Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 34182 гектар кишти картошка гузаронида, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳамин тариқ то 24 ноябри соли ҷорӣ ҳосили майдони умумии 34182 гектари нақшавӣ пурра ҷамъоварӣ шуд.
Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 792844 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 153576 тонна зиёд аст. Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар ба 231,9 сентнерӣ расонида шуда, назар ба соли гузашта 26,1 сентнерӣ зиёд мебошад.
Кишоварзони вилояти Суғд, тибқи нақша, дар майдони 16548,4 га кишти картошка гузаронида, онро пурра ҷамъоварӣ намуда, 440236 тонна картошкаи хушсифат ба даст оварданд, ки назар соли қаблӣ 83646 тонна зиёд аст. Картошкапарварони вилоят имсол ҳосилнокиро ба 266 — сентнерӣ расониданд.
Соли равон хоҷагидорони вилояти Хатлон дар майдони 6091 гектар кишти картошка гузаронида, ҳосили хуб парварида, онро сари вақт ҷамъоварӣ намуданд. Деҳқонон 108352 тонна картошка гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта 52125 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 177,9 — сентнериро нишон медиҳад.
Деҳқонони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 10181,6 гектар кишти картошка гузаронида, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Картошкапарварон аз майдони умумии нақшавӣ 225552 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 17127 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 221,5 сентнер баробар гардид.
Кишоварзони ВМКБ имсол низ баробари дигар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 1361 гектар заминҳои киштшаванда картошка шинонида, аз майдони умумӣ 18704 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 678 тонна зиёд буда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 137,4 — сентнерӣ расониданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар ҷумҳурӣ майдони замини кишти картошка 3117 гектар зиёд шуда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои зиёд кардани кишти сабзавот он 1797 гекар кам гардид. Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ заминҳои аз кишт холишударо шудгор намуда, онро ба кишти соли оянда омода месозанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»