Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоти байналмилалии GIZ GOPA маркази табъу нашр ба кори худ шурӯъ намуд. Барои ин марказ ба маблағи 73000 евро техника ва таҷҳизоти замонавӣ дастрас гардид. Дар ин ҷо нашри китобҳо, журналҳо, дастурамалҳо, лавҳаҳо ва дигар маҳсулоти чопӣ дар назар аст.
Зимни ифтитоҳи маркази мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндагони ташкилоти байналмилалии GIZ GOPA, кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар зерсохторҳои вазорат иштирок доштанд.
Дар ин бора ба хабарнигорамон котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамкориҳо бо ташкилоти байналмилалии GIZ GOPA «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон-компоненти таҳсилоти ибтидоии касбӣ» дар ду давр сурат гирифта, дар даври якум аз ҷониби лоиҳаи GIZ ба муассисаҳои пилотӣ ба маблағи 302 890 евро кумаки техникию методӣ расонида шудааст. Дар даври дуюм ба литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, литсейҳои касбии техникии рақами 36-уми шаҳри Панҷакент, рақами 31-уми шаҳри Хуҷанд, литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва маркази роҳнамои касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ ба маблағи 65212,9 евро таҷҳизот ва техникаи таълимӣ барои ихтисосҳои туризм, челонгар оид ба қисмҳои техникаи санитарӣ ва таъмиргари таҷҳизоти барқӣ харидорӣ гардид. Ҳамчунин литсейи касбии техникии рақами 66-уми шаҳри Душанбе, литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, литсейи касбии техникии рақами 10-уми шаҳри Исфара бо 96 номгӯй китобҳои дарсӣ, 107 аёнияти таълимӣ таъмин гардида, бо маркази иттилоотӣ ва шабакаи Интернет пайваст шуданд. Дар литсейи касбии техникии рақами 39-уми ноҳияи Тоҷикобод низ маркази иттилоотӣ бо пайваст намудан ба шабакаи Интернет таъсис ёфта, сехи махсус барои ихтисосҳои «Занбӯриасалпарвар» бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуд.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»