрӯз Субҳон директори Муассисаи давлатии «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», Бахтовари Сайфулло директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» таъин гардиданд.

51704537540_8bce09655f_oЗимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ, таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди харидуфурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат, бо дарназардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир, пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусиро баланд бардоранд.

Ба роҳбарону ­масъулини сохторҳои зикр­шуда, ҳамчунин, оид ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забони хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

- Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед, — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

www.president.tj